Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Мавзуна: Духтарам дар оянда медали тило мегирад


Модару бибии Мавзуна Чориева. Кӯлоб, 9-уми август
Модару бибии Мавзуна Чориева. Кӯлоб, 9-уми август

Аҳли хонаводаи Мавзуна Чориева аз натиҷаи рақобатҳои ӯ дар Олимпиадаи Лондон хушҳоланд.

Ҳавлии кӯчаке дар маҳаллаи Якуми Майи шаҳри Кӯлоб серодам аст. Ин хонаи волидайни Мавзуна аст, ки ҳоло барои пешвози ӯ таъмир мекунанд. Дар ин рӯзҳо Нақшонбӣ Қурбонова, модари Мавзуна, хеле болидарӯҳ аст. Ӯ мегӯяд, "як тарафи дилаш ғамгин ҳасту як тарафи дигараш шод". Ғамгин аз он ки духтараш шикаст хӯрд, вале шукр мегӯяд, ки ӯ бо медал ба ватан бармегардад.

"Эҳсосотамро наметавонам пурра ба забон орам. Мани модар сад ҷигар хун кардам, ки як ҷома гулгун кунам. Ҳар вақте зарба ба Мавзунабону мерасид, фикр мекардам, маро заданд. Гиря мекунам, падари худораҳматиаш, ки барои духтараш муҳоҷир шуда буд, ин рӯзҳоро надид. Ҳоло духтарам 19-сола ҳаст, бовар дорам, дар оянда медали тило мегирад",-гуфт ӯ.

Бибии Мавзуна, ки 85 сол дорад, низ ҳунарнамоии набераашро тамошо карда ва мегӯяд, аз он ки Мавзуна бо афроди қадду синнашон аз ӯ боло рақобат кард, хеле нигарон буд. Солеҳамоҳ Файзуллоева, албатта, Ченг Донг ва Кэти Тейлор, рақибони Мавзунаро дар назар дорад, ки ҳарду аз набераи ӯ бузургтар буданд.

Волидони Мавзуна Чориева
Волидони Мавзуна Чориева
Ин пиразан дар ҳоле ки ҳангоми сӯҳбат бо мо ашк мерехт, гуфт: "Набераам духтари хуб аст, лекин бо одамони калон ҷанг мекунад, ки талхаи мо мекафад. Дилу ҷигари мо об шуд. Шабу рӯз дуо мекунем, ки дар ғарибиҳо Худо нигаҳ дорад. Ҳамин бачаи худораҳматиам мехост, ки Мавзуна машқ кунад. Ба гуфтаи падараш кард, Худо баракаташ диҳад. Лекин эҳтиёт ҳам хуб аст",-мегӯяд бибии Солеҳамоҳ.

Орзуи падари муҳоҷир

Ҳамсояҳо мегӯянд, хонаводаи Мавзуна зиндагии фақиронае доранд. Ягона нафаре, ки ин хонаводаро аз нигоҳи молӣ сарпарастӣ мекард, падари Мавзуна буд, ки дар ду соли пеш дар муҳоҷират дар Русия фавтидааст.

Бибигул, ҳамсояи онҳо мегӯяд, падару модари ӯ сахт бовар доштанд, ки фарзандашон ба чунин рӯзҳо мерасад: "Мавзуна дар синфи се ё чорум мехонд, ки ҳамроҳи модараш либосҳои бачакӣ пӯшида ба кӯча баромад. Гуфтам, куҷо меравад, модараш гуфт, барои машқи бокс меравад. Гуфтам, айб аст. Нақшонбӣ гуфт, духтари ман ҳамин қадар зӯри мешавад, мошин гирифта маро дар тамоми дунё гирд мегардонад. Кадом Малоикае омин гуфт, гапашон рост баромад. Мо ҳамаи ҳамсояҳо бо ӯ фахр мекунем ва ӯро дӯст медорем."



"Бачаҳо аз Мавзуна метарсиданд"

Муҳаммадҷон, бародари Мавзуна
Муҳаммадҷон, бародари Мавзуна
Шаҳноза Шарифова, дугона ва ҳамсабақи Мавзуна мегӯяд, ӯ на танҳо дар бокс, балки дигар омӯзиши фанҳои мактабӣ низ фаъол буд. Шаҳноза аз хотироташ чунин мегӯяд: "Дар мактаб духтари боинтизом буд. Рӯзе як бачаи аз мо калонтар моро ғам дода, аз оқибамон омад. Мавзуна ҳамин қадар ба хубӣ гуфт, ки наё, аммо ӯ гапро нафаҳмид. Баргашт ва ман дидам, ки он бача рӯяшро қапида дар замин афтидааст. Ӯро Мавзуна зад. Дигар ҳамин гап овоза шуд ва ягон бача ба мо наздик намешуд."

Аммо Нақшонбӣ Қадамова мегӯяд, духтараш то ҳамин бозиҳо наметавонист, ба сӯи духтарон мушт бардорад: "Ӯ бо бачаҳо машқ мекунад. Мегӯяд, ки дилам намешавад, то ба духтар мушт бизанам. Ҳозир кам-кам одат кардааст, пештар умуман ба сӯи духтар мушт бардошта наметавонист. Дар ин ҷо ҳам ягон духтаре нест, ки бо ӯ машқ карда тавонад."

Муҳаммадҷон, додари Мавзуна мегӯяд, ӯ бародар надошт, вале ҳеҷ гоҳ инро ҳис намекард, зеро Мавзуна мисли бародар ӯро ҳимоят мекард. Ҳоло аҳли хонавода ба пешвози Мавзуна омодагӣ мегиранд ва умед доранд, ки ӯ аз мусобиқоти дигари ҷаҳонӣ бо медали тилло бар хоҳад гашт. Умеде, ки натанҳо ин хонавода, балки ҳамаи сокинони Тоҷикистон дар дил доранд...
XS
SM
MD
LG