Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Агар шумо аз фурӯдгоҳи Душанбе вориди хиёбони марказии пойтахти Тоҷикистон шавед, калимоту вожаҳоеро ба мисли «Плазма», «Кристал», «Кайнак», «Еврика», «Пиер Кардин», «ДВДишка» ва ғайраро мебинед, ки бо ҳарфҳои бузург ва рангоранг дар пештоқи мағозаву ошхонаҳо ва марказҳои компютерӣ насб карда шудаанд ва ба ҳузури худ дар як кишвари шарқӣ шубҳа мекунед.

Чунин вазъро дар гӯшаҳои дигари пойтахт низ мебинед. Ин дар ҳолест, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, як бозрасиеро дар ҳамин маврид дар хиёбони Рӯдакӣ анҷом додааст.

Иштибоҳ дар номи вазоратхонаҳо

Раиси ин кумита Додихудо Саймиддинов вуҷуди ин масоилро дар хиёбони Рӯдакӣ таъкид ва гуфт, дар бозрасии онҳо ҳатто номи вазоратхонаҳо бо иштибоҳ навишта шудаанд, ки ба Қонуни забони Тоҷикистон муғоират доранд.

Раиси кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ҷаноби Саймиддинов Арманистонро ба унвони намуна мисол овард, ки дар ин кишвар сад дар сад ба забони давлатӣ аҳамият дода мешавад ва мардум аз забони давлатии кишвари худ дифоъ мекунанд.

Ҳоло гурӯҳҳои кории Кумитаи забон чанд идора, муассиса ва фурӯшгоҳҳо дар пойтахти Тоҷикистонро барои иштибоҳнависӣ ҷарима бастаанд.



Беэътиноии созмонҳои байнулмилалӣ ба забони давлатӣ

Масъалаҳои дигаре, ки Кумитаи забон ва истилоҳот дар зарфи шаш моҳи фаъолияти расмии худ мушоҳида кардааст, ин камаҳамиятӣ ба забони давлатӣ ҳангоми нишастҳову ҳамоишҳои созмонҳо байналмилаливу дохилӣ дар Тоҷикистон мебошад. Ҳангоми баргузории ин нишастҳо забони русӣ ва ё англисӣ ҷои забони давлатиро мегирад.

Бисёр хабарнигорон ва рӯзноманигорони тоҷик бо ин амал бо тааҷҷуб нигоҳ мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки ҳангоми оғози чунин ҳамоишҳо эълон карда мешавад, ки нишаст бо забони давлатӣ ва русӣ ё англисӣ идома мекунад, аммо амалан ба забони давлатӣ эътибор дода намешавад.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, набуди тарҷумони забондон баҳона буда наметавонад, созмонҳои байналмилалӣ тарҷумон доранд ва бояд ҳамаҷониба аз онҳо истифода кунанд.

Бенизомӣ дар таълими забони тоҷикӣ

Аммо аз сӯи дигар Тоҷикистон кишварест, ки барои як хориҷие, ки хоҳад забони давлатиро биёмузад, шароити солими таълим вуҷуд надорад. Ин нуктаро раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон Додихудо Саймиддинов таъкид кард.

Вай гуфт, «як заъфи мо ин аст, ки мо роҳнамо ё дастурномаи омӯзиши забони тоҷикӣ барои хориҷиҳоро надорем. Ин дастурҳое, ки ҳоло навишта шудаанд, ба меъёри забони давлатӣ ва муқаррароти забони адабии тоҷикӣ ҷавобгӯ нестанд. Чанд дастури омӯзиши забони давлатиро шахсан дидаам, аслан аз муқаррароти забони давлатӣ дуранд».

Бебандуборӣ дар истифодаи калимаҳо ва истилоҳоти хориҷӣ дар забони нашрияҳо ва радиову телевизион, истифодаи ноҷо ва ғайританосуби баёну калом аз мушкилоти дигаре ба шумор меояд, ки муқаррароти забони давлатии забони тоҷикиро хатшадор мекунад.

Тарҳи нави имлои забон

Додихудо Саймиддинов раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфт, ҳоло гурӯҳи корӣ пас аз омӯзишу баррасии алифбои забони тоҷикӣ тарҳи фарҳанги алифбои тоҷикро омода кардааст.

Яке аз дигаргуниҳои имлои нав бознигарӣ шудани ҷойгоҳи ҳарфи «Ӯ» ва «Ъ» аст. Муаллифони тарҳи нави алифбои забони тоҷикӣ бар ин назаранд, ки истифодаи ҳарфи «Ӯ» дар як идда аз истилоҳҳои тоҷикӣ таҳти таъсири забони узбакӣ роиҷ шудааст ва бояд аз ин калимот ҳазф шавад.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, тарҳи нави имлои забони тоҷикӣ пас аз баррасии ҳамаҷониба ба нашр хоҳад расид.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG