Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурезогурези ҷавонон бо омад-омади "облава" (ВИДЕО)


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Аз 1 октябр дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи нирӯҳои мусаллаҳ шурӯъ мешавад ва аз ҳоло низомиён ба қабули сарбозони нав ва хонаводаҳо баръакс ба пинҳон кардани бачаҳои худ омода мешаванд.

То рӯзи даъвати расмӣ наздик ба як ҳафтаи дигар мондааст, вале аз ҳоло теъдоди ҷавонҳои синну соли хидмати аскарӣ дар кӯчаҳо хеле коҳиш ёфтааст. Даъвати тирамоҳӣ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад ва ба сафи артиши Тоҷикистон ҷавонони аз 18 то 27-сола даъват мешаванд.

Аммо бо вуҷуди таблиғоти шабонарӯзии зарурати хидмат ба Ватан, бахши умдаи ҷавонон борхалтаву ҷомадони худро ҷамъ кардаанд, ки ҳанӯз то рӯзи шурӯи даъват худро ба ягон ҷои “амн” бирасонанд. Аксаран ба Русия ва баъзе ба деҳкадаҳои дурдаст ба хонаи хешу табор паноҳ мебаранд. Назорат дар фурӯдгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳан ва дар марз низ пеши роҳи фирор аз артишро гирифта наметавонад.

Дар сӯҳбати сарироҳие дар хиёбонҳои Душанбе аз ҷавонҳо пурсидем, ки куҷо мегурезанд ва чаро мегурезанд?

"Облава" меояд. Шумо чӣ кор мекунед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

АРТИШИ КАМБАҒАЛОН?

Волидон дар навбати худ барои аз хидмати ҳарбӣ гурезондани фарзандонашон “далел” доранд. Онҳо бештар ин суолро пеш меоранд, ки “чаро Ватанро танҳо фарзандони мардуми одӣ бояд ҳифз кунанд?”

Бибигул Бобоева, сокини 56-солаи Душанбе, ду писар дорад, ки аввалияш хидмати ҳарбиро анҷом дода, дувумӣ чанд сол боз аз низомиён мегурезад. Мусоҳиби мо мегӯяд, аслан ӯ тарафдори хидмати ҷавонон дар саффи артиш аст, вале баъд аз анҷоми сарбозии писари калонияш ба ин натиҷа расид, ки дувумиро гусел накунад. “Чанд ҳамсинфи писарам аз хонаводаҳои пулдор буданд. Онҳо аслан ба артиш даъват нашуданд. Писарам рафта хизмат кард. Охир, хизмат ба артиш набояд фақат вазифаи писари камбағал бошад!”,-таъкид дошт Бобоева.

“ОБЛАВА” НАМЕШАВАД?

Солҳои гузашта бино бар сарпечии ҷавонон аз артиш, мақомоти низомӣ, зимни рейдҳои нигаҳонӣ онҳоро аз кӯчаву бозор боздошт мекарданд ва рост ба артиш интиқол медоданд. Ин амали мақомоти низомӣ боис ба интиқоди шадид дар ҷомеа шуд ва эҳтимол имсол низомиён бештар аз эҳтиёт кор бигиранд.

Масъулони Кумиссюни даъвати сарбозон ба артиш, таҳти назари муовини нахуствазири Тоҷикистон -- Марҳабо Ҷабборӣ мегӯянд, “облава” ё боздошти сарбозони синни хидмати аскарӣ дар кӯчаҳо сурат намегирад. Онҳо иддао доранд, дар даъвати баҳории соли равон танҳо ду мавриди боздошти ҷавонҳо дар кӯча ҷой дошт, ки онҳо ҳам зуд ҳал шуд. Ба қавли ёвари муовини сарвазир онҳо талош доранд, то “облава” комилан аз байн бурда шавад ва ҷавонон довталабона ва аз рӯи садоқат ба ватан ба хизмати аскарӣ бираванд.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, ҳар сол дар ҷараёни даъватҳои баҳорӣ ва тирамоҳӣ дастикам 15 ҳазор ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон сафарбар мешаванд. Онҳо баъди ду сол ба сафи нирӯҳои захиравӣ мепайванданд ва дар ҳолатҳои мабодо метавонанд дубора ба хидмат даъват шаванд.

XS
SM
MD
LG