Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаби 15-16-уми июн боз се бозии сабқати гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар Бразил баргузор шуд.

Натоиҷи бозиҳо чунин аст: Швейтсария— Эквадор – 2-1 (голҳо – Валенсия Эн.,22 (0:1), Меҳмедӣ А., 48 (1:1), Сеферович Х., 90+3 (2:1), Фаронса — Ҳондурас – 3-0 (Бензема К., 45 (1:0), Валядарес Н., 48 (2:0), Бензема К., 72 (3:0), Аргентина — Босния ва Ҳерсеговина – 2-1 (Колашинатс, С., 3 (1:0), Месси Л., 65 (2:0), Ибишевич В., 85 (2:1).

Ба ин тартиб, бозиҳои даври аввал дар панҷ гурӯҳ – А, В, С, D, Е– поён ёфтанд. Дар гурӯҳи F бошад, як бозӣ доир шуд. Бозии дигари ин гурӯҳ шаби
16 ба 17-уми июн, миёни дастаҳои Эрон ва Нигерия баргузор мешавад. Ин бозӣ имшаб соаи 24 ба вақти Душанбе оғоз меёбад. Пеш аз ин бозӣ имшаб, соати 21 ба вақти Душанбе бозии аввали гурӯҳи G миёни дастаҳои мунтахаби Олмон ва Португол шурӯъ мешавад.

Бояд гуфт, ки дар се рӯзи мусобиқот натоиҷи ғайричашмдошт ва пурсарусадое дар гурӯҳи D, ки се қаҳрамони собиқи ҷаҳон бозӣ мекунанд ва ин гурӯҳ “гурӯҳи марг” ҳисобида мешавад, ба чашм расид. Яке шикасти Испания, қаҳрамони кунунии ҷаҳон, аз Ҳолланд бо ҳисоби бузурги 1-5 ва дигаре пирӯзии Коста-Рика бар Уругвай, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон ва нимфиналисти Ҷоми ҷаҳонии 2010, бо ҳисоби 3-1 мебошад.

Дар сабқати гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар Бразил мунтахаби 32 кишвар ҳузур доранд ва дар маҷмӯъ 64 бозӣ барои муайян шудани ғолиби Ҷоми ҷаҳонии 2014 баргузор хоҳад шуд.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 дар Бразилия то 13-уми июл идома меёбад. Дар сабқати ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон 32 дастаи мунтахаб, ки ба 8 гурӯҳ (ҳар гурӯҳ иборат аз 4 даста) тақсим шудааст, ширкат мекунад. Бозиҳои даври гурӯҳӣ аз 13-ум то 27-уми июн барпо мегарданд. Ба плей-офф (қисми 1/8-ниҳоии мусобиқот ) дастаҳое роҳ меёбанд, ки дар гурӯҳи худ ҷойҳои якуму дувумро гирифтаанд. Бозиҳои 1/8-ниҳоӣ аз 28-уми июн то 2-юми июл, бозиҳои ¼-ниҳоӣ — 4, 5 ва 6-уми июл, бозиҳои ниманиҳоӣ — 9-10-уми июл доир мешаванд. Бозӣ барои ҷойи севум ва бозии ниҳоӣ 13-уми июл баргузор хоҳанд шуд.

Бозиҳо дар 12 шаҳри Бразилия: Белу-Оризонти, Бразилиа, Куяба, Куритиба, Манаус, Натал, Форталеза, Порту-Алегри, Ресифи, Салвадор, Сан-Паулу ва Рио-де-Жанейро баргузор мешаванд. Бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи "Марио Филю", ки бештар бо номи «Маракана» маълум аст, барпо мегардад. Маҳз соли 1950 дар ин варзишгоҳ бозии ҳалкунандаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Бразилия доир шуда буд.

Бояд гуфт, ки дар чаҳор мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар Амрикои Ҷанубӣ баргузор шуда буд (Уругвай-1930, Бразилия-1950, Чили-1962 ва Аргентина-1958), дастаҳои мунтахаби ин қора ғолиб шудаанд. Бразилия панҷумин кишварест, ки пас аз Мексика, Италия, Фаронса ва Олмон барои дувумин бор мизбони Ҷоми ҷаҳонии футбол гардидааст. Ҷоми ҷаҳон аз ин пеш дар Бразилия соли 1950 баргузор шуда буд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқот нисбат ба соли 2010 37% афзудаааст ва 576 млн долларро ташкил медиҳад. Соли 2010 ҳамагӣ 420 млн доллар буд. Ғолиби мусобиқот 35 млн доллар мегирад. Барои ҷойи дувум 25 млн доллар ва барои ҷойи севум 22 млн доллар муқаррар шудааст. Дастаи мунтахабе, ки ҷойи чорумро соҳиб мешавад, бо 20 млн доллар сарфароз мегардад. Ба ширкаткунандагони даври чаҳорякниҳоӣ 14 млн долларӣ, даври ҳаштякниҳоӣ - 9 млн долларӣ ва ба тимҳое, ки муборизаро дар даври гурӯҳӣ анҷом медиҳанд, ба ҳар кадом 8 млн долларӣ супурда хоҳад шуд.

Дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии 20-уми ҷаҳон ҳамаи 8 дастае, ки пештар (аз замони оғози ин мусобиқот) ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шудаанд – Уругвай (1930, 1950), Италия (1934, 1938, 1982, 2006), Олмон (1954, 1974, 1990), Бразилия (1958, 1962, 1970, 1994, 2002), Инглистон (1966), Аргентина (1978, 1986), Фаронса (1998) ва Испания (2010) ширкат меварзанд. Ва аммо мунтахаби Босния ва Ҳерсеговина барои аввалин бор дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон иштирок мекунад.

Ҳайатҳои гурӯҳҳо

Гурӯҳи А Гурӯҳи В Гурӯҳи С Гурӯҳи D
Бразил Испания Колумбия Уругвай
Хорватия Ҳолланд Юнон Коста-Рико
Мексика Чили Кот-д'Ивуар Инглистон
Камерун Австралия Ҷопон Италия

Гурӯҳи Е Гурӯҳи F Гурӯҳи G Гурӯҳи H
Швейтсария Аргентина Олмон Белгия
Эквадор Босния ва Ҳерсеговина Португол Алҷазоир
Фаронса Эрон Гана Русия
Ҳондурас Нигерия ИМА Кореяи Ҷанубӣ

Даври гурӯҳии марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014

Тақвими бозиҳо

(Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст)

13 июн, ҷумъа

Бразил — Хорватия – 3-1
Мексика — Камерун – 1-0
Испания — Ҳолланд – 1-5

14 июн, шанбе

Чили — Австралия – 3-1
Колумбия — Юнон – 3-0
Уругвай — Коста-Рика – 1-3

15 июн, якшанбе

Инглистон — Италия – 1-2
Кот-д'Ивуар — Ҷопон - 2-1
Швейтсария — Эквадор – 2-1
Фаронса — Ҳондурас -3-0

16 июн, душанбе

Аргентина — Босния ва Ҳерзеговина -2-1
21:00, Олмон — Португол
00:00, Эрон — Нигерия

17 июн, сешанбе

03:00, Гана — ИМА
21:00, Белгия — Алҷазоир
00:00, Бразил — Мексика

18 июн, чоршанбе

03:00, Русия —Кореяи Ҷанубӣ
21:00, Австралия — Ҳолланд
00:00, Испания — Чили

19 июн, панҷшанбе

03:00, Камерун — Хорватия
21:00, Колумбия — Кот-д'Ивуар
00:00, Уругвай — Инглистон

20 июн, ҷумъа

03:00, Ҷопон — Юнон
21:00, Италия — Коста-Рика
00:00, Швейтсария — Фаронса

21 июн, шанбе

03:00, Ҳондурас — Эквадор
21:00, Аргентина — Эрон
00:00, Олмон — Гана

22 июн, якшанбе

03:00, Нигерия — Босния ва Герзеговина
21:00, Белгия — Русия
00:00, Кореяи Ҷанубӣ — Алҷазоир

23 июн, душанбе

03:00, ИМА — Португол
21:00, Испания — Австралия
21:00, Ҳолланд — Чили

24 июн, сешанбе

01:00, Камерун — Бразил
01:00, Хорватия — Мексика
21:00, Италия — Уругвай
21:00, Коста-Рика — Инглистон

25 июн, чоршанбе

01:00, Юнон — Кот-д'Ивуар
01:00, Ҷопон — Колумбия
21:00, Нигерия — Аргентина
21:00, Босния ва Ҳерсеговина — Эрон

26 июн, панҷшанбе

01:00, Эквадор — Фаронса
01:00, Гондурас — Швейтсария
21:00, ИМА — Олмон
21:00, Португол — Гана

27 июн, ҷумъа

01:00, Кореяи Ҷанубӣ — Белгия
01:00, Алҷазоир — Русия

1/8 финал
Ғолибони гурӯҳҳо бо дастаҳои дувуми гурӯҳҳои дигар бозӣмекунанд:

28 июн, шанбе

21:00, 1A — 2B (49)

29 июн, якшанбе

01:00, 1C — 2D (50)
21:00, 1B — 2A (51)

30 июн, душанбе

01:00, 1D — 2C (52)
21:00, 1E — 2F (53)

1 июл, сешанбе

01:00, 1G — 2H (54)
21:00, 1F — 2E (55)

2 июл, чоршанбе

01:00, 1H — 2G (56)


Давраи 1/4-ниҳоӣ

4 июл, ҷумъа

21:00, Барандаи бозӣ(Б)-и 53 — Б54 (58)

5 июл, шанбе

01:00, Б49 — Б50 (57)
21:00, Б55 — Б56 (60)

6 июл, душанбе

01:00, Б51 — W52 (59)

Давраи ниманиҳоӣ

9 июл, чоршанбе

01:00, Б57 — Б58 (61)

10 июл, ҷумъа

01:00, Б59 — Б60 (62)

Бозӣ барои ҷои севум

13 июл, якшанбе

01:00, Бозандаи бозиҳои 61 ва 62

Даври ниҳоӣ

13 июл, якшанбе

00:00, Б61 — Б62

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG