Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Облава нест, аммо ба ҷустуҷӯи ҷавонони саркаш меравем"


Хушнуд Исомиддинов мегӯяд, рӯзи бомдоди рӯзи 25 апрел дар пайи "облава" аз ошёнаи чаҳорум сарозер шуд ва ду муҳраи миёнаш шикастааст.
Хушнуд Исомиддинов мегӯяд, рӯзи бомдоди рӯзи 25 апрел дар пайи "облава" аз ошёнаи чаҳорум сарозер шуд ва ду муҳраи миёнаш шикастааст.

Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд ҷалби маҷбурӣ ё “облава”-и ҷавонон ба сафи артишро радд мекунад, аммо мегӯянд, кормандони ин ниҳод ба ҷустуҷӯи ҷавонони саркаш ба хонаҳои онҳо мераванд.

Алиҷон Раҳмонов, масъули даъват дар комиссариати ҳарбии Суғд дар сӯҳбат бо “Озодӣ” гуфт, дар ҳолати рӯ ба фирор овардану ҷароҳат дидани ҷавонони саркаш аз хидмати ҳарбӣ, масъулият бар дӯши онҳо хоҳад буд. Вай афзуд: “Дар ягон ҷо “облава” нест. Масалан, ин тавр мешавад, ки даъватшаванда аз тирезаи хона ё чашмаки дар корманди низомипӯшро мебинаду рӯ ба гурез меорад. Агар вақти фирор бо вай ягон чӣ рух диҳад, магар ин ҷо кормандони мо айбдоранд?”

Ҳамин тавр, ҷавони 23 солаи суғдӣ Хушнуд Исомиддинов субҳи рӯзи ҷумъаи 25 апрел дар маҳаллаи 31-уми Хуҷанд, вақте 4 нафар афроди либоси мулкӣ бар тан хостанд ӯро ҳамроҳи худ ба комиссариати ҳарбӣ баранд, хост аз балкон поин фуромада, худро аз дасти онҳо раҳо кунад. Аммо аз ошёнаи чорум ба замин афтида, ду муҳраи миёнаш шикаст ва сараш сахт зарб дид. Вай ҳоло дар бемористони вилоятӣ бистарӣ аст ва табибон ҳолашро вазнин арзёбӣ мекунанд.

Аммо Алиҷон Раҳмонов, як масъулони даъвати ҷавонон ба артиш дар комиссариати ҳарбии Суғд дар мавриди қазияи Хушнуд чунин гуфт: “Ба фаҳмиши ман, вай вақти аз як балкон ба балкони дигар гузаштан, ба замин афтидааст. Ман дар он гурӯҳ ҳамроҳ набудам ва ҷузъиёти ҳодиса аз ин зиёд ба ман равшан нест. ”

Ин масъули комиссариати ҳарбии Суғд афзуд, аммо шумораи ҷавонони саркаш аз хидмат кам аст, аксари ҷавонон бо гирифтани даъватномаи расмӣ ҳозир мешаванд ва бархе мунтазири даъват ҳам нашуда, худ ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ меоянд.
Хушнуд дар бораи фирораш аз "облава"2
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:51 0:00

Худи Хушнуд Исомидинов низ рӯ ба фирор оварданаш аз 4 нафаре, ки ба манзили зисташ даромадаву мехостанд ӯро ба ба зӯр ба комиссариати ҳарбӣ баранд, радд намекунад. Аммо вай мегӯяд, то он вақт ӯро бо даъватномаи расмӣ ба хидмати ҳарбӣ нахонда буданд. Ҳамчунин, баъди он, ки ба замин зад ва сахт осеб хӯрд, ӯро ба комиссариати ҳарбӣ бурданд ва то ташхиси табиб он ҷо нигаҳ доштанд.

Мақомоти Суғд бо гузашти беш аз ним моҳ аз қазияи Хушнуд Исомиддинов ҳанӯз натиҷаи санҷиши худро баён надоштаанд. Додситонии шаҳри Хуҷанд, ки ин ҳодисаро мавриди санҷиш қарор дода буд, мегӯяд, онро ахиран дар ихтиёри додситонии ҳарбии вилояти Суғд гузоштааст. Як масъули додситонӣ рӯзи сешанбеи 13-уми май дар сӯҳбат бо "Озодӣ" чунин тавзеҳ дод: “Он ҷо кормандони комиссариати ҳарбӣ ва дигарон буданд, барои ҳамин ин қазияро додситонии ҳарбӣ месанҷад ва қарор қабул мекунад.”

Дар ҳоле, ки ин гузориш омода мешуд, аз комиссариати ҳарбии Суғд ба “Озодӣ” гуфтанд, ки маводи марбут ба қазияи Хушнуд Исомиддиновро дастрас кардаанд. Аммо аз он, ки масъули санҷиш машғули бозпурсист, аз ҷараён ё натиҷаи он дар ҳоли ҳозир чизе гуфта наметавонанд.

Созмони ҷавонони “Ампаро”, ки ҳимоят аз ҳуқуқҳои даъватшавандагон аз самтҳои аслии фаъолияташ аст, Хушнудро таҳти ҳимояти ҳуқуқии худ гирифтааст. Дилафрӯз Самадова, ҳуқуқшиноси ин созмон дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, мунтазири дастрас кардани маводи марбут ба қазияи Исомиддинов аз додситонӣ аст ва онгоҳ касонеро, ки бе ирсоли даъватномаи расмӣ барои адои хидмат ба манзили Хушнуд ворид гаштаву боиси фирор ва маъюб шуданаш гаштаанд, назди қонун ба ҷавобгарӣ хоҳанд кашид.
XS
SM
MD
LG