Пайвандҳои дастрасӣ

Мавзуна Чориева: “Медали ман медали 8 миллион тоҷик аст"


Мавзуна Чориева дар ҳалқаи наздикону ҳаводоронаш. Фурудгоҳи Душанбе. 16-уми август

Мавзуна Чориева дар ҳалқаи наздикону ҳаводоронаш. Фурудгоҳи Душанбе. 16-уми август

Бо вуҷуди он ки шаб аз нисф гузашта буд, тақрибан ҳазор нафар ба истиқболи Мавзуна Чориева баромаданд.

Aъзои тими олимпии Тоҷикистонро, ки аз Бозиҳои сивуми тобистонаи олимпӣ дар Лондон баргашт, дар фурудгоҳи Душанбе ҳудуди 1000 нафар, бо шумули намояндагони мақомот ва ҳаводорони варзиш, истиқбол гирифтанд. Амнияти маросими истиқболро даҳҳо маъмури амниятӣ, пулис ва низомиён таъмин мекарданд.

Ин маросим, ки ба унвони истиқбол аз олимпичиёни тоҷик муаррифӣ шуда буд, ба расми истиқболи хос аз як нафар ва он ҳам муштзани 19-солаи тоҷик -- Мавзуна Чориева табдил ёфт. Ҳарчанд Мавзуна мехост, ҳамроҳ бо варзишгарони дигар ба ҳузури мардум барояд, аммо касе ӯро гӯш накард ва Мавзунаро рӯ-рӯи даст аз толор берун оварданд. Чунин ба назар мерасид, ки олимпичиёни дигари тоҷик пушти парда ва берун аз таваҷҷӯҳи мардум монданд.

Аксар ҳаводорони варзиш дар фурудгоҳи Душанбе дар сӯҳбат ба мо гуфтанд, ки онҳо пеш аз ҳама ба хотири истиқбол аз Мавзуна Чориева, муштзани ҷавони тоҷик омадаанд. Ҳарчанд дар дасти бархе аз онҳо шиоре бо акси Расул Боқиев, паҳлавони тоҷик, низ ба назар мерасид. Мавзуна Чориева танҳо варзишгари тоҷик аз миёни 16 узви ҳайати олимпии Тоҷикистон аст, ки аз Лондон бо медал баргашт. Вай дар сабқати бокcи занона дар вазни то 60 кило сазовори нишони биринҷӣ шуд.



Мавзуна Чориева вақте аз толори фурудгоҳ ба берун омад, дар як сӯҳбати кӯтоҳ гуфт, медале, ки ба даст овардааст, танҳо мансуби ӯ нест, балки мутааллиқ ба тақрибан ҳашт миллион шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки ба ӯ мухлисӣ мекарданд. Дар ҳоле ки Мавзунаро ҳаяҷон фаро гирифта буд, афзуд, “бовар дорам, дар оянда варзишгарони дигар ба монанди ман на ин ки як медал, балки зиёдтар медал меоранд. Гуфтанӣ ҳастам, бонувони азиз, он чизе, ки ман овардам, нишонаи он аст, ки зани тоҷик ҳаст ва мемонад. Медале, ки ман дорам, медали ҳашт миллион тоҷик аст. Мардуми тоҷик ғалаб кард, на ин ки танҳо ман.”



Ин муштзани ҷавони тоҷик ҳамчунин аз ҳамаи онҳое, ки ба истиқболи ӯ омадаанд ва ҳам дар ҷараёни Бозиҳои сивуми тобистонаи олимпӣ дар Лондон тарафдорӣ кардаанд, изҳори сипос намуд. Вай гуфт, ин ҳама қадрдониро фаромӯш намекунад ва бар ивази он дар ринг талоши бештаре ба харҷ хоҳад дод.

Барои истиқболи Мавзуна Чориева дар қатори дигар хурду бузург ва худиву бегонаҳо бибияш низ аз Кӯлоб омада буд ва дар ҳоле ашки шодӣ дар чашмонаш ҳалқа мезад, гуфт, аз дастоварди наберааш мамнун аст ва онро ҳосили заҳматҳои худи ӯ медонад: “Мавзуна духтари меҳнатдӯст аст. Орзу дорем, бо тани сиҳату вақти хуш боз парчами Тоҷикистонро боло бардорад.”

Як гурӯҳ аз фейсбукиён низ аз Мавзуна Чориева гарм истиқбол гирифта, гулдаста дар даст каф мезаданд ва таронаи “Мавзуна - қаҳрамон, Мавзуна - чемпион”-ро зам-зама менамуданд. Саймуддин Дӯстов, ки ин гурӯҳи фейсбукиёнро раҳбарӣ мекард, гуфт: "Дар Тоҷикистон аслан ба қадри заҳмату меҳнатҳои якдигар намерасем ва кам ифтихороти умумӣ дорем. Хушбахтона, ин бонуи тоҷик барои мо як ифтихороти умумӣ офарид ва мо фикр кардем, фейсбукиёни тоҷик дар истиқболи ӯ саҳм гиранд."



Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, бошад, иштироки 16 варзишгари тоҷик дар Олимпиадаи Лондонро қаҳрамонӣ донист. Вале бо ин ҳол, ӯ гуфт, умедвор аст ва талош хоҳанд кард, то сафи онҳое, ки дар чунин мусобиқоти ҷаҳонӣ медал ба даст оранд, афзун шавад.

Дар ҳамин ҳол, яке аз ҳаводорони варзиш, мегӯяд, беҳтар мебуд, то ҳамаи 16 олимпичии тоҷик дар фурудгоҳ ҷамъ мешуданд, то як навъ аз онҳо низ дилбардорӣ мешуд. Ин шояд барои нахустин бор аст, ки теъдоди бузурги ҳаводорони варзиш барои пешвози варзишгарони тоҷик ва он ҳам дар нимашаб ба фурудгоҳ рехтанд.

Шореҳони варзиш мегӯянд, ҳунарнамоии тими Тоҷикистон дар Лондон ба сурати умум чандон муваффақ набуд ва танҳо ҳамин як медали Мавзуна Чориева кишварро аз шармсории тамом дар ин бозиҳо “наҷот” дод. Бо ин ҳама, Мавзуна Чориева дар тӯли бист соли мустақилияти Тоҷикистон нахустин зани ин кишвар аст, ки дар Олимпиада медал ба даст овардааст. Давлати Тоҷикистон ба Мавзуна Чориева 200 000 сомонӣ, “Ориёнбонк” – мошини “Лексус” ва Ҳизби наҳзати исломӣ манзил дар Душанбе ваъда кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG