Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмони ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро» бо илҳом аз даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷорӣ кардани тартибу қонун ҳангоми даъват ба артиш чанд пешниҳодеро ба миён гузошт.

Гурӯҳи ҳуқуқшиносони “Ампаро”, марказаш дар Хуҷанд, рӯзи 5 март бо нашрия як муроҷиатнома хостори иҷрои бекамукости амри раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати хатми “облава” ва боқӣ роҳҳои ғайриқонунии таъмини даъвати ҷавонон ба сафи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон шудааст.

Риояи қонун аз сӯи мақомоти комиссариатҳои низомӣ дар мавсимҳои даъват ба артиш.

• Ба масъулият кашондани афроди масъул дар боздошти ғайриқонунии ҷавонони синну соли даъватӣ, яъне дар “облава”-ҳо
• Таъмини ҳаққи даъватшавандагон ба ҳимояти додгоҳӣ
• Таъмини дастрасии волидон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва журналистон ба қисмҳои низомӣ ва нуқтаҳои ҷамъоварӣ
• То 1 сол коҳиш додани мӯҳлати хидмати ҳарбӣ.

Бо чунин пешниҳодҳо «Ампаро» ба президенти Тоҷикистон муроҷиат кардааст.
Ҳуқуқшиносони ин созмон, ки ғолибан ҳомии ҳуқуқи сарбозонанд, дар паёми худ аз таваҷҷӯҳи президенти кишвар ба масъалаи «аблава» ё гирудори ҷавонон барои даъват ба хидмати ҳарбӣ истиқбол намуданд. Онҳо расидагии мақомоти давлатиро ба ин масъала қадами муҳиме барои ҳифзи ҳуқуқи ҷавонон номиданд. Чун ба қавли онҳо ҷалби таваҷҷӯҳи президент ба масоили муҳими ҷомеа дар роҳи бартараф кардани ҳар мушкил таъсири бештар хоҳад дошт.

Дилшод Ҷӯраев, яке аз ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пажӯҳишҳои қаблии онҳо муайян карда буд, ки 40 дар сади ҷавонон аз роҳҳои ғайриқонунӣ ё тариқи «аблава» ба хизмат дар артиш ҷалб мешаванд ва ӯ бино бар муроҷиатҳои ахири сокинони кишвар мегӯяд, ин вазъ имрӯз ҳам чандон тағйир наёфтааст.

«Ба ташкилоти мо бисёр ҷавонон муроҷиат мекарданд, ки онҳо ё фарзандони онҳоро ғайриқонунӣ дастгир карда ба артиш бурдаанд. Аз рӯйи ин шикоятҳо мо ба мақомоти марбута ба додситони ҳарбӣ муроҷиат мекардем, вале ягон факти дастгиркардани ғариқонунӣ тасдиқ нашудаву талошҳо натиҷа надодааст. Ва мо умедворем ин вазъ пас аз амри президент тағир меёбад.»

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 феврал ба раҳбарони кумиссариатҳои низомии шаҳру навоҳӣ, дастур додааст, ки дар фаъолияти худ аз усули шеваҳои ғайриқонунии таъмини даъвати ҷавонон ба сафи артиш кор нагиранд. Ва ахиран ин масъала дар як ҷаласаи васеъ баррасӣ шуда, мақомот роҳу шеваҳои дар доираи талаботи қонун сурат гирифтани маъракаи даъвати ҷавонон ба артишро ҷӯё шуданд.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқ, аз ҷумла ҳуқуқшиносони Ампаро аз эҳтимоли рӯ задании дигар роҳҳои ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба артиш нигаронӣ мекунанд. Дилшод Ҷӯраев мегӯяд, дар шароити феълӣ, ки аксар ҷавонон аз хизмат дар артиш роҳи гурез меҷӯянд, бидуни облава пур кардани нақшаи даъват мушкил аст ва пас аз ин амри президент эҳтимоли истифода аз роҳҳои нави ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба артиш пайдо шавад.

«Шояд облава, ки то имрӯз бо шакли ошкоро сурат мегирифт, дигар ин тавр не ва бо шеваҳои дигари ғайриқонунӣ ҷавонон ба артиш ҷалб шаванд»

Даъватҳо ба хатми “облава” дар ҳоле садо медиҳанд, ки дар Тоҷикистон ҳудудан як моҳ баъд даъвати баҳорӣ ба сафи нирӯҳои мусаллаҳ шурӯъ мешавад. Мақомоти Тоҷикистон ҳар сол ду дафъа - дар баҳор ва тирамоҳ - маъракаи даъват ба артишро ба роҳ меандозанд. Шумори нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва ҳамин тавр, омори марбут ба шумори онҳое ки ба хидмати низомӣ ҷалб мешаванд, омори махфӣ ба ҳисоб меравад, вале бовар меравад, ки ҳар сол 15-16 000 нафар ба сафи артиши миллӣ, нирӯҳои дохилӣ ва нирӯҳои марзбонӣ даъват мешаванд.

Аммо Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои кишвар бо ишора ба пешниҳодҳои ахири гурӯҳи ҳуқуқшиносони «Ампаро» мегӯяд ин тавсияҳо кайҳо боз аз сӯйи ин мақомот мавриди иҷро қарор доранд. Аз ҷумла дар робита ба дастрасӣ доштани волидону созмонҳои ҷамъияти ба қисмҳои ҳарбӣ ва иҷборан ҷалб шудани ҷавонон ба артиш. Ӯ гуфт:

«Мо аз соли 2003 -2004 корвони дидор ташкил кардаем ва ҳоло аслан тарғибкунандаи қувваҳои мусаллаҳ худи волидонанд ва падару модаронро ҷамъ карда ба қисмҳои ҳарбӣ ба аёдати фарзандонашон мебарем. Масъалаи "облава", аслан ин чиз дар қонун вуҷуд надорад, аммо моддаи 3-и қонун ҳаст, ки дар сурати бидуни саркашӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданаш ҳеҷ мушкиле пеш намеояд. Аммо дар сурате, ки шаҳрванд аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунад ва маҳалли зисташро дигар мекунад, мақомот вазифадор аст, ки ӯро ҳозир кунад»

Гуфтугузору пешниҳодҳо роҷеъ ба хатми Облава дар ҳолест, ки
Маҳмадамин Гулов, падари як сарбози тоҷик, ки мегӯяд писари донишҷӯяшро ғайриқонунӣ аз як ошхонаи ноҳияи Масчо боздошт карда ба хизмат бурдаанд 6 моҳ боз наметавонад исбот кунад, ки писари ӯро ғайриқонунӣ ва тариқи облава ба артиш бурдаанд. Ҷаноби Гулов мегӯяд, тамоми санадҳои заруриро барои боз кардани парванда дар ин маврид ҷамъ овардаву ба ҳама сохтору созмонҳо муроҷиат кардааст, аммо бенатиҷа

«Аз ошхона писарама қапида бе ҳеҷ хел комиссия қисми ҳарбии 2610 и ноҳияи Панҷ фиристондаанд. Соати чори бегоҳи занг заду гуфт, ки падар манро қапида бурданд. Ман хеста ба комисариати ҳарбии ноҳия рафтам, ки аллакай набуд. Бояд мувофиқи қонун онҳо ҳадди аққал панҷ рӯз пеш даъватнома меоварданд. Ва аз сӯйи дигар писарам донишҷӯ буд, ҳуҷҷатҳоро ҷамъ карда бурда қабул накарданд. Ҳоло дигар касе ба додам нарасид. »

Дар ҳоли ҳозир, артиши Тоҷикистон, ба бовари аксар, ба як "артиши коргару деҳқон" табдил ёфтааст. Бисёриҳо мутмаинанд, ки ба хидмати низомӣ танҳо фарзандони мардуми камбағал ё ба таъбири дигар, бачаҳои бесоҳибро мегиранд ва одамони “тағодор”, аз ҷумла фарзандони мансабдорон аслан дар артиши Тоҷикистон хидмат намекунанд. Барои беҳтар кардани вазъ ҳуқуқшиносону созмонҳои зиёде чанд сол аст, пешниҳод доранд, ки мӯҳлати хизмат дар артиш аз 2 ба як сол кам карда шавад ва роҳҳои алтернативии хизмат ҷорӣ шавад. Аммо то ба имрӯз ҳар навъ пешниҳоди ислоҳот дар артиши миллӣ рад мешуд. Вале амру супориши ахири президент мисле, ки як шӯълаи умедеро дар дили ҳуқуқшиносони «Ампаро» бедор кардааст, ки дубора пешниҳоди як сол кам кардани хизмат дар артишро мекунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG