Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз марги омӯзгор хонандагони як литсейи Душанберо ҷавоб додаанд


Бинои литсейи рақами 1 дар Душанбе. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Баъди марги яке аз устодони литсейе дар шаҳри Душанбе беш аз 400 муҳассили ин муассисаи таълимиро ба хона ҷавоб дода, гуфтаанд, то дастури баъдӣ ба дарсҳо наоянд.

Хуршед Каримов, муаллими тарбияи ҷисмонӣ дар Литсейи рақами 1-и пойтахт баъди ду ҳафтаи беморӣ субҳи 22-юми апрел фавтидааст. Дар ҳамин рӯз, баъди эълони марги ӯ, дарсҳоро фавран қатъ карда ва ба волидони муҳассилин гуфтаанд, ки омада, фарзандонашонро баранд.

Яке аз муҳассилони литсей ба Радиои Озодӣ гуфт, "ба мо хабар доданд, ки муаллим Хуршед Каримов аз бемории шуш фавтид ва дарсҳоро қатъ карда гуфтанд, ба хона равед ва то замони эълони нав ба дарс барнагардед."

Мусоҳиби Радиои Озодӣ, ки бо иҷозаи волидайнаш бо Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, афзуд, ба сабаби эълони марги муаллим бачаҳо ба таҳлука афтоданд, "чун дар бораи коронавирус бисёр мешунаванд ва метарсанд, ки ба Тоҷикистон ҳам наомада бошад".

Яке аз омӯзгорони литсейи мазкур, ки нахост, номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, Хуршед Каримов, ду ҳафта пеш бо аломатҳои бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шуд ва ду ҳафтаи гузашта ба дарс намеомад. Айни замон ба омӯзгорони литсей гуфтаанд, "фардо рӯзи корист ва метавонанд, ба литсей биёянд."

Дар телефони боварии раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва вилоятҳо оид ба масъалаҳои коронавирус ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар литсей "ҳеч масъалаи мояи нигаронӣ нест, чун дар онҷо ягон нафар ба бемории коронавирус гирифтор нашудааст".

Асомиддин Бобоев, масъули Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар бораи марги Хуршед Каримов бояд Вазорати тандурустӣ хулоса барорад, аммо ба қавли ӯ, "ҳозир ҳар нафаре, ки мефавтад, ҳама фикр мекунанд, коронавирус аст, ё илтиҳоби шуш".

Айни замон ба қавли ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, "имрӯзҳо дар ҳамаи мактабҳои шаҳр корҳои дезинфексионӣ идома дорад ва аз рӯйи ҷадвал ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр поккорӣ мешаванд. Имрӯз ё фардо бояд корҳои дезинфексионӣ аз рӯйи нақша дар ин муассиса гузаронида шавад. Танҳо дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе 65 муассисаи таълимии шаҳр поккорӣ шуданд".

Яке аз хешовандони Хуршед Каримов гуфтааст, ҷасадашро ба хешовандонаш надодаанд ва дар кафани таршуда дар маҳлули хлор дафн кардаанд. Ба қавли ӯ, вазъи сиҳатии Хуршед Каримов ду рӯзи ахир бад шудааст ва ӯ хешовандонашро даъват карда, бо онҳо видоъ кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар кишвар ҳеч мавриди сирояти бемории КОВИД-19 сабт нашудааст, вале хабару гузоришҳои пайиҳам дар бораи фавти чандин нафар аз бемории илтиҳоби шуш, ки КОВИД-19 шабеҳи он аст, мояи ташвишу нигаронии мардум шудааст.

Бино ба гузориши Дафтари ҳамоҳангсози барномаҳои Созмони Милал дар Тоҷикистон то рӯзи 17-уми апрели имсол дар Тоҷикистон ҳеҷ мавриди сирояти КОВИД-19 сабт нашудааст. То ин рӯз дар кишвар 2262 озмоиши тиббӣ барои маълум кардани коронавируси нав анҷом шудааст, вале ҳамаи онҳо “манфӣ” будаанд.

Ба иттиллои дафтари Созмони Милал то рӯзи 17-уми апрел беш аз 1500 нафар дар Тоҷикистон таҳти муоинаи доимӣ ва карантин қарор доранд. Баръакси Тоҷикистон дар се кишвари ҳамсояи он Чин, Узбекистон ва Қирғизистон мавридҳои зиёди КОВИД-19 сабт шудааст ва аз ин сабаб шубҳаву гумон дар бораи онки вирус ба Тоҷикистон наомадааст, зиёд аст.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, яке аз муассисаҳои Созмони Милал моҳи марти имсол бо ирсоли як ёддошт ба номи Озода Раҳмон, раҳбари Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, азбаски КОВИД-19 ба ҳамаи кишварҳо таҳдид мекунад, хуб аст, агар дар кишвар меъёрҳои фосилагирии иҷтимоӣ, карантин ҷорӣ ва қотеона риоят шавад.

Дар ин ёддошт омадааст: "Кишварҳо метавонанд ба ғайр аз ин чораҳои дигар, ба мисли бастани мактабу донишгоҳҳо, кор аз хона, ба ҳадди аққал коҳиш додани нақлиёти ҷамъиятӣ”-ро баррасӣ намоянд. Дар Тоҷикистон ҳарчанд баъзе аз чорабиниҳои идонаву умумиро лағв карда, масҷидҳоро бастаанд, аммо мактабу корхонаҳо мисли маъмулӣ кор мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (39)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG