Пайвандҳои дастрасӣ

Тасаввури манфӣ аз хизмати сарбозӣ дар зеҳни ҷавонон аз куҷост?


Ин ҷавонон тӯшаи сафар бар дӯш бастаанд, тӯшаи сафар ба хидмати сарбозӣ. Аммо яке аз ин сафар ифтихор дорад, дуввуми ҳарос ва саввуми дар сар орзу мепарварад.

Орзу дорад, ки хидмати сарбозиро бо сари баланд иҷро мекунад ва бо ифтихору арҷмандӣ ба ҳузури волидайн ва наздикон бармегардад. Дигаре аз он ҳарос дорад, ки чӣ мушкилу сахтие ӯро дар ин сафар дар пеш аст. Аввалӣ аз он мефахрад, ки барои ҳифзи марзу буми ватан довталабона раҳ пеш гирифтааст. Ва ин ҳама сарбози ватан хоҳанд шуд.

Фаридун Маҳмадалиев, сӯхангуи вазорати дифои Тоҷикистон иллати то ҳанӯз боқӣ мондани артишгурезӣ дар миёни ҷавонони Тоҷикистонро ба саҳифаҳои талхи таърихи 20 соли ахири кишвар рабт медиҳад. Ба гуфтаи Фаридун Маҳмадалиев, бо манзури ҳалли ин мушкилот, ҳукумати Тоҷикистон дар тӯли 16 соли ахир барои бунёди инфрасохтор ва беҳтар кардани шароити хидмати сарбозон 135 миллион сомонӣ ихтисос додааст, ки як қадами ҷиддие дар роҳи бунёди як артиши муосир аст.

Вале таҳлилгарони умури низомӣ афзоиши таваҷҷӯҳи ҷавонон ҷиҳати хидмат дар сафҳои артишро тайид намекунанд. Ба қавли онҳо, дар кишваре, ки 8 миллион сокин ва 2 миллион ҷавони сини қобили сарбозӣ дорад, пурра кардани сафи артиш бо усулҳои ғайриқонунии ба истилоҳ «облава» далели заъфи ташвиқот ва адами имтиёзҳои хос ба сарбозони собиқ аст.

Маҳдӣ Собир, таҳлигари низомӣ бар он аст, ки тасаввури манфии хидмати сарбозӣ дар зеҳни ҷавононро на артиш, на вазорати дифоъ ва на волидайн эҷод кардааст. Ба қавли ӯ, муқассири аслӣ дар ин кор қонунгузорони тоҷик аст, ки ҳанӯз ҳам дар ҷаҳорчӯбаи сохтори шӯравии бештар аз 20 соли пеш суқуткарда, мардумро тобеъ кардаанд.

Аммо тасаввури мардум ба хусус ҷавонон дар баробари шароити хидмат дар Артиши Тоҷикистон чӣ гуна аст. Ҳарчанд дар шароити феълӣ ҷавонон ва артиши Тоҷикистон ба чунин мушкилоте рӯ ба рӯ аст, аммо марзу буми ин кишвар ба ҳар қиммате ҳам мунтазири сарбозон муҳофизонаш аст.

Навори зер роҷеъ ба хидмат дар артиш ва роҳҳои ҳалли мушкилот дар он ҳикоят мекунад, ки Шумо низ метавонед назару андешаҳои худро дар инҷо бо мо шарик созед.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG