Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Эмомалӣ Раҳмон аз таҳдидҳои беруна дар Рӯзи Артиши миллӣ (ВИДЕО)


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз таҳдидҳое ҳушдор додааст, ки метавонад суботи ҷомеа ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи кишварро ба хатар рӯбарӯ кунад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ аз терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ба унвони ин таҳдидҳо ва хатарҳо, ёд кардааст.

Оқои Раҳмон дар ин росто ба ихроҷи нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон дар поёни соли равон ишора намуда, ва аз кормандони сохторҳои низомии кишвар даъват кардааст, ки "аз ҳарвақта дида бештар масъулиятшинос ва ҳушёру зирак бошанд."

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идома гуфтааст, ки "дар ҷаҳони пуртазоди охири садаи гузашта, ки истиқлолияти Тоҷикистон ба чунин давраи ҳассос рост омад, ҳарчанд барои мардуми тоҷик бисёр душвор буд, вале мо ба хотири ҳифзи арзишҳои милливу таърихии халқамон ва суннатҳои давлатдории миллатамон роҳу равиши хосаи худро дарёфтем ва имрӯз ба сӯи ҳадафи бузурги интихобкардаамон - эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ дилпурона пеш меравем."

Артиши миллӣ: Рӯбарӯ бо чолишҳо ва бо зарурати ислоҳот

Рӯзи 23 феврал солгарди 21-уми таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон аст. Артиши Тоҷикистон танҳо артиши ҷангдида дар Осиёи Марказист, вале аз лиҳози шумори сарбозон ва силоҳҳо аз ҳамсояҳояш хеле ақиб мемонад. Тоҷикистон ба фарқ аз кишварҳои дигари Шӯрави собиқ аз тақсими мероси Артиши СССР бебаҳра монд. Дар соли 1992 раисиҷумҳури вақти Тоҷикистон Раҳмон Набиев ба пурсишҳои мукаррари охирин вазири дифои СССР маршал Евгений Шапошников, ки “Оё Душанбе пойгоҳҳои низомии бозмонда аз Артиши Шҳравиро дар қаламраваш соҳибӣ хоҳад кард?” батакрор посух дод, ки Тоҷикистон аз ӯҳдаи ин намебарояд.

Дар натиҷа дивизияи 201-уми артиши Шӯравӣ, ки дар Тоҷикистон мустақар буд, ба ихтиёри Артиши Русия гузашт. Ин дар ҳолест ки боқӣ ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ тамоми пойгоҳҳои низомии воқеъ дар қаламрави кишвари худро миллӣ карданд.

Артиши миллии Тоҷикистон дар оғози соли 1993 амалан дар заминаи воҳидҳои низомии Фронти халқӣ – яке аз тарафҳои ҷанги шаҳрвандии ин кишвар – таъсис ёфт. Азбаски нирӯҳои Фронти халқӣ аз ҷумла таҳти парчами сурхи Шӯравӣ меҷангид ва Маскавгаро буд, барои таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон амдан рӯзи 23 февралро, ки тайи беш аз 70 соли вуҷуди СССР ҳамчун рӯзи таъсиси Артиши Шӯравӣ таҷлил мешуд, интихоб карданд.

Ва рӯзи 23 феврали соли 1993 фармондеҳи Фронти халқӣ Сангак Сафаров аз расман пароканда шудан ва ба воҳидҳои расми артиши давлатӣ пайвастани воҳидҳои низомии тобеъи ин гурӯҳ хабар дод. Ва нирӯҳои Фронти халқӣ ҳамон рӯз бори аввал ба ҳайси воҳидҳои низомии Артиши миллии Тоҷикистон дар маркази Душанбе барои бори аввал гашти низомӣ карданд.

Дар феврали соли 1993 аз вуруди Фронти халқӣ ба Душанбе ҳамагӣ 2 моҳ гузашта буд, вале умеди мардум ба инки бо ҳамин нооромиҳо дар кишвар ба поён мерасанд, бароварда нашуд, балки ҷанги шаҳрвандӣ бо вусъату доманаи ба маротиб бештаре камокон чоруним соли дигар, то имзои қарордоди сулҳ дар таърихи 27 июни соли 1997 идома кард ва бино ба ҳисобҳо, аз 50 то 100 ҳазор кушта ба ҷо гузошт.

Баъди имзои созишномаи сулҳ нирӯҳои мухолифин низ ба воҳидҳои расмии артиши миллӣ ва ниҳодҳои дигари амниятиву интизомӣ ва марзбонии Тоҷикистон шомил шуданд ва дар поёни солҳои 90 Тоҷикистон аз ин ҳисоб соҳиби артиши ҷангдида ва ботаҷрибае шуд, ки ҳарчанд аз нигоҳи такмили суфуф бо афсарони ҳирфаӣ ва силоҳу техникаи муосир ба ҳарду по мелангид ва ҳайати фармондеҳиашро асосан ҷангсолорон ташкил медоданд, вале аз нигоҳи доштани таҷрибаи ҷанг ва омодагии низомӣ дар минтақа яке аз беҳтаринҳо ба ҳисоб меомад.

Бо гузашти 17 сол аз анҷоми ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон артиши миллии ин кишвар низ хеле тағйир ёфт. Ҳоло дигар сози аввал дар ин артиш на ҷангсолорони собиқ ё ба истилоҳ қумандонҳо, балки афсарони ҳирфаие бозӣ мекунанд, ки дар ин муддат асосан баъд аз хатми мактабҳои низомии Русия ба хидмат омаданд.



Заифтарини артиши Осиёи Марказӣ?

Аммо артиши Тоҷикистон имрӯз, ба гуфтаи коршиносон, на аз нигоҳи таҷрубаву малака, на аз нигоҳи силоҳу техникаи низомӣ ва на аз нигоҳи шумору азми сарбозони қаториаш ба хидмат ба Ватан артиши дар Осиёи Марказӣ пештоз ба назар намеояд.

Бино ба гузориши ду сол пеши Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолиоти стротегӣ (IISS), мақараш дар Лондон, шумори нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, бо шумули артишу нерӯҳои ҳавоӣ, Горди миллӣ, нерӯҳои дохилӣ ва воҳидҳои шибҳанизомии Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, ҳамин тавр, беш аз 16 000 нафар ҳисоб шудааст, ки камтар аз артишҳои 4 кишвари дигари Осиёи Марказист. Пажӯҳишгоҳи мутолеоти стратегӣ дар гузоришаш шумори нерӯҳои мусаллаҳи Узбакистонро 3 мартаба бештар, яъне 50 000 ва аз Қазоқистонро зери 65 000 нафар баршумурдааст.

Туркманистону Қирғизистон низ ҳар кадом чизе бештар аз 20 000 аскару афсар доштаанд, ки низ аз Тоҷикистон зиёдтар мебошад. Дар айни замон, артиши Тоҷикистон то ҳол аз ҳисоби даъвати ҳатмӣ такмили суфуф мекунад. Ин даъват бештар ба таври иҷборӣ бо усули маъруф ба “облава” сурат мегирад ва ба бовари бисёриҳо, дар артиши Тоҷикистон асосан фарзандони мардуми камбағал хидмат мекунанд ва азбаски фарзандони мансабдоронро дар хидмат намебинӣ, ин артишро ҳатто “артиши коргару деҳқон” ҳам ном мебаранд.

Мушкили дигари гиребонгири артиши Тоҷикистон силоҳу техникаи фарсудаест, ки аз замони Шӯравӣ бозмондааст. Тоҷикистон аз ин нигоҷ низ аз ҳамаи ҳамсояҳояш дар Осиёи Марказӣ сахт ақиб мемонад.

Артиши Қирғизистон

Артиши Қирғизистон

Ба ҳисоби Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолиоти стротегӣ (IISS), ртиши Қазоқистон 2210 зиреҳпӯшу 980 тонк, 1500 тӯпхона ва 278 чархболу ҷанганда дорад. Туркманистон 1941 зиреҳпӯшу 680 тонк ва беш аз 500 тӯпхонаву 112 чархболу ҳавопаймо дошта, нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон бо 355 зиреҳпӯшу 150 тонк, 246 тӯпхона ва 43 чархболу ҳавопаймо мусаллаҳ будаанд. Ҳамсояи асосии мо дар минтақа Узбакистон, ҳамин тавр, беш аз 700 зиреҳпӯш, 340 тонк, 135 ҳавопаймои ҷангӣ ва қариб 500 тӯпхона доштааст.

Аммо Тоҷикистон, танҳо кишвари Осиёи Марказӣ, ки дар пайи суқути Шӯравӣ аз мероси низомии он даст кашид, бо ҳамагӣ 46 зиреҳпӯшу 37 тонк, 23 тӯпхона ва танҳо 3 чархболу 1 ҳавопаймо соҳиби артиши аз нигоҳи таслиҳот заифтарини минтақа шумурда мешавад. Ҳамагӣ 1 ҳавопаймо дар муқобили 135 ҷангандае, ки барои мисол, Узбакистон дорад, ё 46 зиреҳпӯш дар баробари 2210 зиреҳпӯши артиши Қазоқистон ва ҳамин тавр, 37 тонкаш дар муқоиса бо 680 тонки артиши Туркманистон ё 340 тонки Узбакистон ва 23 тӯпхонааш дар муқобили 246 тӯпи Қирғизистон, ба қавли шореҳони низомӣ, қобили қиёс нест. Онҳо мегӯянд, аз як сӯ, аз мероси артиши Шӯравӣ даст кашидани Душанбест, ки тавони низомиашро дар баробари кишварҳои дигари минтақа чунин заиф кард.

Умед ба хатми "облава" ва ба Шералӣ Мирзо

Бо ин ҳол, дасти Душанбе барои расидан ба ҳамсояҳояш дар ин “микросабқат”-и мусаллаҳшавӣ дигар як амри муҳол ба назар мерасад. Пажӯҳишгоҳи байналмилалии мутолиоти стротегӣ мегӯяд, будҷаи низомии Тоҷикистон аз Узбакистону Қазоқистон, ки хароҷоти низомиашон аз 1,4 миллиард доллар бештар аст, 20 маротиба камтар меояд.

Ҳоло артиши Тоҷикистон умед ба Русия бастааст, ки дар ивази тамдид замони ҳузури пойгоҳи 201-умаш то соли 2042 ваъдаи ба маблағи то 200 миллион доллар навсозӣ кардани нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро додааст. Ва аммо коршиносони низомӣ ба иҷро шудани ин ваъдаи Маскав чандон мутмаин нестанд? Ваё мегӯянд, ба Тоҷикистон чун дар солҳои қаблӣ силоҳу техникаи кӯҳнаеро хоҳанд дод, ки артиши Русия худ дигар аз баҳраш баромадааст.

Чанд сол пеш вазири собиқи дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ҳам дар як сӯҳбаташ бо Озодӣ аз Русия гила карда буд, ки дар солҳои 90 чанд БТР ва танки шикастаро ба артиши Тоҷикистон дода, баъдан Душанберо 140 миллион доллар қарздор кард.

Шералӣ Мирзо (аз чап) бо генерали амрикоӣ Вилям Фрейзер дар Панҷи поён

Шералӣ Мирзо (аз чап) бо генерали амрикоӣ Вилям Фрейзер дар Панҷи поён

Артиши миллии Тоҷикистон дар чунин як шароит по ба хонаи 21 мегузорад. Аммо имсол иди касбии афсарони аскарони тоҷик дар як шароити вижае мегузарад. Баъди 18 соли вазирии Хайруллоев ба раҳбарии вазорати дифоъ се моҳ пеш генерали ҷавон Шералӣ Мирзо омад, ки гуфта мешавад, як афсари ҳирфаии низомист ва корҳое аз дасташ барои анҷоми ислоҳоти лозим дар артиш дар хоҳад омад.

Аз тарафи дигар, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ахиран амр додааст, ки “облава”-ро бас кунанд, балки аз роҳҳои қонунии таҳрики ҳисси ватандӯстиии ҷавонон кор бигиранд. Дар пайи ин амр даъватҳо ба ислоҳоти артиши Тоҷикистон, бавижа ислоҳи низоми даъват ба артиш дубора баланд шудаанд. Аз ҷумла пешниҳод мешавад, ки хидмати ҳатмиро аз 2 то 1 сол кам кунанд ва барои онҳое ки хидмат кардан намехоҳанд, ҳаққи муайяне муқаррар кунанд, ки бипардозад ва қонунан аз артиш халос шавад, на мисли ҳозир ки ин раванд ба як манбаи фаосди густурда табдил ёфтааст.

Коршиносони низомӣ мегӯянд, вазорати дифъ метавонист пулеро ки аз ҳисоби фурӯши расмии ҳаққи раҳоӣ аз хидмати низомӣ ба даст меорад, барои таъмини хубтари сарбозон ва ҳатто такмили силоҳу техникааш сарф кунад. Хусусан дар ҳоле ки артиши 16 000-нафарии Тоҷикистон аз ҳар 40 ҷавони синну соли даъватӣ танҳо ба якеаш зарурат дорад ва боқимонда тӯъмаи нафси мақомоти фасодзада мешаванд.

Ва акнун амри бас кардани “облава” умедҳоеро зинда кардааст, ки шояд артиши миллии Тоҷикистон ҳатто бо вуҷуди буҷаи каму силоҳу техникаи хеле кӯҳнааш дар оянда артише хеле ҳирфаитару қавитар ва дар ҳифзи ин кишвар тавонотар хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG