Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 24-уми август дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи ҲНИТ маросими тақдими ҷоизаҳо ба варзишгарони тоҷик - ширкатдорони Олимпиадаи Лондон баргузор шуд.

Дар ин маросим раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аъзои дастаи мунтахаби олимпии кишвар, намояндагони ташкилотҳову федератсияҳои варзишӣ ва хабарнигорони дохиливу хориҷӣ ширкат доштанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар ин маросим суханронӣ кард. Вай, аз ҷумла, гуфт, варзиш барои миллат ва кишвари мо ҷойгоҳи хос дорад. Ин миллат ва ин кишвар бо ин ҳама буҷаи кам дар соҳаи варзиш 16 варзишгар дар Олимпиадаи «Лондон – 2012» дошт ва медал ҳам овард. Шумо биравед суроғи кишварҳо ва миллатҳои дигар, ки буҷаи варзишиашон даҳҳо маротиба аз буҷаи варзишии Тоҷикистон зиёд буд, вале як медал ҳам наоварданд. Сабаб дар чист? Сабаб дар он аст, ки ин миллат миллати варзишӣ аст. Агар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, федератсияҳо ва аҳзоби сиёсӣ як тин ҳам сарф накунанд, ин миллат иштирокчии олимпиада хоҳад шуд.Чун варзиш ҷузъи ҳаёти фардии ҳар як инсон, бахусус мо, тоҷикон, аст. Ҳар миллате, ки дар тӯли таърих азият кашид, маҳрум буд, бо душвориҳо ҷон ба саломат бурд, аввалин чизе, ки барои ҳифзи ҷонаш ниёз дорад, ин варзиш аст. Миллати тоҷик чаро ба кӯҳистон омад? Барои он ки дар кӯҳистон ҷон ба саломат бибарад, нерӯи тануманд лозим буд, яъне варзиш. Мехост, намехост, бояд варзиш мекард. Ин аст, ки миллати мо бо варзиш ҳамроҳ ҳаст, ҳамроҳ хоҳад буд. Ва агар Ҳукумат кӯмак кард, Парлумон кӯмак кард, ҳизбҳои сиёсӣ ва сармоядорон кӯмак карданд, шумораи варзишгарони мо, иштирокчиёни мо дар Олимпиадаҳо ва соҳибмедалони мо бештар хоҳад шуд.”

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, аз номи варзишгарону мураббиёни ба ин маросим даъватшуда ба раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои таваҷҷӯҳашон ба варзиш изҳори сипос намуд. Вай гуфт, “ дар тӯли ҳашт сол мо дар ду Олимпиада се медал ба даст овардаем. Ва ман бовар дорам, панҷоҳ дар сади варзишгароне, ки дар Лондон ҳунарнамоӣ карданд, онҳо сазовор ҳастанд дар Бозиҳои ояндаи олимпӣ ширкат намоянд ва мо бояд барои онҳо барномаи хуб бо дастгирии федератсияҳо, бо дастгирии ин хел ҷамъиятҳо, бо дастгирии Ҳукумат, Кумитаи миллии олимпӣ, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҳамакаса аз як гиребон сар бароварда, таҳия кунем. Варзишгарони ҷавоне, ки дорем, потенсиали хуби моянд ва мо онҳоро бояд ба Олимпиадаи соли 2016-ум дар Бразилия ҳаматарафа омода кунем, то ки онҳо Парчами Тоҷикистонро баланд бардоранд.”



Ҷаноби Кабирӣ, тибқи ваъда, калиди манзили дуҳуҷраиро воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ ба муштзани маъруфи тоҷик Мавзуна Чориева, ки дар Олимпиадаи Лондон ба Тоҷикистон ягона медал овард, супурд.

Мавзуна аз ҳамаи онҳое, ки ӯро дастгирӣ ва қадрдонӣ намуданд, сипосгузорӣ карда, гуфт, “аввалан ман шукронаи Худо мекунам, ки ба ин қуллаҳо расидам. Баъдан шукронаи Истиқлолият мекунам, ки ба мо занҳои мусалмон имконият дод, ки дар ҳамаи риштаҳои варзиш иштирок кунем. Ман ваъда медиҳам, ки дар Олимпиадаи оянда иштирок карда, нишон диҳам, ки зани тоҷик, зани мусалмон ҳаст ва мемонад.”

Баъдан ҷаноби Кабирӣ ба Расул Боқиев, паҳлавони маъруфи тоҷик, калиди мошини сабукрави «Тоyота Cамry»-ро тақдим кард. Расул ҳаводоронашро бовар кунонд, ки дар мусобиқоти оянда барои пирӯзӣ талош хоҳад кард. Ӯ афзуд, “бовар дорем, иншооллоҳ, тайёр мекунем шогирдҳоро, ҷавононро. Иншооллоҳ байрақи Тоҷикистон ва миллати тоҷикро дар тамоми дунё муаррифӣ мекунем.”

Раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, инчунин, ба ҳамаи варзишгарон – ширкаткунандагони Бозиҳои XXX тобистонаи олимпӣ дар Лондон ва мураббиёнашон ифтихорномаҳои ҲНИТ, мукофоти пулӣ ва китоби Қуръони Каримро эҳдо намуд.

Ёдовар мешавем, ки аз ин пеш Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, ба Мавзуна Чориева дар вазъияти ботантана калиди манзили сеҳуҷраӣ тақдим карда буд. Ин манзил дар бинои бисёрошёна, воқеъ дар хиёбони Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе ҷойгир шудааст.

Ғайбулло Авзалов, раиси вилояти Хатлон, ба зодаи шаҳри Кӯлоб Мавзуна Чориева калиди манзили панҷҳуҷраиро супурд ва 20 000 сомонӣ тақдим кард. Инчунин ба Мавзуна Чориева тоҷир Нусрат Файзуллоев 25 000 сомонӣ, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифхон Самиев 5 000 сомонӣ супурданд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Мавзуна Чориева барои медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ ва “Ориёнбонк” – мошини “Лексус” ваъда кардаанд.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG