Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додситонии ҳарбӣ тасмим гирифтааст, дар мавриди қазияи "облава", ё иҷборан ба хидмати низомӣ бурдани сокини 23-солаи Хуҷанд Хушнуд Исомиддинов парвандаи ҷиноӣ накушояд.

Дилафрӯз Самадова, вакили дифои Хушнуд Исомиддинов рӯзи 2 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, додситонии ҳарбӣ аз ифтитоҳи парванда дар мавриди қазияи ӯ, ки ҳини фирор аз “облава”-и маъмурони комиссариати низомӣ ва пулис аз ошёнаи чорум афтида, маъюб шуда буд, даст кашидааст.

Хонум Самадов гуфт, Хушнуду модараш ҳам аз шикояти қаблии худ ба додситонӣ аз амалҳои ғайриқонунии 4 корманди комиссариати ҳарбӣ ва пулиси Хуҷанд даст бардоштаанд: “Онҳо мегӯянд, ки ба ҳаматарафаву объективона мавриди санҷиш қарор гирифтани ин ҳодиса бовар надоранд. Ва бо хоҳиши онҳо мо аз даъвои пайдо кардани гунаҳкорони маъюб шудани Хушнуд даст кашидем. Ва додситонии ҳарбӣ “бо ризоияти тарафайн” оғози парвандаи ҷиноиро рад кард.”

Дар додситонии ҳарбии Суғд ба далели ҳозир набудани муфаттише, ки санҷиши қазияи Хушнудро анҷом додааст, аз шарҳи қарори додситонӣ дар ин бора худдорӣ карданд.

Хушнуд Исомиддинови 23 сола, субҳи 25 апрел, вақте 4 нафари либоси шаҳрвандӣ дар бар ба хонаи зисташ, дар маҳаллаи 31 – уми Хуҷанд даромада, ӯро ҳамроҳи худ ба комиссариати ҳарбӣ бурданӣ шуданд, хост аз балкони манзили ҳамсоя поин фуромада, худро аз дасти онҳо раҳо кунад. Аммо ба замин афтида, ду муҳраи миёнаш шикаст ва пову сараш сахт зарб дид.

Бо вуҷуди вазъи сангинаш маъмурон боз ҳам ӯро ба комиссариати ҳарбӣ бурда, то замони ҳозир шудани духтури худ ҳудуди 2 соат нигаҳ доштаанд. Танҳо баъди ин Хушнудро ба беморхонаи вилоятӣ интиқол доданд.

Ҳоло Хушнуд баъди бемористон табобати худро дар хонаашон, дар деҳаи Понғози ноҳии Ашт давом медиҳад. Вай рӯзи 2 юми июн дар суҳбати телефонӣ бо Озодӣ гуфт, ҳоло саломатиаш хеле беҳтар шудааст: “Ҳоло аз ҷой хеста метавонам. Аммо духтурон гуфтанд, ки то 2 моҳи дигар ва сахт шудани устухони шикастаам хестану роҳгардӣ ба ман мумкин нест. Баъди он Худо хоҳад, ба по мехезам, чунки як бор санҷида дидам ва хестан метавонистаам.”

Вай гуфт, вале то ҳозир касе аз мақомот ба дидорбинии вай наомада, ёрие пешниҳод накардааст. Вай ба саволи Озодӣ, дар мавриди он ки чаро аз даъвои худ алайҳи касоне, ки ӯро бо роҳи маҷбурӣ ё “облава” ба хидмати ҳарбӣ бурданӣ шуданду ба ин ҳол расонданд, даст кашид, чунин посух дод: “Рости гап, қуввати ман намерасад, ки бо намояндаҳои ҳукумат мубориза кунам. Фикр кардам, ки агар зидди намояндаҳои давлат бароям, онҳо ҳамаашон якгапа шуда, баракс худи манро гунаҳкор мекунанд. Барои ҳамин ба вакили дифоам ҳам гуфтам, ки аз қарори додситонӣ шикоят карданӣ нестам.”

Мақомоти низомии Тоҷикистон дар посух ба интиқодҳои тунди матбуот батакрор изҳор доштаанд, ки дар қазияи ҷалби Хушнуд Исомиддинов ба хидмати артиш "облава" набуд. Аз ҷумла Алиҷон Раҳмонов, як масъули даъват дар комиссариати ҳарбии Суғд қаблан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳолати рӯ ба фирор овардану ҷароҳат дидани ҷавонони саркаш аз хидмати ҳарбӣ, масъулият бар дӯши онҳост: “Дар ягон ҷо “облава” нест. Масалан, ин тавр мешавад, ки даъватшаванда аз тирезаи хона ё чашмаки дар корманди низомипӯшро мебинаду рӯ ба гурез меорад. Агар вақти фирор бо вай ягон чӣ рух диҳад, магар ин ҷо кормандони мо айбдоранд?”

Қазияи Хушнуд Исомиддинов дар ҳоле рӯ зад ва расонаӣ шуд, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабл аз шурӯи мавсими баҳории даъват ба сафи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз мақомоти комиссариатҳои низомӣ хоста буд, то ба шеваҳои ғайриқонунии таъмини даъвати ҷавонон ба хидмат, ки дар байни мардум бо номи "облава" ва "чӯҷабарак" маъруфанд, нуқта гузоранд. Бо ин вуҷуд дар ҷараёни мавсими баҳории даъват ба артиш, ки аз 1 апрел то 31 май давом кард, дар бораи чандин мавриди "облава" гузориш шуд, ки қазияи Хушнуд Исомиддинов танҳо яке аз онҳост.

Тафсилот дертар нашр мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG