Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гринкарта - роҳ ба ба сӯи кишвари фурсатҳо


Фаррух Алиев соли гузашта лотареяи гринкарди амрикоиро бурд ва имкони муҳоҷират ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро пайдо кард. Ин донишҷӯи донишгоҳи омӯзгории Душанбе ҳоло интизори даъват барои сӯҳбат дар сафорати Амрико дар Қазоқистон аст.

Дар мавсими якмоҳаи озмуни дарёфти ҳаққи муҳоҷират ба Амрико, ки ҳамчун озмуни лотареяи гринкард маъруф аст, садҳо нафар мисли Фаррух талоши ширкат дар озмунро доранд. Ҳаваси бештар барои муҳоҷират ба Амрико марказҳои таҳияи санадҳо барои ширкат дар озмунро дар Душанбе зиёд кардааст. Дар кӯчаву хиёбон ва Интернет лавҳаҳои таблиғотии марказҳо зиёд шудааст. Қимати пур кардани санадҳо ва гирифтани акс барои як нафар аз 25 то 30 сомонӣ ва барои хонавода 50 сомонӣ арзиш дорад.

Роҳ ба сӯи Амрико. Довталабони "гринкард" зиёд шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00

Танҳо ба як маркази кумак барои ширкат дар лотереяи гринкард дар як рӯз наздики 100 нафар муроҷиат мекунад. Синну соли довталабони муҳоҷират ба Амрико мухталиф аст. Имсол назар ба дархостҳои инфиродӣ, аризаҳои хонаводаҳо барои тарки Тоҷикистон бештар шудааст. Умед ба зиндагии беҳтар шумори довталабони муҳоҷират ба Амрикоро зиёд кардааст.

Соли гузашта танҳо аз як маркази муроҷиат ба гринкарта дар Тоҷикистон 37 нафар шонси зиндагӣ дар Амрикоро ба даст оварданд. Ҳар сол аз Тоҷикистон ҳудуди 700 нафар лотереяи муҳоҷират ва иқомат дар Амрикоро ба даст меоварданд, аммо на ҳама ба орзуяш мерасид. Масъалаи онҳо камбуди пул барои муҳоҷират ва ё рад шудани дархосташон будааст.

Дар баробари марказҳои кӯмак дар пур кардани аризаи гринкарта, тавассути интернет ҳам аз ҳар ҷои дунё тоҷикон метавонанд дар озмуни мазкур иштирок кунанд. ​

XS
SM
MD
LG