Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури пешини Эрон бо интиқоди дигарбора аз ниҳодҳои зери назари раҳбари Ҷумҳурии исломӣ, пешниҳодҳои матраҳшуда дар номааш ба Оятуллоҳ Хоманаиро "фурсатҳои охир" барои низоми Ҷумҳурии исломӣ донист.
Раиси ҷумҳури пешини Эрон дар мусоҳиба бо нашрияи "Баҳори ҷовидона" таъкид кардааст, ки раҳбар ва дигар мақомоти Ҷумҳурии исломӣ бояд дар бораи "корҳояшон ба мардум маълумот диҳанд" ва онҳоро қонеъ созанд.
Бархе аз тарафдорони Оятуллоҳ Хоманаӣ борҳо таъкид кардаанд, ки дар ҳукумати исломӣ "раъйи мардум ҳеҷ эътибори шаръӣ ва қонунӣ надорад."
Маҳмуди Аҳмадинажод дар посух ба суоле дар бораи амалишаванда будани пешниҳодҳои матраҳшуда дар номааш ба раҳбари Ҷумҳурии исломӣ гуфт, "ҳамааш амалишаванда аст, тақрибан роҳе ҷуз инҳо нест. Инҳо фурсатҳои ахир аст". Вай ҳамчунин мухолифони усулгарои худро муттаҳам кард, ки монеи амалӣ шудани ин пешниҳодҳои вай мешаванд.
Ба гузориши расонаҳои дигари эронӣ, оқои Аҳмадинажод ҳамчунин дар як суханронии дигар гуфтааст, "ҳушдор медиҳам сел дар роҳ аст. Даҳони моро бибандед, сел намеоянд?" Маҳмуди Аҳмадинажод дар ду нома, ки ба раҳбарии Ҷумҳурии исломӣ дар чанд моҳи пеш навишта буд, аз вазъияти кишвар интиқод намуда ва хостори ислоҳи сохтори бархе аз ниҳодҳо, аз ҷумла Шӯрои нигаҳбон ва Додгоҳи олӣ, таъйини вазифаи бархе ниҳодҳо, таъсиси Додгоҳи қонуни асосӣ ва хуруҷи нерӯҳои мусаллаҳ аз умури сиёсӣ ва фаъолиятҳои иқтисодӣ, шуда буд.
Маҳмуди Аҳмадинажод дар моҳҳои гузашта борҳо хостори барканории раиси Додгоҳи олӣ ва ислоҳоти сохторӣ дар ин ниҳод шуда ва таъкид карда буд, ки ин ниҳод "аз масири адолат хориҷ шудааст".
Раиси ҷумҳури пешини Эрон дар ин мусоҳиба дар посух ба гуфтаҳои бархе мақомоти Ҷумҳурии исломӣ дар бораи ин, ки ҳокимиятро "Худо додааст", гуфт, ки "ҳамаи ситамгарони таърих ба навъе аз ин корт истифода кардаанд."
Оқои Аҳмадинажод изофа кард, "яъне мехостанд даҳонҳоро бибанданд. Ба мардум мегуфтанд, ки мо намояндаи шумо нестем. Шумо абзоре будед, то мо шинохта шавем ва ба инҷо бирасем ва бар курсӣ биншинем. Дар ғайри он, мо аз онҷо ҳастем ва чун аз онҷо ҳастем, бартарем." Раиси ҷумҳури пешини Эрон гуфт, ки "паёмбарон ва имомони шиа ҳеҷ гоҳ аз ин диёнат истифода накарданд" ва имоми аввали шиаиён ҳатто дар ҷанг сабаби ин корашро барои мардум шарҳ дод.
Оятуллоҳ Хоманаӣ ва наздиконаш ба назарияи "кашфи валии фақеҳ" боварманд ҳастанд, ки бар асоси он, Маҷлиси Хубрагон раҳбари Ҷумҳурии исломиро "кашф" мекунанд, на интихоб. Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ ва бархе аз дигар тарафдорони Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин борҳо таъкид кардаанд, ки дар ҳукумати исломӣ "раъйи мардум ҳеҷ эътибори шаръӣ ва қонунӣ надорад."
Ихтилофи Маҳмуди Аҳмадинажод бо ниҳодҳои зери назари раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон аз солҳои гузашта ва бо баргузории додгоҳи Ҳамид Бақоӣ ва Исфандиёр Раҳим Машоӣ ба додгоҳ, шиддат гирифтааст. Ҳамид Бақоӣ ва Исфандиёр Раҳим Машоӣ аз афроди баландпоя дар ҳукумати Маҳмуди Аҳмадинажод ба шумор мерафтанд.
Вандам дар Зарафшон дар ду бинои ба ҳамдигар наздик бунёдшуда шпагат шишт
Ин зеленский дар хаки милаташ бисер хатои калон кард бояд боакли мекард то мардум саргардон намешуд бозичаи дасти давлатхо шуд
То агар манъи оростани дастурхон идонаро ба роҳ намонанд ҳиҷ вақт арзонӣ намешавад ин касифҳои қалобон як соли дароз роҳи ҳамин ду иди мусалмониро мепоянд бигузор касе вобаста ба имконияту дороияш фақат қурбони иҷозат бошад дигар билкул манъи оростани дастурхони идонаро аз дасти ҳамин қалобони касиф манъ намоянд нарх дар ид боло рафт дигар ҳаминхел бе тағир мемонад гапи ин қалобон доимо ҳамин ҳаст долар боло рафтааст ҳозир чи долар поён рафт знки ҳамаашон гирифтаги мо мардуми даъвои мусалмонидошта айби худамон низ ҳаст қарз мекунему дастархон оро медиҳем токи ҳамсоя камбудӣ наёбад бо нархи гарон аз қалоб мехарему исроф карда мепартоем. Озодии ҷон як бор илтимосу хоҳишама не нагуфта чоп кунед.
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Помириҳо агар дар вақташ намебуданд пешвои миллати ту имруз Узбако буданду хуш келибсиз дадаҷон гуфта мегаштӣ. Ҳадди ақал аз он ки Тоҷикистонро Тоҷикистон помириҳо карданд, набояд ба гушаи фаромуши равад. Курнамакӣ ҳам як андоза доштагист, бутпарастҳо!
Ин зеленски факат ваъда доданро медонад руссия рузе хатто киевро ишғол мекунад ин аниқ аст