Пайвандҳои дастрасӣ

"Облава"-и табибу омӯзгор ва худкушии як сарбози тоҷик


Дар акс: Аҳлиддин Авазов, сарбозе, ки дар қисми низомӣ худкушӣ кардааст.

Дар акс: Аҳлиддин Авазов, сарбозе, ки дар қисми низомӣ худкушӣ кардааст.

Аҳлиддин Авазов қабл аз худкушӣ ба дӯсташ тамос гирифта ва гуфтааст, бо вуҷуди беморӣ ӯро маҷбуран ба артиш овардаанд.

Сокинони деҳаи Порвори Шӯрообод аз комиссариати ҳарбии ин ноҳия талаб доранд, то як омӯзгору як пизишки ҷавонро аз хидматӣ ҳарбӣ ҷавоб диҳанд. Онҳо ин пизишку омӯзгорро дар вазифаҳои худ дар як деҳаи кӯҳистонӣ ягона медонанд ва бар ин назаранд, ки нафъи онҳо ба ватан дар ин деҳа бештар мерасад.

"Эътироз дорем"

Нуриннисо Маҳмудова, модари омӯзгори ҷавон мегӯяд, фарзанди ӯ ғоибона дар Донишгоҳи Кӯлоб таҳсил намуда, ба ҳайси муаллими фанни кимиё ба хонандагон дарс мегуфт. Ӯ афзуд, ҳоло беш аз 70 нафар хонанда, омӯзгорон ва 106 нафар сокини деҳа барои баргардонидани фарзандаш ва пизишки ҷавон ба комиссариати ҳарбӣ нома навиштаанд. "Хоҳиши мо ин аст, ки онҳо дар ин деҳа зиёдтар лозиманд. Ҷавонони бекор бисёранд, ки ба хидмат намераванд, вале инҳо дар ин ҷо алакай хидмати мардумро мекунанд. Фармони президент аст, ки бояд омӯзгорони деҳаро ба хидмат набаранд. Хидмат ба ватан хуб аст, вале бояд омӯзгориву духтуриро ҳам хидмат ба ватан ҳисоб кунанд",-илова кард хонум Маҳмудова.

Сокинон ин амали комиссаритро ғайриқонунӣ медонанд, вале дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Шӯрообод ҳангоми муроҷиати мо касе ҳузур надошт, то дар ин маврид изҳори назар кунад. Аммо як мансабдори маҳаллӣ бидуни ифшои исмаш гуфт, ҷалби ин ду нафар бад-он хотир сурат гирифтааст, ки дар ноҳия нақшаи даъвати ҳарбии ба ӯҳда гузоштаашон анҷом нашудааст.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар аксар маврид ҳангоми иҷро нашудани нақшаи даъвати ҳарбӣ масъулон ба ҷалби маҷбурии ҷавонон даст мезананд.

Хоҳиши пеш аз марги сарбоз: "Онҳоро танқид кун"

Дар ҳамин ҳол, ба ноҳияи Фархор ҷасади ҷавонеро бо номи Аҳлиддин Авазов оварданд, ки ба гуфтаи наздиконаш ӯро тариқи "облава" ба хидмати ҳарбӣ бурда буданд. Ба гуфтаи наздиконаш 15 рӯз пас аз хидмат ин ҷавон худро овехтааст. Пеш аз марг ин ҷавон тариқи телефон бо Маҳмудҷон Раҳматов, донишҷуи факултаи журналистикаи Донишгоҳи Кӯлоб дар тамос шуда, хоҳиш кардааст, то дар бораи ӯ мақола нависад. Дар ин сабти телефонӣ, ки дастраси мо гардид, ҷавон мегӯяд, ӯ ҷарроҳӣ шуда буд ва солимиаш хуб набуд, вале ӯро маҷбуран ба хидмати ҳарбӣ бурданд.

Марҳум Авазов дар ин сабт мегӯяд, "гуфтам, беморам, нав оператсия (ҷарроҳӣ) кардаам. Онҳо гуфтанд, ки туро аз район (маркази ноҳия) мегардонем. Аз район маро нагардониданд ва гуфтанд, ки аз Қӯрғонтеппа мегардонем. Аз Қӯрғонтеппа ҳам нагардониданд ва ҳоло дар част (қисми низомӣ)-и 10040 хидмат дорам. Навис, ки маро ғайриқонунӣ ба хидмат бурданд."

Маҳмудҷон Раҳматов, ки бо ин ҷавон риштаи дӯстӣ доштааст, мегӯяд, ҳолати рӯҳии ӯ ҳангоми сӯҳбат он қадар бад набуд. Ӯ мегӯяд, аз сӯҳбат маълум буд, ки ӯ ба зиндагӣ дилгарм аст ва мехоҳад ҳақиқатро барқарор кунад: "Вақте худкушиашро шунидам, ҳайрон шудам. Чаро ӯ ба чунин кор даст зад, намедонам. Аммо дар сӯҳбат гуфта буд, онҳоро танқид кун, ки ноадолатӣ кардаанд."

Ғайб задани сарбоз

Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, марде бо номи Тешабой Мазарипов, сокини деҳаи Бодомтуи ноҳияи Шӯрообод аз ғайб задани фарзанди сарбозаш хабар дод. Ӯ мегӯяд, фарзандаш ду моҳ боз бедарак аст ва дар ҳеҷ куҷо нишонашро пайдо намекунанд. "Ду моҳ мешавад, ки ӯро мекобем. Тирамоҳ ба хидмат рафта буд ва ду моҳ пеш ӯро барои хидмати хубаш даҳ рӯз рухсатӣ медиҳанд. Пас аз даҳ рӯз аз хона барои ба ҷои хидматаш рафтан мебарояд, вале ӯро дар ҳеҷ куҷо то ҳол надидаанд. Хоҳиши мо ин аст, ки ӯро сиҳат пайдо кунанд ва агар фирор карда бошад, розием, ки ҳабсаш кунанд, вале фақат ба мо солимаш лозим аст",-афзуд ӯ.

Баҳодур Алиев, яке аз фармондеҳи баталйони посбоникунандаи қисми 53-54-и вазорати дифо, ки ин ҷавон дар он ҷо хидмат мекардааст, дар сӯҳбати телефонӣ ба мо гуфт, ба онҳо ҳам сабаби ғайб задани сарбоз маълум нест. Ӯ гуфт, "хидматаш хубу намунавӣ буд. Барои ҳамин ӯро рухсатӣ дода будем. Ӯ аз хидматаш розӣ буд, вале ҳоло куҷо шудааст, намедонем. Бовар надорам, ки ӯ фирор карда бошад, зеро чунин ҷавон набуд."

Ин шкиояту ҳодисаҳо дар ҳолест, ки даъвати имсолаи баҳории ҷавонон ба сафи Артиши Тоҷикистон тақрибан ба охир мерасад. Бо вуҷуди шикоятҳо аз шеваи ҷалби ҷавонон мақомот мегӯянд, сафи ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба сафи Артиш мепайванданд, афзудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG