Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Облава" дар Хатлон. "Ин кор бо фармони раиси ноҳия сурат мегирад!"


Созмони ҷамъиятии мудофеи ҳуқуқи «Рушд»-и вилояти Хатлон аз мақомоти давлатӣ хостааст, ки аз қонуншиканиҳои фаровон дар мавсими даъвати ҷавонон ба артиш ба зудтарин фурсат ҷилавгирӣ кунад.

Юсуф Муҳаммадзода, раиси созмони мазкур, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин вилоят мавридҳои зиёди нақзи ҳуқуқҳои конститутсионии ҷавонон, аз ҷумла боздоштҳои ғайриқонунӣ, таъқиб ва дохил шудан ба манзил бидуни иҷозат ва тарсу ваҳм додани онҳо ба мушоҳида мерасад.

Ба иддаои ҷаноби Муҳаммадзода, масъулони комиссияҳои даъват барои ҷалби иҷбории ҷавонон ба Нерӯҳои мусаллаҳ аз зӯр кор мегиранд ва дар «облава»-и онҳо аз нерӯи одамони мулкӣ, афроди паҳлавононҷусса истифода мекунанд.

Юсуф Муҳаммадзода мегӯяд, чунин рафтори мақомоти алоҳида ва он ҳам дар пешорӯи маъракаи сиёсӣ – интихоботи раиси ҷумҳур фаъолият ва обрӯи ҳукумати феълӣ ва номзадҳои дигарро, агар доир ба ин масъала вокуниш нишон надиҳанд, доғдор хоҳад кард. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, охири ҳафтаи гузашта дар деҳаи ба номи Ҷомии ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Бохтар соати 6-и субҳ ҷавони донишҷӯеро дар роҳ чаҳор марди бузургҷусса таъқиб карда, боздоштанд ва иҷборан ба мошин шинонда, ба комисариати ҳарбии ноҳия бурданд.

«Чаро ба ин ҷавон авал даъватномаи расмӣ надоданд? Аҷибаш ин буд, ки ин амалҳои зиддиқонунӣ дар шоҳидии раисони ҷамоатҳо ва намояндагони ҳокимияти давлатӣ сурат мегирад. Вақте ба Рӯшанбӣ Давлатова, раиси ҷамоати Меҳнатобод, муроҷиат карда, шарҳи ин ҳолатро хостем, бо лафзи дурушт посух дод: «Чӣ, барои падари ман хизмат мекунад? Чаро аз мо мегурезад? Ин кор бо фармони раиси ноҳия сурат мегирад!». Магар чаҳор марди ношинос, бидуни муаррифӣ аз пайи нафаре даванд, одам намегурезад?! Ҷавононро дар комиссариати ҳарбӣ пушти панҷараи оҳанӣ нигоҳ медоранд ва волидон ҳатто имкони дидор бо фарзандони худро надоранд, мисли он ки ин ҷавонон ҷинояти шадиде содир кардаанд», - афзуд Муҳаммадзода.

Масъулони созмони мудофеи ҳуқуқи «Рушд» мегӯянд, иҳотагирии ҷавонон амали ғайриқонунӣ буда, ҷавобгарии ҷиноятӣ дар пай дорад. Аммо, ба таъкиди ин созмон, амалан мақомоти давлатӣ ин банди қонунро нодида мегиранд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки додситонии низомии минтақаи Қӯрғонтеппа мегӯяд, ба ин ниҳод нафаре доир ба «облава» ва ё дигар амалҳои ғайриқонунии комиссияҳои даъват ба хизмати аскарӣ шикоят набурдааст. Аммо аз ҷониби додситонӣ ҳанӯз таҳқиқи парвандаи марбут ба 13 хонандаи мактаб, ки аз ҷониби комиссияи даъвати ноҳияи Шаҳритус ба хизмати сарбозӣ равона шудаанд, идома дорад. Бар асоси қонун, толибилмони мактабҳо набояд ба нерӯҳои мусаллаҳ ҷалб шаванд.

Вале масъулони созмони «Рушд» мегӯянд, бархе афроди масъул ба комиссияи даъват ба ҳадде меъёрҳои қонунро зери по мезананд, ки ҳатто дахлнопазирии манзилро, ки Сарқонун кафолат додааст, нақз карда, ҷавононро аз ҷойгаҳи хобашон даст гирифта, ба комиссариатҳо мебаранд.

Таъқибу «облава», ба иддаои ҷомеашиносони маҳаллӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ, боиси эҷоди фазои тарсу ҳарос, гирифторшавии ҷавонон ба бемориҳо, амалҳои ғайриқонунӣ, «фирор»-и аҳолии қобили кор ба муҳоҷирати меҳнатӣ гардида, ҳатто ба масъалаи демографӣ ва интихоботи президентии қарибулвуқӯъ низ таъсир доштааст. Соле пеш ҳам дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҷавоне дар пайи таъқиби масъулони даъват ба артиш, фирор карда, ба дарёи камобе сарозер шуд ва маъюб гардид.

Айнан чунин ҳодиса дар ноҳияи Ёвони ин вилоят ҳам рух дода буд ва ҷавони аз дасти кормандони мақомот гурехта аз боли пул сарозер афтида буд. Аммо тавре ки пайвандонаш гуфтанд, ҳеҷ нафар аз таъқибгарон ба муҷозот кашида нашуданд.

Ҳоло ҷавонон талош мекунанд, ба хотири раҳоӣ ёфтан аз хизмати сарбозӣ ҳарчи зудтар оила барпо карда ва соҳиби ду фарзанд шаванд, зеро бар асоси қонун, чунин афрод ҳаққи ба таъхир андохтани замони хизмати сарбозиро доранд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки Ғайбулло Авзалов, раиси вилояти Хатлон, зимни мулоқоте бо даъватшавандаҳо ба сафи артиш гуфт, ҳоло вазъи артиши миллӣ ва таъминоти ғизо дар воҳидҳои низомӣ беҳтар шудааст. «Ман афсӯс мехӯрам, ки ҷавонон дар баъзе ноҳияҳо аз адои хизмати ҳарбӣ сар метобанд. Ин камоли ҷавонмардӣ нест. Пеш агар ба хонаи духтардор хостгор мерафт, духтардор мепурсид, ки писаратон хизмат кардааст ё не. Писари хизмат кардагӣ обрӯю манзалат дошт. Ҳоло ҳам хуб мебуд, агар ин тенденсия ҷорӣ шавад. Чунки артиш ин як мактаби ҷасорату мардонагист ва мардро обутоб мебахшад», - гуфт Авзалов.

Вале ҷалб нашудани писарони мансардорон ба хизмати ҳарбӣ сару садоҳоеро ба минён овардааст ва суханони масъулони мақомотро дар бораи «хуб» будани шарити хизмати ҳарбӣ зери суол мебарад.

Баъзе мақомоти Хатлон ҷиҳати ҳавасмандсозии ҷавонон барои пайвастан ба сафи артиш ба волидонашон ваъдаи зиёрати бенавбати Каъба, ихтисоси қитъаи замин ва имтиёзҳои дигар медиҳанд.

Манобеи огоҳ мегӯянд, ба раисони ҷамоатҳо супориш шудааст, ки теъдоди муайяни ҷавононро ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир кунанд, дар акси ҳол, аз мақомҳояшон барканор хоҳанд шуд. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки дар баъзе маворид афроди масъули давлатӣ ба ҷавонон ваъдаи маблағ медиҳанд, то ихтиёран ба хизмати аскарӣ раванд ва онҳо курсиҳои худро ҳифз бикунанд.
XS
SM
MD
LG