Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирофи корномаи донишманди тоҷик дар Фарҳангистони Эрон


Додихудо Саймуддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва аз донишмандони саршинос, ба узвияти Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон пазируфта шудааст.

Ҷаноби Саймиддинов зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар воқеъ ҳамкориҳои пайвастаи вай бо ин Фарҳангистон ва муҳимтар аз ҳама, пажӯҳишҳои илмии чандсолааш дар бораи забони форсӣ сабаб гардид, ки ҳайати Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ ба ӯ чунин унвонеро сазовор донад.



Ба ин тартиб қарор аст, Додихудо Саймиддинов, то ҳудуди ду ҳафтаи дигар ба Теҳрон сафар дошта бошад ва санади расмӣ дар бораи узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсиро дарёфт намояд.

Додихудо Саймиддинов, гуфт, талош хоҳад кард, то саҳме дар густариши забони форсӣ миёни се кишвари форсизабони минтақа - Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон аз тариқи Фарҳангистони забону адаби форсӣ дошта бошад.

Ба ин хотир, ҷаноби Саймиддинов афзуд, пешниҳодоти ҷониби Тоҷикистон унвонии ин Фарҳангистон дар заминаи ҳамоҳангсозии истилоҳот ва ба ҳам овардани вожаҳои форсӣ миёни се кишвар, ироа шудааст.

Ин дар ҳолест, ки Додхудо Саймиддинов, ки қаблан раёсати Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти ба номи Рӯдакии Фарҳангистони улуми Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, ҳоло раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти ҳукумати Тоҷикистон аст. Вай муҳаққиқи забони форсии қабл аз исломӣ буда то кунун 100 тадқиқоти имлӣ дар ин замина таълиф кардааст.

Ба гуфтаи вай, дар муддати беш аз яку ним соли фаъолияти ин кумита, иқдомот дар заминаи ҳамоҳангсозии истилоҳот ва луғатҳо ва имлои забони тоҷикӣ ҷараён дорад .

Зимнан, Додихудо Саймидинов, пас аз академикҳо Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Абдуқодир Маниёзов, саввумин донишмади Тоҷикистон аст, ки узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ дар Эрон мебошад.

Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Абдуқодир Маниёзов, дар соли 1996 ба узвияти ин Фарҳангистон пазируфта шудаанд. Аммо ба иллати даргузашти академик Маниёзов, ҳоло аз Тоҷикистон ду нафар узви Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ хастанд.

Зимнан, аз Афғонистон се нафар ва аз Эрон 30 нафар узвияти Фарҳангистони забону адаби форсиро доранд.

Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон оғоз шудааст.
XS
SM
MD
LG