Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозии беголи Эрон - Нигерия. Олмон ёрони Роналдоро ба зону нишонд


Лаҳзае аз бозии Эрон - Нигерия
Лаҳзае аз бозии Эрон - Нигерия

Бозии байни тимҳои Эрону Нигерия дар Ҷоми ҷаҳонӣ дар Бразилия бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Ду тим дар тӯли 90 дақиқа амалан ягон ҳамлаи хотирмон доир накарданд.

Дар бозии байни тимҳои Эрону Нигерия ҳисоб кушода нашуд. Шореҳони варзиш мегӯянд, баъди 4 рӯзи бозиҳои пур аз шавқу шӯр бо натиҷаҳои бисёр авқот ногаҳонии Ҷоми ҷаҳонӣ -2014, тимҳои Нигерия ва Эрон шаби 16 июн шояд дилгиртарин бозии ин мусобиқотро нишон доданд. Ин аввалин бозие буд, ки дар гол зада нашуд. Ва ҳам рақобати Эрону Нигерия аввалин бозие буд дар ин Ҷоми ҷаҳонӣ, ки мусовӣ анҷом ёфт.

Бар асоси арзёбии ФИФА, дар ин бозӣ тӯб 36 дарсад дар ихтиёри дастаи Эрон буд ва 64 дарсади дигар дастаи Нигерия тӯбро дар ихтиёри худ дошт. Эрон дар се маврид дарвозаи рақибашро нишон гирифт ва Нигерия низ шаш бор дарвозаи Эронро ҳадаф қарор дод. Дар ин бозӣ танҳо як корти зард дода шуд, ки он "насиб"-и Темуриён, бозигари дастаи Эрон шуд.

Бозии Эрон бо Нигерия бозии дувуми гурӯҳи F буд. Шаби қабл аз ин, Босния ва Аргентина аз ин гурӯҳ дар баробари ҳам қарор гирифтанд ва ёрони Месси бо ҳисоби 2:1 ҳарифонашонро шикаст доданд. То ин лаҳза Аргентина се имтиёз ва Эрон ва Нигерия ҳар кадом як имтиёз дарёфт кардаанд ва Босния ҳеҷ имтиёзе ба даст наовардааст. Дар даври баъдӣ рӯзи 21 июн дастаи Эрон бо Аргентина бо якдигар рақобат мекунанд.

Тими Нигерия бо чунин ҳайат ба майдон баромада буд: Энема - Амброуз, Ошанива, Обоабона, Омеруо — Азиз, Оби Микел, Онази — Мӯсо, Мозес, Эменике. Обоабонаро, ки лат хӯрд, дар дақиқаи 29-ум Йобо иваз кард.

Тими Эрон чунин ҳайатро дар муқобили футболбозони африқоӣ ба бозӣ даровард: Ҳақиқӣ - Мунтазирӣ, Ҳусейнӣ, Содиқӣ, Пӯлодӣ - Некӯном, Дижоғо, Ҳаҷсафӣ - Ҳайдарӣ, Темуриён, Кӯчанажод.


ШИКАСТИ ГАНА АЗ АМРИКО


Дар бозии дигари гурӯҳи G мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) бар тими Гана бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд. Ҳисобро дар дақиқаи аввали бозӣ К. Демпси, бозигари ИМА, кушод. Дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 82-юм А.Айю, бозигари Гана, ҳисобро баробар кард. Голи дувум ва ҳалкунандаи ИМА-ро Ҷ. Брукс дар дақиқаи 86-ум ба дарвозаи Гана ворид намуд.

Ба ин тартиб, бозиҳои даври аввал дар ҳафт гурӯҳ – А, В, С, D, Е, F,G – поён ёфтанд. Бозиҳои даври аввал дар гурӯҳи охирин - H - имшаб, 17-уми июн соати 21 ба вақти Душанбе миёни дастаҳои Белгия ва Алҷазоир баргузор мешавад. Бозии дигари ин гурӯҳ байни дастаҳои Русия ва Кореяи Ҷанубӣ шаби чоршанбеи 18-уми июн, соати 03:00 ба вақти Душанбе оғоз меёбад. Пеш аз ин бозӣ имшаб, соати 21 ба вақти Душанбе бозии даври дувум дар гурӯҳи А миёни тимҳои Бразил ва Мексика шурӯъ мешавад.



Олмон - Португалия 4:0!!!
Томас Мюллер - акс аз бойгонист
Томас Мюллер - акс аз бойгонист
Тими Олмон Португалияро дар Ҷоми ҷаҳонӣ-2014 дар Бразилия бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод ва собит кард, ки чун ҳамеша як довталаби асосии унвони қаҳрамони футболи ҷаҳон боқӣ мемонад. Қаҳрамони асосии бозӣ Томас Мюллер буд, ки 3 тӯб зад ва муаллифи нахустин хет-трик дар мусобиқоти имсола шуд.

Як тӯби дигарро ба дарвозаи тими Криштиано Роналдо Ҳуммелс зад. Роналдо, маълум мешуд, ки баъди латхӯриаш пурра ба худ наомадааст ва бозии фавқулоддае нишон дода натавонист. Аз тарафи дигар, хатти дифои тими Олмон тавонист хатари Роналдоро ҳадди аксар хунсо кунад.

Ду маврид - пеналтии хеле машкук дар оғози бозӣ ва корти сурх гирифтани Пепе - боис шуд, ки тими Португалия алакай дар нимаи аввали бозӣ рӯҳан шикаста шавад.

Ба кӣ мухлисӣ мекунед? Эрон ё Нигерия? Олмон ё Португалия? Ғана ё Амрико?

Имшаб дар рӯзи панҷуми мусобиқоти гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол -2014 дар Бразилия дар гурӯҳи H Олмон ба дидори Португалия рафта, дар гурӯҳи F Эрон бо тими Нигерия вориди рақобат хоҳад шуд. Бозии дувуми даври аввал дар гурӯҳи H байни дастаҳои Ғана ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соатҳое доир мешавад, дар Тоҷикистон алакай субҳи 17 июн медамад.

Бозии Олмон бо Португалия соати 21 00 ба вақти Тоҷикистон ва бозии Эрон бо Нигерия соати 24 00 ба вақти Тоҷикистон ва бозии Ғана бо Амрико соати 03 00 оғоз мешаванд.

​Тими Эрон, ки бо лақаби “Шерони Эрон” маъруф аст, дар ҳоле алайҳи тими “супер-уқоб”-ҳои кишвари африқоии Нигерия ба майдон медарояд, ки дар бозии якум дар ин гурӯҳ тими Аргентина ба раҳбарии Леонел Месси бар Босния ва Ҳерзеговина бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад ва ҳоло бо 3 имтиёз пешсафи ин гурӯҳ аст.

Шабакаи телевизионии Евронюс пешбинӣ кардааст, ки Эрон бар Нигерия бо ҳисоби 2-1 пирӯз хоҳад шуд. Тими Эронро ба Ҷоми ҷаҳонӣ мураббии маъруфи португалӣ Карлуш Пейруш омода кардааст. Аз ситораҳои нисбатан маъруфи ин тим яке Ҷаводи Накӯном аст, ки бо 6 голи задааш дар роҳи дастёбии Эрон ба Ҷоми ҷаҳонӣ дар Бразилия нишонзани беҳтарини тими миллӣ шуд.
Накӯном дар Кувайт бозӣ мекунад, вале аз 23 бозигари тими миллӣ 14 нафараш дар мусобиқоти футболи худи Эрон бозӣ мекунанд. Аз легионерҳо дар ин тим метавон боз Ашкон Дижоғоро ном гирифт, ки дар тими инглисии “Фулҳем бозӣ мекунад, Ризо Ҳақиқӣ аз тими “Рубин” аз шаҳри Қазони Тотористони Русия аст ва Даниэл Доварӣ аз “Айнтрахт”-и Олмон.

Аммо аз 23 узви тими Нигерия дуяш дар Исроил ва бақия ҳама дар Аврупо – апз Инглистон то Туркияву Украинаву Русия - бозӣ мекунанд. Аз ситораҳои маъруфи ин тим яке Аҳмад Мӯсо – нишонзани беҳтарини ЦСКА-и Маскав ва лигаи олии футболи Русия аст ва якеи дигар – Эммануэл Эмменике аз “Фенербоғча”-и Истамбул. Питер Одемвинге аз тими инглисии “Сток Ситӣ” , Виктор Мозес аз “Ливерпул” ва Обе Микел аз “Челси” низ “бомба”-ҳоеянд, ки мурабби Нигерия Стивен Кешӣ ба Бразилия овардааст.

Бо ин вуҷуд, бисёре аз шореҳон бар инанд, ки Эрон аз ҳисоби ташкили хубтари бозиаш тавони баранда шудан дар ин рӯёрӯиро дорад. Мухлисони тими Эрон ҳатто мӯътақиданд, ки тими онҳо ҳаққи дигаре ба ҷуз аз пирӯзӣ дар ин тим надорад, чун дар акси ҳол вазъаш дар бозиҳои баъдӣ бо тимҳои қавитари Босния ва бавижа Аргентинаи “мусаллаҳ” бо Месси хеле вазнин хоҳад шуд. Онҳо аз иқболи бади Эрон дар қуръакашии Ҷоми ҷаҳонӣ меноланд, ки ин тимро дар чунин гурӯҳи сахт партофт.

Криштиано Роналдо
Криштиано Роналдо
Бозии охирин имшаба дар Ҷоми ҷаҳонӣ байни Ғанаву Амрикост. Вале аксари шореҳон бар ин боваранд, ки рақобати асосӣ дар гурӯҳи H байни тимҳои Португалияву Олмон сурат хоҳад гирифт. Португалия, албатта, тамоми умедашро ба Криштиано Роналдо бастааст ва тақрибан як моҳ боз тамоми мухлисони ин тим ва худи Роналдо даст ба дуо бардоштаанд, ки лати хуӯрдаи ин ситораи раддаи аввали футболи муосир то рӯзи бозӣ бо Олмон дуруст шавад. Шореҳони футбол мегӯянд, дар ғайри ин, тими Португалия дар муқобили мошини футболи Олмон шонси чандоне надорад.

Дар воқеъ дар ҳоле ки тими Португалия ба ҷуз аз Роналдо шояд боз битавонад танҳо бо Нани аз “Манчестер Юнайтед”, Раул Мерелеш аз “Фенербоғча” ва Элдер Поштига аз “Латсио” ифтихори зиёд кунад, вале дар тими Олмон тақрибан касе нест, ки ситорааш гуфта нашавад: Мануэл Нойер, Филипп Лам, Бастиан Швайштайгер, Томас Мюллер, Мирослав Клозе, Шкодран Мустафӣ, Марио Гётсе, Тони Кроос, Пер Мартезакер, Ҷером Боатенг, Лукас Подолски, Андреас Шюрле ва албатта, “силоҳи сақил”-и туркии ин тим дар симои Самӣ Хидира ва Масъуд Ӯзил қодиранд миёни ҳар тими тавонои дунёро бишкананд.

Вале боз ҳам футбол футбол аст ва танҳо баъди ҳуштаки ниҳоии довар, ки аз анҷоми ин бозиҳо дарак дод, метавон сад дарсад мутмаин шуд, ки имшаб мурғи иқболи футбол брӯи шонаҳои кадоме аз ин тимҳо нишасту ба кадоми онҳо ин бор пушт гардонд.

Футболро тамошо мекунем!
XS
SM
MD
LG