Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ: "Чӯҷабарак" манъ ва артиш касбӣ шавад (ВИДЕО)


Ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) тарҳи қонунеро ба порлумон пешниҳод кардааст, ки ба гуфтаи муаллифонаш, қонунан манъ кардани шеваи "облава" барои таъмини даъвати ҷавонон ба хидмати низомӣ ва таҳияи замина барои таъсиси артиши касбии Тоҷикистонро ба ҳадаф дорад.

Ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) тавассути ду вакилаш дар Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони ин кишвар - Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ - тарҳи нави қонун "Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ"-ро пешниҳод кардааст.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва яке аз ду вакили ин ҳизб дар порлумон дар сафҳаи «Фейсбук»-и худ навиштааст, ки вакилони ин ҳизб дар Маҷлиси Намояндагон тарҳи тағйироту иловаҳо ба қонун "Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ"-ро ба парлумон пешниҳод намуданд.

Аз байн бурдани даъвати маюбурии ҷавонон ба артиш, маъруф ба "облава" ё "чӯҷабарак", аз байн бурдани порахӯрӣ дар мавсимҳои даъват ба артиши Тоҷикистон ва таъини маоши "на камтар аз маоши миёна дар Тоҷикистон" барои сарбозон, яъне амалан гузаштан ба таъсиси як артиши ҳирфаӣ, аз умдатарин пешниҳодҳоест, ки дар тарҳи ҲНИТ омадааст.

Дар лоиҳаи пешниҳодии ҲНИТ омадааст, ки таъмини маош барои сарбозон бояд аз ҳисоби онҳое сурат бигирад, ки майли хидматро надоранд. Бино бар ин пешниҳод, бояд барои раҳоӣ аз хидмати низомӣ афрод ба таври қонунӣ ба ҳисоби як Сандуқи вижаи нирӯҳои мусаллаҳ пул бисупоранд. Пуле ки аз ин роҳ ҷамъ мешавад, бояд барои беҳтар карданеи шароити хидмати сарбозони боқӣ ва таъмини маоши муносибе барои онҳо масраф шавад.

То кунун раҳо кардани афроди бемайл аз хидмат як манбаи асосии фасод дар низоми даъват ба артиш ба ҳисоб мерафт. Бино ба ҳисоби як ходими собиқи комиссариати низомӣ, дар ин “бозори сиёҳ”-е ки дар атрофи маъракаҳои даъват ба артиш ва “облава” ба вуҷуд омадааст, солона аз 50 то 100 миллион доллар, яъне маблағи тақрибан ҳамвазни тамоми буҷаи низомии Тоҷикистон мечархад. Вале ин пул, ба гуфтаи мусоҳиби мо, ба ҷайби мансабдорони фасодзада рехта, дар ниҳоят ба қаср ё мошини шики навбатии онҳову наздиконашон табдил меёбад.
Як гурӯҳи даъватшудаҳо дар Душанбе.
Як гурӯҳи даъватшудаҳо дар Душанбе.
Бо онки воҳидҳои низомӣ солона ба ҳамагӣ 15-16 000 сарбоз ниёз доранд, дар Тоҷикистон тақрибан 600 000 нафари синну соли даъватӣ (аз 18- то 28-сола) ба сар мебаранд. Аз ин шумор тақрибан 150 000 нафараш ба маҳзи таҳсил дар макотиби олӣ, маъюбӣ ваё саробони ягонаи хонавода буданашон аз масъулияти хидмати низомӣ озод шудаанд. Вале ҳатто аз шумори боқӣ, яъне 450 000 нафар ҳам дар артиш танҳо ба 15 ило 16 000 нафар ниёз доранд. Ин ба маъноест ки аз ҳар 30 ҷавони синну соли даъватӣ танҳо якеашро ба хидмат гирифта метавонанд.

​Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, чунин ҳол манбаи фасоди густурда дар сохторҳои масъули даъват ба артиш – аз комиссариатҳои низомӣ сар карда то ба масъулини ҷамоатҳову нозирони минтақавӣ ва кумиссиюнҳои тиббӣ шудааст, ки ҳар кадом дар ивази раҳо кардани ҷавоне, ки дар “облава” ба даст афтодааст ваё ӯ ё волидонаш мехоҳанд аз пеш “масуният”-аш аз хидмати низомиро таъмин кунанд, “ҳаққ”-и худро меситонад.

Пешниҳоди дигари ҲНИТ ин аст, ки бидуни адои хидмати низомӣ ё пардохти қонунии "ҳаққи хидмат", ки ин ҳам бояд адои ӯҳдадории ҳарбӣ шумурда шавад,
ягон шаҳрванд ба мансабҳои давлатӣ таъин нашавад. ҲНИТ бар ин бовар аст, ки дар сурати пазируфта шудани тарҳи онҳо аз ришваситонӣ дар маъракаҳои даъват ба артиш пешгирӣ шуда, ҷавонон барои хизмат дар артиш ташвиқ хоҳанд шуд.

Аз ин қабл низ бархе аз созмонҳои мудофеъ аз ҳуқуқи даъватшавандаҳо ба сафи артиш ва хидматчиёни ҳарбӣ низ пешниҳодҳои мушобеҳро иро карда буданд. Аз ҷумла созмони "Ампаро", ки ба ҳадафи ҳимоят аз ҳуқуқи даъватшавандаҳо ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ таъсис ёфта буд ва ҳоло фаъолияти он аз сӯи мақомот ғайриқонунӣ эълон шудааст, пешниҳод карда буд, ки мӯҳлати хизмат дар артиши Тоҷикистон то як сол коҳиш ёбад.

Нахустин тӯъмаҳои "Облава-2014"

Абдураҳим Шукуров
Абдураҳим Шукуров
Матраҳ шудани ин масъла аз сӯи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳоло дар кишвар маъракаи даъват ба артиш идома дорад ва ҳолатҳои ба таври маҷбурӣ ҷалб кардани ҷавонон мушоҳида мешавад. Аз ҷумла рӯзи 26-уми апрел кормандони комиссарияи ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур наворбардори хабаргузории "Озодагон" Абдураҳим Шукуровро "облава" карданд. Дар ҳодисаи дигар, рӯзи 25-уми апрел ҳини гурез аз кормандони комисарияти ҳарбӣ зимни «облава», як ҷавони 23-сола дар шаҳри Хуҷанд худро аз ошёнаи чаҳорум ба пойин андохт ва ҳарду пояшро шикаст.

Ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ тариқи «облава» ё худ маҷбурӣ ва ғайриқонунӣ дар ҳолест, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз шурӯи даъвати имсола аз масъулон даъват кард, то шеваи ҳукумати ӯро бадномакунандаи "облава"-ро бас кунанд. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ ҳамон вақт гуфта буданд, ки бидуни ислоҳоти ҷиддие дар низоми даъват ба артиш ва қонунан манъ кардани шеваҳои ғайриқонуние, чун "облава" ё "чӯҷабарак" чизе дигар нахоҳад шуд.

Ҷавонони тоҷик ва хизмат дар артиш
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:33 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG