Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат ба хабарнигорон ҳушдор дод, ки "ҳақиқатро бигӯянд", вале нишастҳои ҳаррӯзаро рад кард. ВИДЕО


Шаҳри Хуҷанд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба хабарнигорон ҳушдор дод, ки барои паҳн кардани "маълумоти носанҷида дар бораи сирояти коронавирус" онҳоро ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ месупорад. Хабарнигорон мегӯянд, масъулон ба суолҳо саривақт посух намедиҳанд ва ин вазъ боис ба сарусадоҳо дар байни ҷомеа шудааст.

Мақомоти Вазорати тандурустӣ намунаи рӯшане наоварда, аз кори, ба гуфтаи онҳо, "ғайрикасбӣ"-и баъзе аз хабарнигорон танқид кардаанд. Онҳо мегӯянд, баъзе аз хабарнигорон ба ҷойи ором кардани мардум ва даъват ба риояи қоидаҳои беҳдорӣ, "...тухми нобоварӣ ба ҳукумат ва вазоратро кошта истодаанд".

Нигаронӣ ва таҳдиди вазорат дар ҳолест, ки дар ин авохир дар расонаву шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо дар бораи фавти мармузи сокинон дар пойтахт ва минтақаҳои кишвар аз илтиҳоби шуш зиёд шудааст.

Дар ҳоле ки масъулони Вазорати тандурустӣ ва ниҳодҳои дигари давлатӣ саривақт ба соулҳо посух намегӯянд ва вазъиятро шарҳ намедиҳанд, расонаҳо маҷбуранд, бештар ба манбаъҳои ғайрирасмӣ ва муътамади худ дар бемористонҳо такя кунанд.

Ба андешаи Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, саривақт гирифтани иттилои зарурӣ аз Вазорати тандурустӣ мушкил аст.

Ба пешниҳоди ҷомеаи журналистӣ барои ташкили нишастҳои ҳаррӯзаи хабарӣ дар робита ба вазъи феълӣ мансабдорон посухи рад додаанд.

"Ин ғайри қобили қабул аст. Ин бемасъулиятии афроде аст, ки дар Вазорати тандурустӣ дар бахши иттилоъ кор мекунанд. Фикр мекунам, дар шароити феълӣ пинҳон кардани маълумот ҷиноят аст. Мо ҳатто ба ҳамкоронамон дар Вазорати тандурустӣ пешниҳод кардем, ки таҷрибаи нишастҳои хабарии ҳаррӯзаро роҳандозӣ кунанд, то ҳар рӯз ба хабарнигорон маълумоти нав дода шавад", - мегӯяд Нуриддин Қаршибоев.

"Сирояти коронавирус набояд баҳона барои таъқиби расонаҳо бошад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00

Бархе аз хабарнигорон мегӯянд, аз охири моҳи март ба ин тараф тақрибан ҳар рӯз дар бораи марги ин ё он нафар аз пневмония дар гӯшаҳои кишварпаҳн мешавад, вазорат ҳанӯз нагуфтааст, ки дар ин муддат чӣ қадар беморони илтиҳоби шуш дар шифохонаҳо ҷойгир шуда, чӣ қадар фавтидаанд.

Бархе аз таҳлилгарон дар нашру паҳн шудани хабарҳои зидду нақиз ва ё тасдиқнашуда дар расонаҳо худи мақомотро гунаҳкор медонанд.

Таҳлилгари тоҷик, Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, агар хабарнигорон ҳам дар ин вазъ хомӯширо ихтиёр кунанд ва аз рӯйдодҳои ахир нагӯянд, пас, холигоҳи иттилоотиро дар воқеъ овозаҳои беасос ва хатарнок пур хоҳанд кард.

"Вуҷуди ихтилоф байни хабарнигорон ва Вазорати тандурустӣ, ба ин маънӣ аст, ки ҷомеа ба иттилои бештар ниёз дорад, на журналистон. Ҳатто ҳоло агар Озодӣ ва расонаҳои дигар нашри хабарҳоро дар ин мавзӯъ қатъ кунанд, вазъ бадтар хоҳад шуд. Зеро ҷойи онро сару садоҳои дигар мегирад, ки ба манфиати ҳукумат нест", - таъкид мекунад Парвиз Муллоҷонов.

Расман дар Тоҷикистон ягон мавриди сирояти сокинон ба коронавирус ошкор нашудааст. Мақомот мегӯянд, агар ягон ҳолати гирифторӣ ба вирус ошкор мешуд, ҳатман ин хабар аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ эълон мешуд.

Вале хабарҳои афзоянда аз фавти ин ё он шахс аз пневмония ё илтиҳоби шуш дар дили бисёриҳо шубҳаеро барангехтааст, ки то куҷо ин рӯйдодҳо ба вируси корона рабт доранд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз нақши намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон ҳам изҳори ноқаноатмандӣ карда, шаффофияти кори созмонро дар кишвар зери суол гузоштаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (16)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG