Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафири Амрико: "Мо аз вазъи минтақа огоҳ ҳастем". ВИДЕО


Элизабет Миллард

Элизабет Миллард

Дипломати баландпоя Элизабет Миллард аз ҳушдори сафорати Амрико дар бораи эҳтимоли рух додани ҳодисаи террористӣ дар Тоҷикистон ҳимоят кард ва гуфт, ки ин ҳушдор бар асоси иттилои воқеӣ нашр шудааст. Миллард рӯзи 23 ноябр дар сӯҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "бале, мо ин хабарро нашр кардем ва, бале, он воқеан ҳам ҷой дорад. Ҳар вақте ки хабар нав шуд, онро ҳам ба иттилои ҳамагон мерасонем."

Ҳудуди як моҳ қабл сафорати Амрико дар Бишкек низ аз эҳтимоли ҳамлаи террористӣ, гаравгонгирӣ ва одамрабоӣ алайҳи мақомот ва дипломатҳо дар Қирғизистон ҳушдор дода буд.

Сафири Амрико дар Душанбе афзуд, мувофиқи муқаррароти Департаменти давлатӣ, дар ҳолати дастрас шудани ҳушдор онҳо вазифадоранд, шаҳрвандони худро, ки бо ҳадафи саёҳат нияти сафар ба Тоҷикистонро доранд, дар бораи вуҷуди чунин иттилоъ огоҳ кунад.

Дар ҳушдори сафорати Амрико, ки аз рӯзи 9 ноябр то ҳоло дар саҳифаи вебсайти англисии ин сохтор қарор дорад, дар бораи таҳдиди эҳтимолии гурӯҳҳои террористӣ ба маконҳои ҷамъиятии азим ва ё марз бо Афғонистон таъкид шудааст. Дар робита бо ин ҳушдор, сафорати Амрико ба шаҳрвандонаш машварат додааст, дар Душанбе аз ширкат дар маконҳои серодам ва ё истифодаи нақлиёти мусофирбар худдорӣ кунанд.

Сӯҳбати видеоӣ инҷост:

Сафорат ҳамзамон ба амрикоиҳои муқими Тоҷикистон тавсия додааст, ки дар ҳолати сафар ба вилояти Бадахшон, аз будубош ва гаштугузор дар манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон пас аз фаро расидани торикӣ, ба вижа дар минтақаҳои аҳолинишин, дурӣ ҷӯянд. Сафир Элизабет Миллард дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ин таҷрибаест, ки мо дар тамоми ҷаҳон ба кор мебарем. Вақте дар даст иттилое дорем, онро ба мазҳари умум мегузорем. Мо дар бораи вазъ дар минтақа огоҳ ҳастем. Вақте иттилое дарёфт кардем, ба самъи кормандонамон дар ин ҷо расондем.”

Қаблан масъулони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон гуфта буданд, ки маншаи пахши огаҳии сафорати Амрикоро намефаҳманд, зеро вазъият, ба қавли онҳо, “орому амн аст”. Аз ҷумла, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои онҳо маълум нест, сарчашмаи ин хабари сафорати Амрико кадом аст ва дурустии онро тасдиқ ё инкор карда наметавонанд.

Ҳушдори сафорати Амрико ба шаҳрвандонаш аз эҳтимоли ҳамлаҳои террористӣ аз сӯи гурӯҳҳои тундрав дар ҳолест, ки ахиран хабаргузории "Пажвок"-и Афғонистон хабар дод, ҷангиёни гурӯҳи Толибон дар вилояти Кундуз фаъол шудаанд, то ба террористҳои хориҷӣ шароит фароҳам созанд, ки ба қаламрави Тоҷикистону Узбакистон, ворид шаванд.

Ҳудуди як моҳ қабл низ, сафорати Амрико дар Бишкек аз эҳтимоли ҳамлаи террористӣ, гаравгонгирӣ ва одамрабоӣ алайҳи мақомот ва дипломатҳо дар моҳи октябр дар Қирғизистон ҳушдор дода буд. Сафорати Амрико он замон дар баёнияи расмии худ гуфт, ягон хатари ҷиддӣ нисбат ба шаҳрвандонаш вуҷуд надорад, вале хостааст, онҳоеро, ки дар Қирғизистон саёҳат ё зиндагӣ мекунанд, огоҳ намояд, ки "ҳангоми ҳузур дар нақлиёт ё ҷойҳои ҷамъиятӣ барои амнияти худ чора андешанд".

Ҳамла ба сафорати Чин дар Бишкек

Ҳамла ба сафорати Чин дар Бишкек

Рӯзи 30 августи имсол дар ҷануби шаҳри Бишкек, дар ҳудуди сафорати Чин дар Қирғизистон, таркиш рух дода, як кушта ва се захмӣ барҷой гузошт. Бино ба хабари мақомоти Қирғизистон, як ҳамлавари маргталаб худро бо мошинаш дар назди дарвозаи сафорати Чин таркондааст. Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳамла аз ду шиносномаи шаҳрвандони Тоҷикистон истифода шудааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ истифодаи шиносномаи ду шаҳрванди кишварро тасдиқ кард ва гуфт, онҳо дар Сурия қарор доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG