Пайвандҳои дастрасӣ

Бештари матолиби нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе ба мавзӯи забони тоҷикӣ дар пасманзари таҷлил аз Рӯзи забон ихтисос ёфтаанд.

"ФАРАЖ"

Дар матлаби "Иди забон" ба баррасии мушкилоти марбут ба иҷрои қонуни забон пардохта ва навиштааст, ки "даврони шӯравӣ забони давлатӣ русӣ буд, дар Тоҷикистон аз котиби якуми Ҳизби коммунист то оддитарин бригадири колхоз бе ягон мушкилӣ бо забони давлатӣ сухан
Дар 20 соли Истиқлол ақлу тафаккур яку якбора дучори бемории карахтӣ шуд. Дурӯғу чоплусӣ ҳатто дар зеҳну тафаккури атфол низ ҷо гирифт...

мекард. Ҳар нафаре, ки забони русиро намедонист, ӯ ҳатто ҳуқуқи ба ӯҳда гирифтани роҳбариро дар идораҳои давлатӣ надошт Аммо ҳоло чӣ?» Нашрия меафзояд, "ба истиснои забоншиносон, дигар касонеро, ки тоҷикиро хуб медонанд, пайдо кардан мушкил аст. Бахусус дар миёни соҳибмансабон. Бо кадоме аз эшон ҳамсӯҳбат нашавӣ, ҳатман бо истифода аз шева ва ё омехтаи забони русӣ сӯҳбат мекунанд, зеро забони тоҷикиро хуб намедонанд."

"ИМРӮЗ НЮС"

Ба муносибати Рӯзи забон, ки ду сол боз 5-уми октябр таҷлил мешавад, мусоҳибаеро бо Додихудо Саймиддинов, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти ҳукумати Тоҷикистон чоп кардааст. Ҷаноби Саймиддинов дар мавриди бозгашт ба хатти форсӣ гуфтааст, "форсӣ мушкили моро рафъ намекунад. Бе ин ҳам мо саводи казоӣ надорем. Дар ин сурат бесаводии омма ба вуҷуд меояд." Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот раванди такомули забони тоҷикиро рӯ ба беҳбудӣ хонда ва мегӯяд, "ҳоло мо бояд дар бораи поксозии забон андеша кунем. Вақте теъдоди вожаҳо аз забони туркӣ, арабӣ, баъдан аз забони русӣ вориди забони мо шуд, мутаваҷҷеҳ нашудем, ки агар иқтибос ба ин сурат идома кунад, аз вожаҳои аслӣ чӣ мемонад."



"ОЗОДАГОН"

Баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар пасманзари баргузории нишасти Женеваро ба чолиш кашида ва дар матлаби «Дар Женева қазияи Искандаровро баррасӣ накарданд» навиштааст, ки «Гузориши расмии вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ин нишасти байналмилалӣ вокунишҳои гуногунро ба бор овард». Нашрия расман эълон шудани вуҷуди шиканҷа дар Тоҷикистон аз забони Шерхон Салимзода, додситони кулли кулли кишварро сенсатся хондааст. Ин аст, ки ба навиштаи нашрия «бархе аз ҳуқуқдонҳо ҳадди аққал чунин суханронии прокурори генералиро аз он ҷиҳат мусбат ҳисоб мекунанд, ки ҷониби Тоҷикистон расман дар бораи мавҷудияти чунин амалҳои баду ғайриқонунӣ изҳори назар кард. Аммо Фирӯз Искандаров, писари Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, гуфтааст, "бо он ки аз нишасти Женева умедҳои зиёде буд, вале ҳамааш бенатиҷа анҷом ёфт". Зеро ба таъкиди вай "бо вуҷуди он ки раиси Ҳизби демократ 7 соли умри худро дар зиндон паси сар мекунад, ӯ то ҳол дар баҳсҳои ҳуқуқиву сиёсии Тоҷикистон ва берун аз он қарор дошт, вале ин дафъа ӯ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт."

"НИГОҲ"

Бӯҳрони маводи сӯхт дар Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифта, менависад, «дар ҳоле, ки нархи бензин рӯз аз рӯз боло меравад ва коршиносони ватанӣ аз «шантаж»-и Русия дар баробари ҳукумати кишвар сухан мегӯянд, ба иқрори масъулони Хадамоти зиддиинҳисории кишвар дар ду соли ахир ягон маротиба ширкатҳои доминанти бозор дар вайрон кардани қонунгузории зидимонополии Тоҷикистон муҷрим шинохта нашудаанд.» Дар ҳоле ки ба навиштаи нашрия, «дар ин муддат муассиси «Газпромнефт»-и Русия борҳо дар беасос боло бурдани нархи сӯзишворӣ дар қаламрави худи Русия гунаҳкор дониста шуда, садҳо миллион рубли русӣ ҷарима шудааст.» Ба таъкиди нашрия «агар Газпромнефт-Тоҷикистон «монополист» намебуд, ин корро намекард. Зеро муштариёнашро аз даст медод. Ҳоло аз ҳеҷ чиз наметарсанд, ҳар бозӣ, кӣ хоҳанд кардан мегиранд.»

"МИЛЛАТ"

Дар матлаби «Қонуни масъулият масъулиятро беш накард», бурду бохтҳои 20 соли Тоҷикистонро ба чолиш кашидааст. Нашрия менависад, «дар 20 соли Истиқлол ақлу тафаккур яку якбора дучори бемории карахтӣ шуд. Дурӯғу чоплусӣ ҳатто дар зеҳну тафаккури атфол низ ҷо гирифт. Ин тифлакон, ки имрӯз ба тақлид аз калонсолон хушомад мезананд, фардо ба тӯтичаҳое табдил меёбанд, ки ҷуз шунида чизи дигареро такрор нахоҳанд кард. Кор ба ҷое расида, ки волидайн наметавонанд фарзандони худро тарбият намоянд.» Муаллифи матлаб меафзояд «намедонам, то қабули Қонуни масъулияти волидайн масъул будем ё бемасъулият, вале чуноне будем ҳамон тавр боқӣ мондаем.» Муаллиф ба интихоботҳои ғайридемократӣ ва пур аз тақаллуб ишора карда ва ошнобозиро омили расидан ба мансабу вазифа дониста ва аз шахспарастӣ интиқод кардааст.

"НАҶОТ"

Бо таваҷҷӯҳ ба ҳушдори Созмони Ҷаҳонии Кор дар мавриди бӯҳрони ҷойи корӣ ва таъсири ин раванд ба Тоҷикистонро аз чанд коршинос пурсидааст. Сайидумар Ҳӯсайнӣ, муовини раиси ҲНИТ дар ин робита гуфтааст, "бо таваҷҷӯҳ ба он ки маншаи даромади Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷиронии кории тоҷик дар Русия аст, албатта, бӯҳрони бекорӣ таъсири амиқи худро ба мо мерасонад." Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик бар ин назар аст, ки «набояд муҳоҷиратро роҳи асосӣ ва баланд будани сатҳи зиндагӣ шуморем. Бояд, ки дар Тоҷикистон ҷойҳои корӣ бо хароҷоти арзон барқарор карда шаванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки имконияти барқароркунии ҷойҳои корӣ дар кишвар вуҷуд дорад.»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG