Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти тоҷик ва ҳаводорони Мавзуна Чориева дар маъракае аз олимпичиёни кишвар истиқбол хоҳанд гирифт.

Мақомоти Тоҷикистон дар маъракае аз олимпичиёни кишвар истиқбол хоҳанд кард ва раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо ягона барандаи медали олимпӣ мулоқот хоҳад дошт. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон шаби 15 ба 16-уми август аз Лондон ба Душанбе меояд.

Маҳмуди Абдулло, сардори шӯъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпиии Тоҷикистон рӯзи 14-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳавопаймои ҳомили варзишгарони тоҷик соати 1-и шаби рӯзи 16-уми август дар фурудгоҳи Душанбе хоҳад нишаст. Ҷаноби Абдулло гуфт, масъулони арсаи варзиши кишвар барои пешвози ҳайати мунтахаб омодагии ҳамаҷониба дида ва маросими вижаеро рӯи даст гирифтаанд.

Вай илова кард, “шаби 15 ба 16-уми август соати 1-и шаб рейси Киев-Душанбе анҷом мешавад, ки дар он варзишгарони тоҷик аз Лондон меоянд. Дар Маҳмуди Абдулло

Маҳмуди Абдулло

фурудгоҳи Душанбе маросими ботантанаи пешвозгирӣ бо иштироки роҳбарияти Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва намояндаҳои васоити ахбори омма баргузор мешавад, ки варзишгаронро ва бо гулу гулчанбарҳо истиқбол мекунанд."

Ҳамин манбаъ афзуд, қарор аст шабакаҳои телевизионии кишвар, хабарнигорон ва ҳар нафари мухлису ҳаводори ин варзишгарон ва бахусус Мавзуна Чориева, ягона барандаи медали олимпӣ барои Тоҷикистон, дар ин маросим дар фурудгоҳ иштирок намоянд.

Ин дар ҳолест, ки масъалаи истиқболи арзандаи дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук ба як баҳси доғ табдил шудааст. Бархе аз корбарони ин шабакаи иҷтимоӣ аз онки ҳавопаймо дар бевақтии шаб вориди Душанбе мешавад, изҳори нигаронӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, Тоҷикистон ҳатто ҳамин шароити пазироии сазовори варзишгарони худро наметавонад таъмин кунад. Дар ҳоле ки мешуд замони парвозро ба вақти муносибтари рӯз иваз кард.

Аммо Тeмур Бандишоев, сухангӯи ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр", ки варзишгаронро меорад, гуфт, "мутаассифона тағйири замони парвози мазкур ғайриимкон аст". Чун, ба гуфтаи ӯ, ин парвоз як парвози мунтазам аст, ки барои иваз кардани он бояд барои беш аз 150 мусофир ва чанд ширкати ҳавопаймоймоӣ дар кишварҳои дигар, ки ҳавопаймо аз ҳарими ҳавоии онҳо мегузарад, ҳамоҳанг кард.

Бандишоев афзуд, мухлисони Мавзуна Чориева набояд ин соати шабро баҳона карда, аз истиқболи ӯ худро канор кашанд: "Бо таассуфи зиёд барои ҳаводорони Мавзуна Чориева, ки мехоҳанд ӯро шабона дар фурудгоҳи Душанбе пешвоз бигиранд хабар медиҳем, ки ширкати Сомон Эйр Темур Бандишоев

Темур Бандишоев

имкони тағйир додани хатсайри мазкурро надорад. Ин хатсайр мунтазам аст ва дар як вақт анҷом дода мешавад. Ба ҷуз аз Мавзуна дар ин ҳавопаймо беш аз 150 мусофири дигар парвоз мекунанд, ки чиптаҳои худро аз қабл харидорӣ кардаанд. Зеро ин кор на танҳо аз Тоҷикистон, балки аз кишварҳои дигар низ вобаста аст. Вале фикр мекунам, барои мухлисони ҳақиқии Мавзуна, вақту соат ва ҳатто ҳаво садди роҳ намешавад."

Бо ин ҳол, Маҳмуди Абдулло, сардори шӯъбаи варзиши Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гуфт, баъд аз истиқболи варзишгарон худи ҳамон рӯз маҷлиси ботатана дар шаҳри Душанбе бо ширкати масъулони соҳа доир хоҳад шуд ва қарор аст Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Мавзуна Чориеваро ба ҳузур пазирад.

Зимнан, дастоварди Мавзуна Чориева, муштзани 19-солаи тоҷикро намояндаи СММ дар Тоҷикистон низ бо интишори як паёме табрик карда ва гуфтааст, "Шумо рағбати фавқулода ба зафар ва омодагии олии ҷисмонӣ ва руҳӣ нишон додед ва медали олимпии Шумо худ тасдиқи муваффақи ширкати духтарон дар ин намуди варзишҳост, ки маъмулан навъи мардона маҳсуб меэбанд. Ин нукта муҳим аст, ки бо намоиши бокси зебову ҷаззоб Шумо бештар аз ҳама тавонистед, ки назарҳои стереотипии ҷинсиро дар мавриди иштироки духтарон дар варзиш барҳам занед."

Интизор меравад, Мавзуна Чориева баъд аз анҷоми маросими истиқбол дар шаҳри Душанбе ба зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб биравад, ки дар он ҷо низ ба муносибати барандаи сабқати олимпӣ шудани ӯ маросими мутантан баргузор хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттиллои як манбаъ, гурӯҳе аз ҳаводорон ва мухлисони Мавзуна Чориева аз шаҳри Кӯлоб бо шиору овезаҳо савори автобусҳо озими пойтахт шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG