Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати шаҳри Ваҳдат қарор кард, ба ҳар ҷавоне, ки бо ихтиёри худ ба хидмати ҳарбӣ меравад, 10 сотих замини обӣ ва ё 15 сотих лалмӣ медиҳад.

Ин хабар ҷавононеро, ки дар фикри фирор ба Русия буданд, то ба сафи артиш нараванд, маҷбур кард, сари ояндаи хеш фикр кунанд. Ва он ҳам дар ҳоле, ки дар ноҳияи Ваҳдат чандин ҳазор оила хостори гирифтани қитъаи замин барои бунёди манзиланд. Қитъаи замин барои ҳар оила муҳим аст ва як ҷавон низ бе он нахоҳад тавонист, зиндагии ояндаи худро ба роҳ монад.

Вале, зоҳиран, ин ташаббуси як ҳукумати маҳаллист, ки мехоҳад, ба иҷрои нақшаи даъвати аскарбачаҳо ба артиши миллӣ кӯмак кунад. Дар сатҳи кишвар чунин ташаббусҳое, ки тавонанд, ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ дилгарм намоянд, ба назар намерасад. Биноан, даъватҳои баҳорӣ ва тирамоҳӣ ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ғолибан ба таври маҷбурӣ ва гирудорҳое, мавсум ба “облава” ҷараён мегиранд.

Дар сӯҳбатҳои сарироҳӣ дар хиёбони марказии Душанбе, аксари ҷавонон хидмати ҳарбиро “сарфи беҳудаи ду соли умр” номиданд ва бархе ҳам инро баршумуоранд, ки дар ду соли кор дар Русия кас метавонад то 7-8 000 доллар пул кор кунад ва зиндагии ояндаи худро ба роҳ монад.

Раҷабалии Холиқназар, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мегӯяд, агар ҷавонон пас аз адои хизмати ҳарбӣ ягон имтиёз медоштанд, шояд бе ягон мушкилӣ ба хизмати ҳарбӣ мерафтанд. Вай мегӯяд, дар бораи шарту шароити аскарони дигар кишварҳо тариқи интернету хабарҳо ошност ва барои намуна, дар Узбекистон ҷавоне, ки адои хизмати ҳарбӣ мекунад, бо баҳои паст ҳам бошад, метавонад ба гурӯҳҳои буҷавии донишгоҳҳои давлатӣ дохил шуда, таҳсил кунад: «Агар ҳамин хел шароитҳо боша,д ҳар як шаҳрванд мехоҳад, ки рафта хизмат кунад ва баъди он омада дар дилхоҳ донишгоҳу факулта ҳуҷҷатҳояшро супурда, соҳиби ихтисос шавад. Аз ҷумла ман ҳам инро мехоҳам».

Аммо Алидод Расулов, сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, бино ба қонуну қоидаҳо, ҳамаи довталабон дар Тоҷикистон шароити якхела доранд. Танҳо онҳое, ки бо баҳои аъло хондаанд, имтиёз дода мешавад: «Имтиёз барои ҳама як хел аст, новобаста аз он, ки мактабро ин сол тамом кардааст, ё адои хизматӣ ҳарбӣ намудааст. Дар қонунгузории мо чунин имтиёзҳо пешбинӣ нагардидааст.»

Ин пурсиш метавонад матраҳ шавад, ки агар як ноҳияи Тоҷикистон метавонад, бо ҷудо кардани қитъаҳои замин ҷавононро ба хидмати ҳарбӣ ҳавасманд гардонад, чаро Вазорати маориф ё донишгоҳу донишкадаҳои алоҳида наметавонанд, бо ҷудо кардани ҷой дар синфхонаҳо барои онҳое, ки хидмати ҳарбиро ба поён расондаанд, имконияти хуби бозгашт ба ҳаёти осоиштаро фароҳам оранд. Аммо, гуфта мешавад, шояд беҳтар аст, ки феҳрасти имтиёзҳо барои сарбозони собиқ аз тариқи қонунгузорӣ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тавсиб ва барои ҳамаи манотиқи кишвар ва ҳамаи идораву муассисаҳо ҳамсон гардад.

Дар порлумони кишвар дар ин бора ба мо гуфтанд, гӯё тарҳи як чунин қонун дар ҳоли омода шудан аст. Саттор Холов, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси Намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният дар ин бора гуфт: «Пешниҳод кардани имтиёзҳо, махсусан ба хизматчиёни ҳарбӣ, яъне ба он нафароне, ки дар қисмҳои ҳарбӣ хизмат мекунанд, ин зарурати воқеӣ аст. Чӣ тавре, ки баъзе имтиёзҳо буд аз қабиди дохил шудан ба кору донишгоҳҳои олӣ, зери назорат аст ва бовар дорам, ки масъала ҳалли худро меёбад».

Талошҳои таҳияи чунин тарҳро масъули бахши тарбияи ватанпарастии ҷавонон ва кор бо толибилмони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Иброҳим Мирзоев, низ тасдиқ кард ва гуфт, аз ҷониби кумита чанд пешниҳод шудааст: аз қабили дохил шудан ба мактабҳои олии кишвар, ба ҷой кор таъмин кардани онҳое, ки хизмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд ва ғайра.

Ӯ афзуд: «Пешниҳоди дигар бо истифода аз имконият омӯзиши курсҳои забономӯзӣ, компютерӣ ва касбу ҳунаромӯзӣ барои сарбозон, пешбинӣ гардидааст. Фикр мекунам он нафаре, ки лаёқат дораду мехоҳад аз иқдоми амалигардида истифода барад, метавонад баъди адои хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ, чун нафари соҳибкасб барои идома додани фъолияташ дар дилхоҳ сохторҳои кишвар ба кор сафарбар гардад».

Бархе аз ҳамсӯҳбатони мо ба он ишора мекунанд, ки дилсардии ҷавонон аз артиш на ба набуди имтиёзҳо, балки вазъ дар худи артиш бастагӣ дорад. Бежани Бекназар, як ҷавон, ки ронандаи таксӣ шуда кор мекунад, мегӯяд, агар шароит дар артиш хуб бошад, на ҳамаи ҷавонон бидуни даъват ба хидмат мераванд: «Бисёранд бачаҳое, ки танҳо ба хотири хизмат накардан дар қувваҳои мусаллаҳ донишгоҳ рафта «Рӯз мегузаронанд». Хайр, медонед, ки ҳозир дарси хуб ҳам намехонанд, ҷавонон гурехта мегарданд. Коре мекунанд, ки аз донишгоҳ хориҷ нашаванду тамом. Як қисми дигари ҷавонон бошанд, пеш аз сар шудани облава гурехта Русия мераванду баъди ду ё се моҳ боз гашта меоянд».

Вале ин эҳтимол ҳам мавҷуд аст, ки ҳайати имрӯзаи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар асосан аз ҷавононе иборат аст, ки, ба истилоҳ “ҷойи гурез” надоштаанд ва ҷалби беҳтарин ҷавонон бо пешниҳоди имтиёзҳои сазовор ба беҳбуди вазъ дар артиш таъсири ҷиддӣ хоҳад дошт. Онҳо мегӯянд, байни ҷавононе, ки бо ихтиёри худ ва аз рӯйи виҷдону муҳаббат ба артиш мераванд ва онҳое, ки зимни гирудорҳоии “облава” бо зӯрӣ ба қисмҳои ҳарбӣ бурда мешаванд, фарқ хеле калон хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG