Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мунтахаби футболи Бразил дар нахустин бозии Ҷоми ҷаҳонии футбол- 2014 бар дастаи Хорватия бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.

Бразил -- мизбони Ҷоми ҷаҳонии 2014 -- шаби гузашта дастаи Хорватияро дар нахустин бозии ин мусобиқаи пурнуфузи ҷаҳонӣ шикаст дод.

Ду голи Бразилро Неймар дар дақиқаҳои 29 ва 71 (аз пеналтӣ) ва голи дигари мизбононро Оскар дар дақиқаи 90 ба дарвозаи дастаи Хорватия ворид карданд.

Ягона голи дастаи Хорватияро бозигари Бразил Марсело дар дақиқаи 11-ум ба дарвозаи дастааш зад.

Сардовари ин мусобиқа аз Ҷопон буд ва дар ин гурӯҳ Камерун ва Мексика низ ҳузур доранд. Мексика ва Камерун рӯзи ҷумъа бо ҳам сабқат мекунанд.

Имрӯз инчунин Ҳолланд ва Испания дар баробари ҳамдигар қарор мегиранд.

Дар ин давр аз мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол 32 кишвар ҳузур доранд ва дар маҷмӯъ 64 бозӣ барои муайян шудани ғолиби Ҷоми ҷаҳонии 2014 баргузор хоҳад шуд. Эрон -- кишвари ҳамзабони Тоҷикистон дар ин мусобиқот бо Аргентина, Нигерия ва Босния дар гурӯҳи шашум қарор дорад.

Мақомоти Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мегӯянд, ки мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии 2014 аз тариқи се шабакаи давлатии телевизионии кишвар намоиш дода мешавад.

Сайидалӣ Сиддиқов, муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, рӯзи13 июн ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки мусобиқоти ҷаҳонии футбол аз тариқи «Шабаки якум», «Сафина» ва «Ҷаҳоннамо» бо навбат нишон дода шуда ва рӯзона бозиҳоро такрор мекунанд.

Тавре мухлисони футбол мегӯянд, шаби гузашта аз тариқи ин се шабака бозии Бразил бо Хорватия намоиш дода шуд.

МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ ҶОМИ ҶАҲОНИИ 2014 ДАР БРАЗИЛ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG