Пайвандҳои дастрасӣ

Неъматов: "Фарзанди ман ҳақ дошт, ба Лондон биравад"


Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон

Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон

Маликшо Неъматов дар робита ба сафари писараш ба Лондон барои тамошои Бозиҳои олимпӣ изҳори назар кард.

Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, даъвои Ҳусейн Ғаффорӣ - мураббии эрониро дар мавриди он ки мақомоти тоҷик гӯиё ҷои ӯро дар шаҳраки олимпӣ ба афроди ғайриварзишӣ додаанд, рад кард. Вай рӯзи 30-юми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "даъвои Ғаффорӣ як даъвои хушку холист. Дар бораи ширкати ӯ дар бозиҳои олимпӣ ягон мувофиқа набуд."

Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии Тоҷикистон ҳамзамон таъйид кард, ки дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, писари 14-солааш ӯро ҳамроҳӣ кардааст. Ҷаноби Неъматов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тибқи даъвати ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ ӯ ҳақ дошт, писарашро ҳамроҳи худ дар ин сафар бигирад. "Ӯ ба ин ҳақ дошт. Дар ин маврид мо ягон қоидаи Кумитаи байналмилалии олимпиро поймол накардаем",-афзуд Неъматов.

Вай илова кард, "олимпичён ба ин сабқат бо мураббиёни худ рафтанд. Баъдан аз зумраи раҳбарияти Кумитаи олимпӣ ҳар кадоме, ки ба Лондон рафт, нафароне ҳастанд, ки фаъолияту рӯзгорашон ба варзиш бахшида шудааст. Аз ҷумла, Мирсаид Яхёев, Ширин Маҳмадсафоев ё ин ки Маҳмуди Абдулло ё Носир Бозор, ки мураббии шахсии Парвиз Собиров аст. Ҳамчунин, мо бевосита тарҷумон бурдаем, зеро аз дасати олимпӣ касе забони англисиро намедонист. Дар он ҷо ҳар қадам зарурат ба тарҷумон пеш меомад."

Ин ҳарфҳои Маликшо Неъматов дар ҳоле гуфта мешаванд, ки бархе аз расонаҳо сафари писару котибаи ӯ ба Лондонро "коре нодуруст" арзёбӣ кардаанд. Онҳо ин суолро матраҳ кардаанд, ки писари Неъматов то куҷо барои ҳузур дар деҳкадаи олимпӣ ҳақ дошт. Аз ин пештар, Ҳусейн Ғаффорӣ, мураббии собиқи тими таэквандои Тоҷикистон, ки дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматовро ҳамроҳӣ мекардааст, дар сӯҳбат бо Би-Би-Си гуфта буд, бо вуҷуди доштани корт дар пушти дарвозаи деҳаи олимпӣ дар Лондон монда, аз раҳнамоии шогирдонаш маҳрум шудааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, масъулони риштаи варзиши Тоҷикистон ҷои ӯро дар деҳаи олимпии Лондон ба “афроди ғайриварзишӣ” ҳадя кардаанд.

“Ба деҳкадаи олимпӣ бо корт ворид шудам. Кортро нишон додам, гуфтанд, ки риҷестер (регистратсия) шудаед, аммо ҷой надоред. Мо бояд корти Шуморо бекор кунем. Гуфтам, ба чӣ далел? Гуфтанд, Тоҷикистон ин ҳама саҳмия, ки дорад дар деҳкада, пур кардааст”, - гуфтааст ӯ.

Мураббии эронӣ дар сӯҳбаташ ба ин нукта ишора кардааст, ки саҳмия ё квотаи Тоҷикистонро бештар онҳое дарёфт ва дар деҳкадаи олимпӣ ҳузур доштанд, ки ғайриварзишӣ буданд: “Кортҳои зиёде содир карда буданд ва меҳмонҳои зиёде ҳам дар деҳкадаи олимпӣ доштанд. Яке аз онҳо писари Неъматов, муовини аввали раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, буд. Як писарбачаи 13-14-сола. Аз 18-уми июл дар деҳкадаи олимпӣ буд. Аммо мураббии тими Тоҷикистон дар берун монд ва афроде, ки ба варзиш рабт надоштанд ва ё меҳмонашон буданд, дар он ҷо ширкат карданд."

Ёдовар мешавем, дар Олимпиадаи Лондон 16 варзишгари тоҷик иштирок карданд ва аз миёни онҳо танҳо муштзан Мавзуна Чориева бо медали биринҷӣ бозгашт. Дар миёни онҳо таэквандочиёни тоҷик Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов низ буданд, ки бори аввал аз рӯи ин навъи варзиш иштирок доштанд, аммо дар бозӣ бо ҳарифони худ ба шикаст рӯбарӯ шуданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG