Панҷшанбе, Июл 31, 2014

Варзиш

Мавзуна Чориева, муштзани маъруфи тоҷик, издивоҷ кард

Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лондон, бо ҷавони дӯстдоштааш ақди никоҳ баст.

Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 (Акс аз маҷаллаи VIP-Zone)Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 (Акс аз маҷаллаи VIP-Zone)
x
Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 (Акс аз маҷаллаи VIP-Zone)
Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 (Акс аз маҷаллаи VIP-Zone)
Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лондон, шоми имрӯз, рӯзи 27-уми октябр, бо ҷавони дӯстдоштаи худ издивоҷ кард. Базми арӯсии ӯ дар тарабхонаи "Аноҳито"-и шаҳри Кӯлоб баргузор шуд. Дар ин маъракаи раиси шаҳри Кӯлоб ва ҳамчунин намояндагони Идораи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ низ иштирок карда, Мавзунаро табрик  намуданд.

Худи Мавзуна чанд лаҳза пеш аз базми арӯсӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ сӯҳбат анҷом дода ва гуфт, издивоҷаш маънои аз майдони бокс канор рафтани ӯро надорад. Ҳамон тавре Чориева гуфт, қабл аз ташкили базми арӯсӣ ӯву номзадаш машварат кардаанд, ки Мавзуна пас аз издивоҷ метавонад боз ба саҳнаи бокс баромада, ба муборизаи худ идома диҳад. Вай гуфт, ҳадафаш аз ин издивоҷ ба дунё овардани фарзанд аст. 

"Табибон ба мо гуфтанд, ки то ҳафтмоҳагии кӯдак агарчӣ ба майдони бокс намебароям, аммо метавонам тамрин кунам. Пас аз он кӯдакамро дар ихтиёри модарам гузошта ба майдони бокс бармегардам",-илова кард ӯ.  

Бону Мавзуна мегӯяд, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ аз издивоҷи ӯ огоҳ аст ва ӯ бо дуои президент оила барпо мекунад. Ба ин тартиб, вай овозаҳо дар бораи гӯиё розӣ набудани президент ба издивоҷи барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012-ро рад кард. 

Базми арӯсии Мавзуна Чориева дар КӯлобБазми арӯсии Мавзуна Чориева дар Кӯлоб
x
Базми арӯсии Мавзуна Чориева дар Кӯлоб
Базми арӯсии Мавзуна Чориева дар Кӯлоб
Мавзуна дар бораи номзади худ -- Амон зиёд ҳарфе нагуфт, аммо танҳо инро баён дошт, ки бо ҳамсараш чаҳор соли пеш ошно шуда, якдигарро дӯст доштаанд. Қаблан Мавзуна эълом дошта буд, ки бо номзадаш машварат кардаанд,  то чаҳор соли дигар, замони баргузории Бозиҳои 31-уми тобистонаи олимпӣ издивоҷ намекунанд. Аммо дар бораи он ки чаро тасмимашро тағйир додааст, чизе нагуфт. 

Мавзуна Чориеваи 19-сола аз миёни 16 варзишгари тоҷик танҳо нафаре буд, ки ба дарёфти медали биринҷии Бозиҳои сиюми тобистонаи олимпӣ дар Лондон (2012) мушарраф шуд. Ин қаҳрамонӣ ба маҳбубият ва маъруфияти ӯ дар ҷомеаи Тоҷикистон афзуд ва аксарият ба ӯ "духтари қаҳрамон" ном гузоштанд. Худи Мавзуна ваъда додааст, ки дар бозиҳои олимпии оянда ҳарифонашро шикаст додаву барои Тоҷикистон медали тило хоҳад овард. 

Ёдовар мешавем, ба Мавзуна Чориева барои ин дастовардаш шаҳрдории Душанбе манзили сеутоқа, шаҳрдории Кӯлоб як манзили панҷҳуҷрагӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон як манзили дуҳуҷрагӣ тӯҳфа намуданд.

x
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Мавзуна Чориеваро бо ордени "Шараф" ва 200 ҳазор сомонӣ ҷоизаи президентӣ сарфароз гардонд. Инчунин, раисони вилоятҳои Хатлону Суғд ва бархе аз соҳибкорон ба Мавзуна ҷоизаҳои пулӣ тақдим карданд.

Вале ба гуфтаи устодаш Мирзо Шамсиев ба Мавзуна Чориева то кунун тӯҳфаи эълонкардаи  “Ориёнбонк” – мошини сабукрави “Лексус” супурда нашудааст.


Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои FacebookTwitter ва  Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
Ин баҳс баста шудааст.
Гурӯҳбандии назарҳо
Назарҳо. Сафҳаи аз 4
    Баъдӣ 
Ном: Хасан аз Ориёнконб аз: Колхободо
27.10.2012 17:10
Кидать разбор надорад, ин боксзанака кидат кадем-да. У хам мардума кидать кард, ваъда дод, ки шу намекунам, шу кард. Маълум аст, ки бонки мо пула мегираду барнамегардонад, фоиз хам намедихажд. КИДАТЬ РАЗБОР НАДОРАД! Лексуса Мавзуна чи кор мекуна?

Ном: Салим аз: Душанбе
27.10.2012 17:23
Муборак шавад! Офарин! Канд зан! Кушапир шавед!
Дар посух

Ном: Жук аз: Сари майдон
27.10.2012 18:04
ээээээээээ.......аруси мора мебаран хола надора. Бахту саодат, хушбахти, сарфарозиву комгори бароятон таманно дорам! Валлох, муборак шавад!
Дар посух

Ном: Hojicha аз: Kulob
27.10.2012 21:58
Salom ba R-O-i!!! Mavzunajon Muborak shavad Amon brat tabrik, Mavzuna aknun yake az a'zoi Avlodi mo shud. Xudo baxtaton dihad. OMIN!!!
Дар посух

Ном: Зоир
27.10.2012 18:12
Домод Худодод будааст ки як духтари хам кахрамону хам пулдор хамсараш мешавад,
Дар посух

Ном: Toir аз: kitobxona
29.10.2012 10:41
kase ki duxtarro ba xotiri pulu molash megirad u oqibat nadorad! Inro donista gir!

Ном: Беном аз: Душанбе
27.10.2012 17:26
Лексуса мумкин дигар нагирад -боз олимпиадаи дигар дар пешай.Мавзунада бовари хастай ки аник чемпион мешава баъд якбора мегираш.Хозирашда баъмеди лексус шидан даркор нест.Худо бахти сафед ва зиндагии хуб дихад.

Ном: Jovid
27.10.2012 17:48
"Вале ба гуфтаи устодаш Мирзо Шамсиев ба Мавзуна Чориева то кунун тӯҳфаи эълонкардаи “Ориёнбонк” – мошини сабукрави “Лексус” супурда нашудааст."

In himati Hasan Asadulozada hamiqadar bydastda dagdagai bekor. Ba fikram bovar nadosh ki 1 Tojik qahramon meshava.

Ном: Аз Фейсбук
27.10.2012 17:56
Muhamadroziq Nematov: Муборак бошад

Ном: Аз Фейсбук
27.10.2012 17:56
Куруш Сухроб: Дуъо мекунем, ки Мавзунабону бо чавони дустдоштааш хушбахт шаванду точикписару точикдухтарони далеру ватандорро ба дуне оранд.

Ном: Аз Фейсбук
27.10.2012 17:57
Daler Fayzov: Э муборак шавад,хамдигарро ду<3ст доред,хушбахт бошед!

Ном: tojik аз: kulob
27.10.2012 18:11
muborak shavad xoharjon.domodro ham tabrik..

Ном: Аз Фейсбук
27.10.2012 18:20
Laylo Mirzoeva: tabrik!:)

Nisarahmad Baheer: kosh metawonistam az KABUL ba KULOB rafta eshterok namoyam,AFSUS..................

Kamoliddin Tojiknazhod: Khushbakht boshand.. amo bo umedi medali tilloyem...

Nisarahmad Baheer: AROSIAT MUBORAK

Ном: солехчон
27.10.2012 18:31
мавзунабону туй муборак бод!
Дар посух

Ном: Беном
29.10.2012 18:15
maladessssssssssssssssssss
Дар посух

Ном: Jamik аз: dushanbe
02.11.2012 18:03
az samimi qalb tabrikku tahniyat gufta ba harduyaton zindagii obodu ozodona xohonam..
Назарҳо. Сафҳаи аз 4
    Баъдӣ 

Назари Шумо чист?

Бойгонии назарсанҷӣ

Писандидаҳо

Тамос бо Радиои Озодӣ

Агар хабаре доред ё мехоҳед, масъалаеро дар миён гузоред, бо имейли Tajik@rferl.org ё телефони интернетии ozodi.skype бо мо дар тамос шавед. Ҳамчунин телефонҳои мо дар хидмати Шумо:

Дар Душанбе:          988 65 94 63               988 65 94 64            985 63 83 56
Дар Прага:               420 725 03 79 43   
Skype Me™! Add me to Skype