Пайвандҳои дастрасӣ

Д. Саймиддинов: "Нутқи толибилмони мадраса аз баъзе мансабдорон беҳтар аст"


Ҳомиёни забони тоҷикӣ аз сатҳи забондонии дониҷӯён ва баъзе аз мансабдорон изҳори нигарнӣ карда гуфтанд, ки аксарашон наметавонанд бо забони давлатӣ озодона сухан кунанд.

Шанбеи 5-уми октябр дар як ҳамоиш дар Вазорати маорифи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ гуфта шуд, дар давоми 11 сол агарчи дар барномаи таълимии мактабҳои миёна омӯзиши забони тоҷикӣ беш аз ҳазор соатро ташкил диҳад, аммо шогирдони мактабҳо баъди хатми таълимгоҳҳо наметавонанд бо забони тоҷикӣ озод андешаи худро баён кунанд.

Раҷабалӣ Сангов, масъули татбиқи Қонуни забони давлатӣ дар вазорати маорифи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ сабаби хуб надонистани забони тоҷикиро таваҷҷӯҳи ками хонандагон ба омӯзиши забон маънидод кард. Ба қавли ҷаноби Сангов омили дигари суст рушд кардани забони давлатӣ он аст, ки то чанд соли пештар ба омӯзиши забони давлатӣ чандон диққати ҷиддӣ дода намешуд. Сангов мегӯяд, омилҳои зиёди дигаре ҳастанд, ки боиси суст рушд кардани забони тоҷикӣ гаштааст. Ҳанӯз дар қисме аз муассисҳои таълимӣ омӯзгорони касбии забон ва адабиёти тоҷикӣ намерасидаанд.

Аммо Додихудо Саймиддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон сабаби дониши пасти ҷавоноро дар низоми омӯзиши фанни забони модарӣ дар макотиби миёна ва олӣ арзёбӣ кард. Ба гуфти вай ҳатто дар риштаи забоншиносии донишгоҳҳо танҳо такрори грамматикаро меомӯзанду қоидаи забонро азёд мекунанд.

Ба гуфти Саймиддинов дар мактабҳои миёна ва олӣ осори гузаштагонро кам мутолиа мекунанд ва маҳз ин гуна низом боиси он гаштааст, ки ҳатто мутахасиссони соҳаи забоншиносӣ бо забони адабӣ озодона ҳарф зада наметавонанд. вай гуфт на танҳо мансабдорон, балки худи филологҳои тоҷик бо забони тоҷикӣ наметавонанд озод баёни андеша кунанд. Ба андешаи Саймиддинов ин ба он хотир аст, ки бо сабки 70 сол пеш одат карда, "ҳеҷ намехоҳем, ки каме худро заҳмат диҳем. Дар мактаб бо ҳамон сабки кӯҳна омӯзиш мегиранд. Бинобар ин донишанди забон ва адабиёте, ки аз забон ва адабиёти классикӣ огоҳ нест, ҳуқуқи таълим додан надорад."

Ҷаноби Саймиддинов ба унвонии мисол гуфт толибилмони мадрасаҳои динӣ, ки аз осори гузаштагони форсу тоҷик, хусусан Бедилу Ҳофиз ва Саъдӣ зиёд мутолиа мекунанд, суханронияшон аз суханронии дигар донишҷӯён фарқ дорад. Ҳатто аз баъзе мансабдорон беҳтар аст.

Ҳамчунин раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард, ки хонандагон дар 11 сол наметавонанд забони тоҷикиро аз худ кунанд, дар ҳоле, ки дар давоми шаш моҳ ва ё як сол дигар забонҳои хариҷиро меомӯзанд.

Нигаронии ҳомиёни забони тоҷикӣ дар ҳолест, ки 5-уми октябри соли 2010 раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон аз забондонии сусти мансабдорон изҳори нигаронӣ карда буд. Эмомалии Раҳмон изҳор карда буд, ки ба унвонии вакил ё раҳбари мақомоти маҳаллӣ дар навбати аввал онҳое таъин шаванд, ки забони тоҷикиро хуб медонанд. Аммо тавре мутахасиссони забони тоҷикӣ мегӯянд нутқи мансабдорон пур аз нуқсу ғалат аст.

Нахустин қонуни забони давлатӣ дар Тоҷикистон 22-уми июли соли 1989 ба тасвиб расида буд ва забони тоҷикӣ ҳанӯз дар давраи Шӯравӣ мақоми давлатӣ гирифт. Аммо парлумони Тоҷикистон 5-уми октябри соли 2009 тарҳи нави Қонуни забонро тасвиб кард ва рӯзи Иди забонро низ ба 5-уми октябр кӯчонд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG