Хуршеда Раҳимова, корманди “Дафтари озодиҳои шаҳвандӣ” дар Хуҷанд ва собиқ корманди созмони “Ампаро” дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, рӯзи 30-юми апрел Хушнуд Исомуддинов ва модараш ризоят доданд, аз хидмати ройгони ҳуқуқшиносони “Ампаро” истифода кунанд. Хушнуд Исомиддинов ҳангоми гурез аз “облава” ё ҷалби маҷбурӣ ба артиш аз ошёнаи 4-ум ғалтида, ду мӯҳраи миёнаш шикастааст,
Хуршеда Раҳимова гуфт, мақомот ҳангоми бурдани ин ҷавон ба хидмати низомӣ ба чандин қонуншиканиҳо роҳ додаанд: “Мо ҳоло мунтазири омадани ҳуқуқшиноси “Ампаро” аз Душанбе ҳастем. Ва дар қадами аввал аз мақомоти додситонӣ ба ҷавобгарӣ кашидани он нафароне, ки саҳарӣ ба мақсади “облава” ба манзили истиқоматии Хушнуд беиҷозат ва бе шиносонидани худ зада даромада, вайро таҳти таҳдиду фишор қарор додаанд, талаб хоҳем кард. Баъди ин ба рӯёнидани ҷуброни зарари маънавию молие, ки ба ӯ расониданд, саъй хоҳем кард.”
Ба гуфтаи Хуршеда Раҳимова, вақти “облава” масъулон худашонро муаррифӣ накарда, ҳаққи қонунии дахлнопазии манзили Хушнудро зери по ва озодии ӯро маҳдуд кардаанд. Ҳамчунин, кирдори он афрод, ки ба гуфтаи Хушнуд, яке аз онҳо корманди комиссариати ҳарбӣ буд, тартиби даъватро риоят накарда, бе огоҳӣ ва додани даъватнома ӯро аз ҷойи хобаш ба зӯр ҳамроҳи худ бурданӣ буданд.
Хушнуд Исомиддинов, ки ҳоло дар бемористони вилоятии Суғд дар Хуҷанд бистарӣ аст, дар суҳбати телефонӣ бо Озодӣ гуфт, то ҳол ӯву модараш аз нодорӣ наметавонистанд аз хидмати вакилони дифоъ истифода кунанд.
Cfy/bi bljvf lj Дар ҳамин ҳол, додситонии шаҳри Хуҷанд мегӯяд, қазияи вақти фирор аз “облава” аз ошёнаи чорум афтидану маъюб шудани Хушнуд Исомиддиновро мавриди санҷиш қарор додааст. Рӯзи 30 - юми апрел, ки ба додситонии Хуҷанд рафтем, гуфтанд, ки ҳоло санҷиш идома дорад ва қарори ниҳоӣ қабул нашудааст, ки дар қиболи ин ҳодиса паврвнада боз кунанд ё хайр? Вале манобеъ дар додситонии Хуҷанд гуфтанд, ки рӯзҳои наздик додситонӣ қарори худро дар бораи бораи ин ҳодиса эълон хоҳад кард.
Ба гуфтаи Хушнуд Исомиддинов ва наздиконаш, субҳи ҷумъаи 25-уми апрел 4 нафар афроди либоси шаҳрвандӣ дар бар бо зӯрӣ ба хонаи зисти онҳо дар маҳаллаи 31-уми Хуҷанд даромада, ӯро ҳамроҳи худ ба комиссариати ҳарбӣ бурданӣ шудаанд. Вай хостааст аз балкон пойин фуромада, худро аз дасти онҳо раҳо кунад, аммо афтида, ду муҳраи миёнаш шикаста ва сараш ҳам сахт зарб дидааст.
Вале он гурӯҳ бо ин ҳоли вазнин ҳам ӯро ба идораи комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд бурда, тахминан 2 соат нигоҳ доштаанд. Танҳо баъди ин бо тавсияи табиби комиссариат Хушнудро ба беморхонаи вилоятӣ интиқол додаанд. Хушнуд ҳоло ба по хестан наметавонад ва ба гуфтаи табибон, бояд 4 моҳ таҳти назорати табибон ноҷунбон бихобад.
Модари Хушнуд – Адолат Исомиддинова, ки дар беморхона писари маҷрӯҳашро парасторӣ мекунад, мегӯяд: “Агар чор одам ба хона зер карда намедаромаданд, ин ҳодиса намешуд. Ба нағзӣ мегуфтанд ё даъватнома медоданд, намешуд? Бачаамро маъюб карданд. Акнун чораашро бинанд ва писарамро сиҳат карда, ба по хезонанд.”
Хушнуд ва модараш мегӯянд, то ҳол ба ҷуз кормандони додситонӣ ва пулис, ки барои баёнот гирифтан омада буданд, дигар касе на аз комисариати низомӣ ва на нозирони минтақавӣ аз ҳоли Хушнуд хабар нагирифтааст.
"Облава" кай манъ мешавад?
Қазияи Хушнуд дар ҳолест ки дар кишвар мавсими баҳории даъват ба артиш идома дорад. Бо вуҷуди ҳушдори раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки қабл аз оғози ин мавсим мақомоти комиссариатҳои низомиро алайҳи истифодаи роҳҳои ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба артиш ҳушдор дода буд, ҳар сари чанд вақт аз ин ё он гӯшаи кишвар дар бораи маҷбуран дастгир кардану ба хидмат бурдани ҷавонон, ки дар байни мардум бо номҳои “облава” ва “чӯҷабарак” маъруфанд, гузоришҳо мерасанд.
Дар пасманзари ин ҳама, ҳомиёни ҳуқуқ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват доранд, то бо роҳандозии як ислоҳоти фарогир дар низоми даъват ба артиш фасод ва ҷалби маҷбурии ҷавононро дар ин бахш аз байн бибарад. Аз ҷумла аз ду соли мавҷуда то 1 сол кам кардани замони хидмати ҳатмии низомӣ ва қонуниву пулакӣ кардани ҳаққи раҳоӣ аз хидмати артиш пешниҳод мешавад ва феълан тарҳи чунин як қонун аз сӯи ду вакили ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ ба порлумони Тоҷикистон супурда шудааст.