Пайвандҳои дастрасӣ

Қоҳир Расулзода ба Мавзуна Чориева 30 000 сомонӣ дод


Мавзуна Чориева дар ҳузури Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд

Мавзуна Чориева дар ҳузури Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд

Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷӣ дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Лондон, бо даъвати раиси вилояти Суғд ба Хуҷанд рафтааст.

Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 ва мураббияш – Мирзо Шамсиевро ба ҳузур пазируфта, ба ӯ 30 ҳазор ва ба устодаш 5 ҳазор сомонӣ тақдим кард.

Ҷаноби Расулзода гуфт, мухлисони варзиш бо пирӯзии ин духтари тоҷик ифтихор мекунанд ва "дар Исфара модароне ҳам номи фарзанди худро Мавзуна гузоштаанд, то мисли Мавзунаи шӯҳратёр парчамбардори Тоҷикистон гарданд."

Мавзуна Чориева бо даъвати раиси вилояти Суғд барои муддати кӯтоҳ ба Хуҷанд омадааст ва дар осоишгоҳи "Баҳористон", дар канори баҳри Қайроққум, ба сар мебарад. Худи ӯ пас аз гирифтани тӯҳфа аз сӯи раиси вилояти Суғд, ба хабарнигорон гуфт, то рӯзи панҷуми сентябр дар Суғд хоҳад буд ва бо варзишгоҳҳову ҷавонони варзишгари минтақа ошноии бештар пайдо хоҳад кард. "Мо ҳамагонро ба рушди варзиш, махсусан, миёни духтарон тарғиб мекунем",-афзуд вай.

Лаҳзае аз мулоқоти Мавзуна Чориева ва устодаш Мирзо Шамсиев бо Қооҳир Расулзода дар Хуҷанд

Лаҳзае аз мулоқоти Мавзуна Чориева ва устодаш Мирзо Шамсиев бо Қооҳир Расулзода дар Хуҷанд

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG