Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Мавзуна – чемпион, Мавзуна - қаҳрамон...”


Иззат Шарифӣ

Иззат Шарифӣ

Иззат Шарифӣ ба ифтихори муштзани тоҷики ширкатдори бозиҳои олимпии Лондон таронае эҷод кардааст

Овозхон ва оҳангсози маъруф Иззат Шарифӣ умед дорад, ки ин оҳанги ӯ “ёвару мададгори” Мавзуна дар набарди имрӯзаи ҳалкунандааш хоҳад шуд.

“Мавзуна –чемпион,
Мавзуна қаҳрамон,
Мавзуна беҳтарин
Муштзан аст дар ҷаҳон!







Чунин омадааст дар таронаи нави Иззат Шарифӣ, ки ду рӯз пеш иншо шуда, рӯзи 8 август дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук гузошта шуд. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ муаллиф гуфт, ки шакли “аввалия ва бидуни аранжировкаи” ин оҳанги нав аз ҷониби ӯ, писараш Эҳсон ва Айниҷон, як шогирдаш иҷро шудааст:

  • Ин тарона тӯлонитар аст, вале ба хотири ин ки он зуд паҳн шаваду то Мавзуна бирасад ва дастгирие шавад ба ӯ, чанд мисраашро сабт карда дар Фейсбук ҷо кардем. Медонед, ман аз завқи он ки Мавзунаҷон пирӯз шавад, инро навиштам. Вақте Мавзуна рӯзи 6 август пирӯз шуд, оби чашмаш рехт. Вақте як духтари тоҷик, як фарди тоҷик баромада ингуна ҳунарнамоӣ кард, бовар кунед, эҷодкор хомӯш буда наметавонад.

Иззат Шарифӣ гуфт, ки ният дорад шакли пурраи ин оҳангро “бо тамоми ҳунармандони маъруфи кишвар” иҷро кунад.




  • Мо мехоҳем, ки Мавзунаҷони мо ҳис кунад, ки ӯ танҳо нест ва мо бо тамоми Тоҷикистони азизи мо ӯро дастгирӣ мекунем.
  • Агар ҳам ӯ медали баландтарро ба даст наовард, боке нест, ҳамин биринҷӣ ҳам аллакай як дастовари калон аст. Ин ғалаба нишонаи далериву ҷасурии ин духтарак аст, ки Тоҷикистонро дар тамоми ҷаҳон маъруф кард.


Рӯзи 8 август набарди ҳалкунандаи муштзани 19-солаи тоҷик Мавзуна Чориева бо рақиби 26-солааш Кети Тейлори ирландӣ дар назар аст. Тейлор, қаҳрамони панҷкаратаи ҷаҳон дар муштзанӣ аз рақибони аслии Мавзуна Чориева дар роҳ ба сӯи нишони тиллои олимпӣ гуфта мешавад. Пирӯзии ахири варзишгардухтари тоҷик дар Олимпиада бар муштзани чиноӣ Чен Донг ҳаводорони Мавзунаро дар дохил ва беруни Тоҷикистон рӯҳбаланд кард, чун то имрӯз варзишгарони тоҷик натавонистанд ба дастовардҳои чашмраси рақобатҳои олимпӣ даст ёбанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG