Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ ба донишманди тоҷик


Додихудо Саймиддинов, донишмандони тоҷик маъруфи тоҷик барандаи ҷоизаи Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ шуд.

Ин ҷоиза дар соли 2013 ба олими забоншиноси тоҷик Додихудо Саймиддинов барои пажуҳишҳо дар риштаи забонҳои форсии миёна дар солҳои гуногун дода шудааст. Ҷоизаи байналмилалии «Манучеҳри Фарҳангӣ» барои пажӯҳишҳои илмӣ дар риштаи осори таърихӣ, осори забонҳои бостон ва миёнаи эронӣ, фарҳанги гузашта ва ҳарчи тадқиқоте, ки дар ин риштаҳо анҷом дода мешаванд, ҳамасола ба олимони пажуҳишгар супорида мешавад.

Манучеҳри Фарҳангӣ, ки тоҷири башардӯсти эронӣ будааст, соли 2008 дар Испониё кушта мешавад ва тамоми дороии ӯ бар пояи васияташ барои омӯзишу парвариш ва рушди илм сарф мегардад. Бисёриҳо ҷоизаи Бунёди байнулмилалии Манучеҳри Фарҳангиро бо номи “Нобел”-и эронӣ ҳам мешиносанд.

Ин барои бори аввал нест, ки осори донишмандони тоҷик барои дарёфти ҷоизаи Бунёди байнулмилалии Манучеҳри Фарҳангӣ, ки мақарраш дар Испания аст, шарафёб мешаванд. Пештар аз ин аз Тоҷикистон ба ин ҷоиза донишмандону сиёсатмадороне, чун Носирҷон Салимов, Низомиддин Зоҳидов, Ғиёсов, Акбар Турсон ва Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ мушарраф гардида буданд.

Додхудо Саймиддинов, ки то моҳе қабл раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти ҳукумати Тоҷикистон буд, дар моҳи декабри соли гузашта бинобар ба нафақа баромадан аз мақомаш озод карда шуд. Вай муҳаққиқи забони форсии қабл аз исломӣ буда, то кунун 100 тадқиқоти имлӣ дар ин замина таълиф кардааст.

Додхудо Саймиддинов дар соли 2011 ба узвияти Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам пазируфта шуда буд. Ӯ пас аз академикҳо Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Абдуқодир Маниёзов, саввумин донишмади Тоҷикистон аст, ки узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ дар Эрон мебошад. Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Абдуқодир Маниёзов, дар соли 1996 ба узвияти ин Фарҳангистон пазируфта шудаанд. Аммо ба иллати даргузашти академикҳо Шакурӣ ва Маниёзов, ҳоло аз Тоҷикистон як нафар узви Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ мебошад.
XS
SM
MD
LG