Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду рӯз беҳушии як ҷавон аз латукӯб ҳини "облава"


Ноҳияи Панҷакент.
Ноҳияи Панҷакент.

Волидони як ҷавони сокини деҳаи Яккахонаи ноҳияи Панҷакент мегӯянд, ки писарашон бар асари латукӯби кормандони комиссариати ҳарбӣ ҳини "облава", ду рӯз дар беморхона беҳуш мондааст.

Бар асари латукӯби кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷакент сокини деҳаи Яккахонаи ноҳия Саидалӣ Ҳақбердиеви 24-сола ду рӯз беҳуш дар беморхона бистарӣ шуда, пардаи гӯшаш даридааст. Мирзоалӣ Ҳақбердиев, сокини деҳаи Яккахонаи ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Панҷакент рӯзи 7 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш Саидалӣ Ҳақбердиевро чоруми ноябр кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия бидуни даъватнома ва огоҳии пешакӣ аз даруни хона ба зӯр гирифта, дар роҳ то маркази ноҳия латту куб кардаанд, ки бар асари он вай беҳуш шуда, пас аз ду рӯз дар беморхона ба худ омадааст. Саидалӣ Ҳақбердиев ҳамин сол Донишгоҳи Хуҷандро хатм карда, ба деҳааш барои кор баргаштааст.

Пизишки беморхона касалиҳои рӯҳии Панҷакент дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Саидалиро бо занбар (носилки) оварданд, ки беҳуш буд ва пардаи гӯшаш даридааст. Вай гуфт, ки ҳоло табобат идома дорад ва Саидалӣ агарчӣ ба ҳуш омада бошад ҳам, ҳанӯз гап зада наметавонад.

Дар ҳамин ҳол Комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷакент подполковник Саидҳомид Наботов ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тоза ба ин вазифа шурӯъ кардааст ва аз ин ҳодиса хабар надорад. Комиссари ҳарбии Панҷакент афзуд, ба ҷамоати деҳае, ки Саидалӣ Ҳақбердиев зиндагӣ мекунад, тамос гирифтааст ва ҳеҷ кас аз ин ҳодиса хабар надоштааст.

Аммо Юсуф Саидюнусов, раиси ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфт, чаҳор рӯз қабл вай дар ситоди ҳукумати ноҳия навбатдор буд ва аз комиссариати ҳарбӣ ӯро аз вазъи Саидалӣ Ҳақбердиев бохабар кардаанд: “Вақте ки маро бохабар карданд, зуд мошини ёрии таъҷилиро даъват кардем ва Саидалиро, ки беҳуш буд, ба беморхона овардем, вазъияти бача бисёр бад буд, аз гӯшаш хун мерафт. Ман ба кормандони комиссариат гуфтам, ки бисёр рафтори номатлуб кардаанд.”

Тӯҳфа Суфиева, модари Саидалӣ мегӯяд, ки писараш ҳамин сол донишгоҳро хатм кардааст ва ҷои кор суроғ дошт. Вай мегӯяд, намедонад чӣ гуна кормандони комиссариати ҳарбӣ фарзандашро бурдаанд ва фақат раиси ҷамоат онҳоро бохабар кардааст, ки ба беморхона ба аёдати фарзандашон бираванд.

Даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиши Тоҷикистон 1 октябр оғоз ёфт ва ду моҳ идома мекунад. Синну соли аскарӣ дар Тоҷикистон аз 18 то 27 сол аст, вале теъдоди ҷавононе, ки бо ихтиёри худ ба хидмат мераванд, ангуштшумор мебошад. Мақомот нақшаи даъватро ба ин далел асосан аз ҳисоби маъракаҳои дар байни мардум маъруф ба “облава” пур мекунанд. Сафарбарии иҷборӣ ба артиш ё “облава” аз масоилест, ки ҳамвора мавриди интиқоди созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар қарор доштааст.

XS
SM
MD
LG