Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

11 гол дар 3 бозии Ҷоми ҷаҳонӣ


Бозиҳои футболи шаби ҷумъаи Ҷоми ҷаҳон-2014 яке аз ҷолибтарин ва серголтарин бозиҳои ин мусобиқот ба шумор мерафт, ки дар се бозӣ 11 гол зада шуд.

Дар бозии аввали шаби гузаштаи Ҷоми ҷаҳон-2014 тимҳои футболи Италия бо Коста - Рика дидор карданд. Рақобати ҳарду даста ҳам ҳарчанд бо шиддат ҷараён дошт, аммо то охири бозӣ аз як голе беш зада натавонистанд. Голи ягонаро дар ин рақобат футболбози Коста - Рика вориди дарвозаи итолиёвиҳо кард. Ҳамин тавр бозӣ бо ҳисоби 0-1 ба фоидаи Коста - Рика анҷом ёфт.

Дар бозии дувуми шаби 20-ум ба 21-уми июн тими Швейтсария ва Фаронса бо ҳам рақобат карданд. Бозии Шветсария бо Фаронса яке аз ҷолибтарин ва серголтарин бозиҳои ҷоми ҷаҳон ба шумор мерафт. Бозии Швейтсарияву Фаронса дар варзишгоҳи Арена Фонте-Нова бо ҳузури 52048 тамошобин баргузор шуд. Дар ин рақобат фаронсавиҳо тавонистанд 5 гол ба дарвозаи рақиби худ зананд. Тими Швейтсария ҳам имкон ёфт танҳо 2 гол ба дарвозаи рақиби худ занад. Ҳамин тавр бозӣ бо ҳисоби 5-2 ба фоидаи Фаронса анҷом ёфт.

Дар бозии севуми шаби гузашта тимҳои миллии Ҳондурас ва Эквадор вориди майдон шуданд. Дар ин дидор ҳам ҳарду даста бозии хуб нишон доданд. Аммо бозӣ ба ҳисоби 1-2 ба фоидаи тими Эквадор ба поён расид.

Мухлисони футболро шаби 21-уми июн бозиҳои:

Аргентина—Эрон соати 21:00
Олмон—Ғана соати 00:00
Нигерия — Босния ва Герзеговина соати 03:00
интизор аст.


Ҳайатҳои гурӯҳҳо

Гурӯҳи А Гурӯҳи В Гурӯҳи С Гурӯҳи D
Бразилия Испания Колумбия Уругвай
Хорватия Ҳолланд Юнон Коста-Рико
Мексика Чили Кот-д'Ивуар Инглистон
Камерун Австралия Ҷопон Италия

Гурӯҳи Е Гурӯҳи F Гурӯҳи G Гурӯҳи H
Швейтсария Аргентина Олмон Белгия
Эквадор Босния ва Ҳерсеговина Португалия Алҷазоир
Фаронса Эрон Гана Русия
Ҳондурас Нигерия ИМА Кореяи Ҷанубӣ

Даври гурӯҳии марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014

Тақвими бозиҳо

(Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст)

13 июн, ҷумъа

01:00, Бразилия — Хорватия – 3-1
21:00, Мексика — Камерун – 1-0
00:00, Испания — Ҳолланд – 1-5

14 июн, шанбе

03:00, Чили — Австралия – 3-1
21:00, Колумбия — Юнон – 3-0
00:00, Уругвай — Коста-Рика – 1-3

15 июн, якшанбе

03:00, Инглистон — Италия – 1-2
06:00, Кот-д'Ивуар — Ҷопон - 2-1
21:00, Швейтсария — Эквадор
00:00, Фаронса — Гондурас

16 июн, душанбе

03:00, Аргентина — Босния ва Ҳерзеговина
21:00, Олмон — Португалия
00:00, Эрон — Нигерия

17 июн, сешанбе

03:00, Гана — ИМА
21:00, Белгия — Алҷазоир
00:00, Бразил — Мексика

18 июн, чоршанбе

03:00, Русия —Кореяи Ҷанубӣ
21:00, Австралия — Ҳолланд
00:00, Испания — Чили

19 июн, панҷшанбе

03:00, Камерун — Хорватия
21:00, Колумбия — Кот-д'Ивуар
00:00, Уругвай — Инглистон

20 июн, ҷумъа

03:00, Ҷопон — Юнон
21:00, Италия — Коста-Рика
00:00, Швейтсария — Фаронса

21 июн, шанбе

03:00, Гондурас — Эквадор
21:00, Аргентина — Эрон
00:00, Олмон — Гана

22 июн, якшанбе

03:00, Нигерия — Босния ва Герзеговина
21:00, Белгия — Русия
00:00, Кореяи Ҷанубӣ — Алҷазоир

23 июн, душанбе

03:00, ИМА — Португалия
21:00, Испания — Австралия
21:00, Ҳолланд — Чили

24 июн, сешанбе

01:00, Камерун — Бразилия
01:00, Хорватия — Мексика
21:00, Италия — Уругвай
21:00, Коста-Рика — Инглистон


25 июн, чоршанбе

01:00, Юнон — Кот-д'Ивуар
01:00, Ҷопон — Колумбия
21:00, Нигерия — Аргентина
21:00, Босния ва Ҳерзеговина — Эрон

26 июн, панҷшанбе

01:00, Эквадор — Фаронса
01:00, Гондурас — Швейтсария
21:00, ИМА — Олмон
21:00, Португалия — Гана

27 июн, ҷумъа

01:00, Кореяи Ҷанубӣ — Белгия
01:00, Алҷазоир — Русия

1/8 финал
Ғолибони гурӯҳҳо бо дастаҳои дувуми гурӯҳҳои дигар бозӣмекунанд:

28 июн, шанбе

21:00, 1A — 2B (49)

29 июн, якшанбе

01:00, 1C — 2D (50)
21:00, 1B — 2A (51)

30 июн, душанбе

01:00, 1D — 2C (52)
21:00, 1E — 2F (53)

1 июл, сешанбе

01:00, 1G — 2H (54)
21:00, 1F — 2E (55)

2 июл, чоршанбе

01:00, 1H — 2G (56)

Давраи 1/4-ниҳоӣ

4 июл, ҷумъа

21:00, Барандаи бозӣ(Б)-и 53 — Б54 (58)

5 июл, шанбе

01:00, Б49 — Б50 (57)
21:00, Б55 — Б56 (60)

6 июл, душанбе

01:00, Б51 — W52 (59)

Давраи ниманиҳоӣ

9 июл, чоршанбе

01:00, Б57 — Б58 (61)

10 июл, ҷумъа

01:00, Б59 — Б60 (62)

Бозӣ барои ҷои севум

13 июл, якшанбе

01:00, Бозандаи бозиҳои 61 ва 62

Даври ниҳоӣ

13 июл, якшанбе

00:00, Б61 — Б62
XS
SM
MD
LG