Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Азот"-и Зайд Саидов ва Фирташро ба 190 млн сомонӣ мефурӯшанд


Корхонаи "Азот" дар шаҳри Леваканд (Сарбанди қаблӣ)

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, корхонаи нуриҳои "Азот", воқеъ дар шаҳри Леваканд (Сарбанди пешина)-и вилояти Хатлонро дар як музоядаи байнулмилалӣ фурӯшад. Дар ин бора қарор нашр шудааст. Бино бар он нархи ибтидоии ҳамаи саҳмияҳои корхонаи "Азот" (747 100 саҳмия) 190 миллион сомонӣ муайян шудааст.

Ба ғайр аз ин, ҳукумати Тоҷикистон ба молики ояндаи корхонаи "Азот", ки дар музояда ғолиб омада, саҳмияҳои онро мехарад, чанд шарт гузоштааст. Нахуст вазифадор мешавад, ки дар 3 соли оянда бо харҷи 400 миллион сомонӣ хатти гази "Ёвон-Леваканд"-ро созад.

Ҳамчунин молики нав ӯҳдадор мешавад, дар се сол на камтар аз 1100 ҷойи кории доимӣ таъсис диҳад. Дар соли аввал пас аз харидани саҳмияҳо на кам аз 25 миллион сомонӣ қарзҳои кредитории корхонаи "Азот"-ро супорад.

Бино ба гузориши Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, қарзҳои кредитории "Азот" ба ҳолати аввали соли 2020 беш аз 24 миллион сомонӣ ва қарзи дебиториаш зиёда аз 59 миллион сомонӣ аст. Ҳамчунин беш аз 12 миллион сомонӣ қарзи молики пешини "Азот" ҷамъияти саҳомии "Нуриҳои Осиё" низ ба дӯши "Азот" гузошта мешавад.

"Азот"- корхонае дар миёни моҷароҳои пуливу мулкӣ

Корхонаи "Азот", ки тавони истеҳсоли нуриҳои барои кишоварзӣ муҳими аммиак, карбамид, ангидриди карбон (углекислота), азоти газгунро дорад, 10 соли охир дар маркази моҷароҳои моливу пулӣ ва ҳатто сиёсӣ қарор гирифт. Корхонае, ки соли 1967 дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон бо ҳадафи таъмини кишоварзони тоҷик бо нуриҳои минералӣ бунёд шуд, дар солҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ аз кор монд.

Соли 2001 ин корхонаро олигархи украинӣ Дмитрий Фирташ ва ширкаташ Group DF бо 75 дарсади саҳмияҳояш аз худ кард. 5 дарсади саҳмияҳо ба Хайрулло Саидов, писари Зайд Саидов, собиқ вазири саноат ва соҳибкори ҳамакнун зиндонӣ тааллуқ дошт. Ин корхона бо гази табиии Узбекистони ҳамсоя ҷон гирифт, вале бо қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистон дар солҳои 2008-2009, дубора аз кор монд.

Пас аз он ки Зайд Саидов аз таъсиси ҳизбе бо номи "Тоҷикистони нав" дарак дод ва боздошт шуд ва Дмитрий Фирташ ҳам дар Австрия гирифтори кашмакашҳои судӣ шуд, Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон соли 2014 созишномаи фурӯши саҳимияҳои "Азот"-ро ғайриқонунӣ эълон кард ва корхонаи азимро дубора ба ихтиёри давлат гузошт.

Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2016 бо ширкати чинӣ шартнома баст ва қарор буд "Азот" фаъол шавад. Тибқи шартнома ширкати "Хенан Чжун-Я" бояд давоми 1,5 сол марҳилаи аввали корхонаро бо иқтидори тавлиди 120 ҳазор тонна нурии минералии аммиак ва 200 ҳазор тонна карбамид ба кор меандохт.

Аммо Тоҷикистон сентябри соли 2019 созишнома бо ширкати чинии "Ҳенан Чжун-Я", ки бояд корхонаи "Азот"-ро дар шаҳри Леваканди Хатлон ба кор медаровард, якҷониба бекор кард ва саҳимияҳо дубора ба ихтиёри давлат гузаштанд. Ҳукумат гуфт, ширкати чинӣ ба ваъдааш вафо накард ва корхона дар муҳлати муайяншуда ба кор надаромад.

Бо ин кашмакашҳои мулкиву пулӣ ва сиёсӣ корхонаи азими "Азот" 11 сол боз кор намекунад ва Тоҷикистон, ки аслан як пояи аслии иқтисодаш кишоварзист, нуриҳои минералиро бо нархи зиёд аз хориҷа мехарад. Бино ба ҳисобҳо, Тоҷикистон ҳар сол тақрибан ба маблағи 70 миллион доллар аз Узбекистону Русия аммиак ва карбамид мегирад.

Кормандони корхонаи "Азот" солҳо боз маош нагирифтаанд ва барои ситонидани он борҳо ба ҳукумат ва додгоҳ шикоят бурдаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (7)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG