Шералӣ Мирзо то ин муддат сарварии Сарраёсати марзбонии КДАМ-и Тоҷикистонро ба зимма дошт ва ҳоло раҳбари яке аз ниҳодҳои калидӣ таъйин шуд. Коршиносон ин интихоби Эмомалӣ Раҳмонро ғайричашмдошт унвон мекунанд ва дар посух ба ин суол, ки «чаро аз миёни чандин генерали намоён маҳз интихоб сари ӯ афтодааст?», посухҳои мухталиф доранд.
Амирқул Азимов, раиси Кумитаи амният ва дифои парлумон ва дар гузашта Котиби Шӯрои Амният, ниҳоди танзимгари фаъолиятҳои мақомоти қудратии Тоҷикистон аз интихоби Эмомалӣ Раҳмон истиқбол кард. Вай афзуд, Шералӣ Мирзоевро ҳамчун як низомии ҳирфаӣ ва дастпарварди вазорати дифоъ мешиносад:
«Нафари дар ин соҳа обутобёфта аст. Шогирди Шералӣ Хайруллоевич ва бо усули корбарии ӯ шинос аст. Аз ин лиҳоз, бо он малакае, ки аз устоди худ гирифтааст, бояд фаъолияти худро идома диҳад. Ва он вазифаҳоеро, ки дар назди ӯ ҳамчун вазир истодааст, бояд ба нафъи миллату ватан амалӣ кунад».
Шералӣ Мирзо соли 1967 дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи олии раҳбарии низомии Нерӯҳои ракетии ба номи маршали Шӯравӣ В. И. Чуйкови шаҳри Перм аст. Дар сафи Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз соли 1994 кор мекунад. Ӯ нахуст дар дастгоҳи марказии вазорати дифоъ ва сипас дар мақоми фармондеҳи қисми низомӣ дар ноҳияи Восеъ фаъолият кардааст. Шералӣ Мирзо чаҳор сол муҳассили Академияи Ситоди генералии Русия буд. Солҳои 2005-2006 дар симати муовини вазири дифои Тоҷикистон ва аз моҳи декабри соли 2006 то имрӯз дар вазифаи муовини аввал ва сардори Сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кар кардааст.
Коршинос Маҳдӣ Собиров, ки аз соли 1994 то 2000 бо Шералӣ Мирзо дар вазорати мудофиаи Тоҷикистон фаъолият дошт, мегӯяд, вазири нав дар қиёс бо як идда низомиёни ҳирфаии замони истиқлолият бартариҳои зиёд дорад, аз ин хотир, онҳоро раҳбари давлат ҳамеша ҳангоми таъйиноташ ба ҳисоб мегирад ва ҳоло чунин вазорати муҳимро ба ӯ бовар мекунад:
«Нахуст, ӯ як инсони мулоимтабиат аст, хашин нест. Инсони хубу босавод аст. Замоне, ки ман медонистам, фармондеҳи қисми низомӣ дар Восеъ буд. Замони ҷанги шаҳрвандӣ хизмат кардааст. Азбаски қисми низомии таҳти фармондеҳии ӯ ба маҳалли даргириҳо наздик буд, дар Тавилдара ва Шугнов алайҳи нерӯҳои мухолифин як ротааш меҷангид. Кадри озмудашуда ва қавӣ аст. Тавре мегӯянд, географияву биографияаш барои ин вазифа мувофиқ аст».
Аммо аз нигоҳи коршиносон, давраи вазирии Шералӣ Мирзо софу содда нахоҳад буд, зеро аз Шералӣ Хайруллоев артишеро ба мерос мегирад, ки пур аз мушкилот аст. Ӯ бояд чеҳраи, ба истилоҳ, «артиши коргару деҳқон»-ро, ки умдатан тариқи «облава» даъват мешавад, тағйир диҳад.
Маҳдӣ Собиров мегӯяд, аввалин кореро, ки вазири нав бояд ба иҷро расонад, мӯътақид кардани парлумон ва раҳбарияти Тоҷикистон барои гузариш ба артиши як ҳирфаӣ аст. Зеро ба қавли ӯ, Тоҷикистон ба низоми демокративу сармоядорӣ гузаштааст ва сармоядорон барои ҳимояти худ ба фарзандони оилаҳои нодор маблағ диҳанд.
Ҳамзамон бо ишора ба заъфҳои артиши Тоҷикистон, ки дар қиёс бо артишҳои кишварҳои ҳамсоя хеле заъиф аст, иддае аз коршиносон дар интихоби Шералӣ Мирзо нафари ҷолиб барои сармоягузории Амрико ва НАТО дар таҳкими артиши Тоҷикистонро мебинанд. Дар ин замина замони робитаҳои Саррарёсати марзбонии КДАМ дар таҳкими марзи Афғонистону Тоҷикистон бо Амрикову кишварҳои Аврупоро намуна меоранд. Ва ҳоло, ки ҳарфи хуруҷи нерӯҳои Амрикову НАТО аз Афғонистон ва дар баробари ин захира ва ё вогузор кардани аслиҳаву муҳиммоти онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ матраҳ аст, вазири дифоъи Тоҷикистон таъйин шудани Шералӣ Мирзо мувофиқи матлаб буда метавонад.
Раҷаби Мирзо, сарвари Маркази таҳлилии «Бозтоб» бо ишора ба як қатор матолиб алайҳи Шералӣ Мирзо, ки солҳои 2010 ба 2011 дар нашрияҳои Русия нашр шуданд, мегӯяд, русҳо ба ин тариқ хостанд ба монанди чанде дигар аз вазирони Тоҷикистон ҳушдор диҳанд, ки бо Ғарб дониста кор гиранд:
«Шахсиятҳо ва фармондеҳони муҳими кишварҳои ғарбӣ вақте ба Тоҷикистон меомаданду махсус бо Шералӣ Мирзо мулоқот мекарданд. Ин аз як ҷиҳат метавонад робитаи корӣ талаққӣ шавад, аммо инро ҳам намешавад нодида гирифт, ки онҳо дар шахси ӯ як нафари боэътимод ва хайрхоҳи худро диданд».
Шералӣ Мирзо ба монанди аксарияти кулли афсарони артишу мақомоти қудратии Тоҷикистон дастпарвардаи мактаби низомии Русия аст. Ва то куҷо ҳадсу гумонҳо дар бораи таъиноти ӯ ба нафъи тақвияти беҳбуди вазъи артишу як сарбози оддии Тоҷикистон тамом мешаванд, вақт нишон хоҳад дод.