Пайвандҳои дастрасӣ

"Облава" дар вақти дарс


Гусели фарзанд ба аскарӣ. Акс аз бойгонӣ

Гусели фарзанд ба аскарӣ. Акс аз бойгонӣ

Донишҷӯёни коллеҷи тиббии Қӯрғонтеппа мегӯянд, қариб ҳар рӯз аз дасти "облава" фирор мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, маъмурони низомӣ донишҷӯёнро аз даруни синфхонаҳо "мебардоранд."

Сафарбарии иҷборӣ ба артиш ё “облава” дар Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон теъдоде аз донишҷӯёнро аз дарсҳо дур кардааст.

Донишҷӯи соли чоруми коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа, ки худро Ардашер муаррифӣ кард, гуфт, як ҳафтаи охир дар ин муассисаи таълимӣ кормандони комисcариати низомӣ бо роҳи иҷборӣ чанд ҳамсабақи ӯро ба хизмати сарбозӣ бурдаанд, ки ин вазъ боис ба худдорӣ аз таҳсили ӯ шудааст.

Ардашер мегӯяд, рӯзҳои аввали “облава” дар коллеҷ дару тирезаҳои синфхонаро аз дохил қулф заданд, вале кормандони комиссариати ҳарбӣ пушти дар соатҳо мунтазир монда ва билохира дохили синфхона шудаанд. "Иддае аз донишҷӯён аз тирезаҳои ошёнаи дувум ба берун ҷаҳида, гурехтанд",-афзуд ӯ. Ин ҷавон мегӯяд, хидмат барои ҳар яки мо қарз аст, вале беҳтар аст, то баъд аз хатми коллеҷ сурат бигирад: “Мехоҳам хидмат кунам, вале ҳоло дарсҳоро тамом накардаам. Онҳо дар мошинҳо омада, дар пушти дар ва баромадгоҳҳо меистанд, вале мо дарсро нигоҳ накарда, аз тиреза парида мегурезем.”

Аслам, донишҷӯи дигари Коллеҷи тиббӣ аз Сарбанд мегӯяд, духтарони ҳамсабақаш ба ӯ занг зада гуфтаанд, ки ба дарс наравад, чун беш аз 15 корманди низомӣ дар коллеҷ барои “облава” ҷамъ шудаанд: “Намедонам, чӣ кунам: Дарс равӣ, ба хизмат мебаранд, дарс наравӣ – хориҷат мекунанд. Ҳайрон шудаам, намедонам, ки кори кормандони қисми низомӣ дуруст аст ё не? Қонунро нигоҳ намекунанд, қонун дар дасти худашон аст. Барои ман аз ноҳия даъватнома равон накардаанд ва аслан намепурсанд, аз куҷо мешавӣ? “Облава” карда, рост ба комиссариат мебаранд. Ҳамкурсҳои моро бурданд, ҳоло хизмат карда истодаанд.”

Аммо Ҷумъахон, падари яке аз донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, фарзандаш субҳи рӯзи гузашта ба ӯ занг зада ва гуфтааст, дар сурати посух надодан ба зангҳо ё қатъ шудани телефонаш нигарон набошад, чун дар ин муассисаи таълимӣ “облава” ҷараён дорад. Ин мард, наздики зуҳр ба писараш занг зада, аммо телефони ӯро хомуш дарёфтааст. Ӯ мегӯяд, “писарам занг зада гуфт, ки 4 тарафи синфхонаро иҳота кардаанд ва агар телефонам посух надод, нигарон нашуда маро аз комиссариати ҳарбӣ меёбед. Намедонам, ки ин чӣ кор аст? Ман худам ҳам таҳсил кардаам, вале “облава” дар вақти дарсро бори аввал мефаҳмам. Писарам духтурӣ мехонад. Агар ӯро ба хизмат баранд, аз куҷо меомӯзад ва таҷриба мегирад?”

Ба иттилои масъулони Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа, то имрӯз 9 донишҷӯи синнашон ба 21 расидаро аз ин мактаб ба сарбозӣ бурдаанд. Аскар Нуриддинов, директори коллеҷ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар коллеҷ “облава” нест, вале кормандони комиссариати низомӣ танҳо донишҷӯёнеро, ки синнашон ба 21 расидааст, ба сарбозӣ мебаранд: “Онҳо талаб мекунанд, то донишҷӯёнеро, ки ба 21 расидаанд, ба сарбозӣ равон кунем. Қонун ҳаст, ки бояд донишҷӯе, ки дар коллеҷ мехонад ва ба 21 расид, бояд хидмат кунад. Мо аввал даст ба гиребон шуда, даъво мекардем, вале ҳоло ҳамкорӣ мекунем бо кормандони комиссариат.”

Нурӣ Фақир, комиссари низомии вилояти Хатлон бо он ки сафарбаркунии маҷбурии донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппаро рад кард, вале ҳамзамон сабаби сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати сарбозиро ба расидани онҳо ба синни даъват донист. Аммо бештари ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ аз миёни донишҷӯён гуфтанд, гурехтани онҳо аз “облава” дар ҳолест, ки дар ноҳияҳои онҳо ба хонаводаҳояшон даъватнома ба сарбозӣ нарасидааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқдонҳо мегӯянд, кори кормандони комиссариати ҳарбӣ ғайриқонунӣ мебошад, чун онҳо ҳақ надоранд, дар роҳ ё синфхона “облава” кунанд. Ҳуқуқдон Ғулом Бобоев мегӯяд: "Хонандагон баъд аз синфи 9 маълумоташ ба комиссариати ҳарбӣ мерасад, вале даъватномаи сарбозиро нагирифта “облава” мешаванд, ки ин ғайриқонунӣ аст. Падару модар метавонад ба додситони низомӣ шикоят баранд, чун кори онҳо бар хилофи қонун аст. Мисолҳое ҳаст, ки сокини Мӯъминободро дар Қӯрғонтеппа боздошт мекунанд. Ҳаракатҳои онҳо ғайриқонунӣ аст, бояд аввал даъватномаи комиссариати ноҳияи худашонро ба даст бигиранд.”

Коллеҷи тиббӣ ба ин ҷавонҳо итминон додааст, таҳсили худро дар ин муассиса баъд аз анҷоми хизмати аскарӣ идома медиҳанд ва соҳиби тахассус мешаванд. Коллеҷи тиббӣ барои бемористонҳои кишвар хоҳар ва бародари шафқат омода мекунад.

Даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиши Тоҷикистон 1 октябр оғоз ёфт ва ду моҳ идома мекунад. Синну соли аскарӣ дар Тоҷикистон аз 18 то 27 сол аст, вале теъдоди ҷавононе, ки бо ихтиёри худ ба хидмат мераванд, ангуштшумор мебошад. Мақомот нақшаи даъватро ба ин далел асосан аз ҳисоби маъракаҳои дар байни мардум маъруф ба “облава” пур мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG