Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико шаҳрвандонашро ба эҳтиёт даъват кард. ВКД гуфт, Тоҷикистон орому амн аст


Сафорати Амрико дар Душанбе ба шаҳрвандони ин кишвар тавсия додааст, ки эҳтиёт кор бигиранд ва аз рафтан ба ҷойҳои серодам ва истифода аз васоити нақлиёти умумӣ, парҳез намоянд.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 9 ноябр дар торнамои худ навиштааст, онҳо "иттилое дарёфт кардаанд, ки гурӯҳҳои террористӣ дар талошанд ҷойҳои серодамро ҳадаф қарор бидиҳанд ва ё марзи давлатии Тоҷикистон бо Афғонистонро убур намоянд."

Сафорати ИМА дар Душанбе ба шаҳрвандони Амрико муқими Тоҷикистон аз эҳтимоли вуқӯи ҳамлаҳои террористӣ ҳушдор дод."

Сафорат ҳамзамон ба шаҳрвандони Амрико муқими Тоҷикистон тавсия додааст, ки дар ҳолати сафар ба вилояти Бадахшон, аз будубош ва гаштугузор дар манотиқи ҳаммарз бо Афғонистон пас аз фаро расидани торикӣ, ба вижа дар минтақаҳои аҳолинишин, дурӣ биҷӯянд.

Сафорати бо нашри шумораи телефонҳои худ аз шаҳрвандони кишвараш дар Тоҷикистон хостааст, ки дар ҳолатҳои изтирорӣ бо сафорат дар тамос шаванд. Сафорат мегӯяд, ки кормандонаш рӯзи панҷшанбе ба таври маъмулӣ ба фаъолияти худ идома хоҳад дод ва рӯзи ҷумъаи 11 ноябр дарҳои сафорати ба муносибати Рӯзи Ветеранҳо, баста мешавад.

ВКД: Кишвар орому амн аст

Аммо масъулини сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон мегӯянд, маншаи пахши огаҳии сафорати ИМА-ро намефаҳманд, зеро вазъият дар кишвар "орому амн аст". Аз ҷумла, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ рӯзи 10 ноябр гуфт, ки барои онҳо маълум нест, ки сарчашмаи ин хабари сафорати Амрико кадом аст ва дурустии онро феълан тасдиқ ё инкор карда наметавонанд. Ӯ гуфт, "имрӯз иди милитсияи тоҷик дар сатҳи баланд таҷлил шуд ва ҳама чиз хубу ором аст".

Сафорат: Ба хотири бехатарии амрикоиҳо хабар пахш шуд

Масъулини сафорати ИМА дар Душабе дар шарҳи хабари ҳушдори амниятӣ аз эҳтимоли рӯй додани ҳамлаи террористӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки хабар ба хотири бехатарии шаҳрвандони Амрико пахш шуд. Як масъули сафорат дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки "ин иттилоияи баъди он пахш шуд, ки хабаре дар ин бора дастрас гардид. Маъмулан, бо дарёфти хабари марбут ба эҳтимоли рух додани ҳодисаи ноамне шаҳрвандони ИМА дар Тоҷикистон тавассути сафорати ИМА огоҳонида мешаванд, ки аз эҳтиёт кор бигиранд". Ин масъули сафорат аз шарҳи бештар дар ин замина худдорӣ кард.

Тоҷикистон бо вилояти ноороми Кундуз, ки гурӯҳи Толибон дар онҷо фаъол мебошад, ҳаммарз аст.

Тоҷикистон бо вилояти ноороми Кундуз, ки гурӯҳи Толибон дар онҷо фаъол мебошад, ҳаммарз аст.

​Ҳушдори сафорати Амрико ба шаҳрвандонаш аз эҳтимоли ҳамлаҳои террористӣ аз сӯи гурӯҳҳои тундрав дар ҳолест, ки ахиран хабаргузории афғонии "Пажвок" хабар дод, ки ҷангиёни гурӯҳи Толибон дар вилояти Кундуз ба ин далел фаъол шудаанд, то ба террористҳои хориҷӣ шароит фароҳам созанд, ки ба қаламрави Тоҷикистон ва Узбакистон, ворид шаванд.

Ҳудуди як моҳ қабл низ, сафорати Амрико дар Бишкек аз эҳтимоли ҳамлаи террористӣ, гаравгонгирӣ ва одамрабоӣ алайҳи мақомот ва дипломатҳо дар моҳи октябр дар Қирғизистон ҳушдор дода буд.

Сафорати Амрико он замон дар баёнияи расмии худ гуфт, ягон хатари ҷиддӣ нисбат ба шаҳрвандонаш вуҷуд надорад, вале хостааст, онҳоеро, ки дар Қирғизистон саёҳат ё зиндагӣ мекунанд, огоҳ намояд, ки "ҳангоми ҳузур дар нақлиёт ё ҷойҳои ҷамъиятӣ барои амнияти худ чора андешанд".

Ҳамла дар ҳудуди сафорати Чин дар Бишкек.

Ҳамла дар ҳудуди сафорати Чин дар Бишкек.

Рӯзи 30 августи имсол дар ҷануби шаҳри Бишкек, дар ҳудуди сафорати Чин дар Қирғизистон, таркиш рух дода, як кушта ва се захмӣ барҷой гузошт. Бино ба хабари мақомоти Қирғизистон, як ҳамлавари маргталаб худро бо мошинаш дар назди дарвозаи сафорати Чин таркондааст.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳамла аз ду шиносномаи шаҳрвандони Тоҷикистон истифода шудааст. Вазорати корҳои дохили Тоҷикистон низ истифодаи шиносномаи ду шаҳрванди кишварро тасдиқ кард ва гуфт, онҳо дар Сурия қарор доранд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши изҳороти расмӣ гуфт, Бобоҷонов Фирдавс Муъминҷоновичи 21-сола (Ҷалолуддини Балхӣ) ва Халилов Зоир Абдуҳалимовичи 33-сола (Панҷакент) ҳоло дар ҳайати гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG