Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Амрико аз эҳтимоли ҳамлаҳои террористӣ дар Қирғизистон


Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон иттилои сафорати Амрико ва Бритониёро дар бораи эҳтимоли ҳамлаи террористӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ таҳқиқ мекунад. Масъулoни ин ниҳоди давлатии Қирғизистон рӯзи 10 октябр гуфтанд, ки сафорат дар ин бора ба мақомоти махсуси Қирғизистон расман хабар надодааст ва таҳқиқ баъди нашри изҳорот дар расонаҳо оғоз шудааст.

Дар нақлиёти ҷамъиятии Бишкек варақаҳое часпонда шудаанд, ки бар асоси он аз сокинон талаб мешавад, дар ҷойҳои серодам ва даромадгоҳи биноҳои баландошёна ҳушёр бошанд.

Сафорати Амрико ва Бритониё дар Бишкек аз эҳтимоли ҳамлаи террористӣ, гаравгонгирӣ ва одамрабоӣ алайҳи мақомот ва дипломатҳо дар моҳи октябр дар Қирғизистон ҳушдор доданд. Сафорати Амрико дар баёнияи расмии худ гуфт, ягон хатари ҷиддӣ нисбат ба шаҳрвандонаш вуҷуд надорад, вале хостааст, онҳоеро, ки дар Қирғизистон саёҳат ё зиндагӣ мекунанд, огоҳ намояд, ки "ҳангоми ҳузур дар нақлиёт ё ҷойҳои ҷамъиятӣ барои амнияти худ чора андешанд".

Ёдоварӣ аз ҳамла дар сафорати Чин

Инчунин, сафорати Амрико ба шаҳрвандонаш тавсия дод, ки аз рафтан ба маконҳои серодам худдорӣ карда, дастури мақомоти маҳаллиро, бахусус дар ҳолатҳои изтирорӣ иҷро кунанд. Дар изҳороти сафорати Амрико аз ҳамлаи маргталабонаи моҳи августи имсол дар назди сафорати Чин дар Бишкек ёдоварӣ шудааст, ки каме дуртар аз бинои сафорати Амрико дуртар ҷойгир аст.

Дар ҳамин ҳол, дар нақлиёти ҷамъиятии Бишкек варақаҳое часпонда шудаанд, ки бар асоси он аз сокинон талаб мешавад, дар ҷойҳои серодам ва даромадгоҳи биноҳои баландошёна ҳушёр бошанд. Дар ин варақа шумораи телефонҳое низ навишта шудааст, ки сокинон ҳангоми мушоҳидаи мавод ё нафари шубҳаовар метавонанд, ба онҳо занг зананд. Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон то ҳол далели паҳн кардани чунин варақаро аз сӯи шӯъбаи даҳуми идораи корҳои дохилии Бишкек шарҳ надодааст.

"500 шаҳрванди Қирғизистон як рӯз аз Сурия бармегарданд"

Муовини собиқи вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Талантбек Кушчубеков дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ба ҳама маълум аст, ки амалиёти зидди гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро дар Ироқу Сурия Амрико ва Русия ба уҳда доранд. Барои ҳамин, иттилои аввал ба онҳо мерасад, чун бо шӯришиён дар маҳаллашон даргир ҳастанд. Илова бар ин, дар Сурия 500 шаҳрванди мо қарор доранд. Онҳо имрӯз не, фардо ба Қирғизистон бармегарданд ва барои ҳамин мумкин аст сафорат иттилоъ гирифта бошад."

Кушчубеков дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои террористӣ ва гаравгонгирӣ алайҳи мақомот ва дипломатҳо дар Бишкек гуфт, "гуруҳҳои радикалӣ мардуми оддиро ҳадаф қарор намедиҳанд. Ин кор ба нафъашон нест. Онҳо пеши худ ҳадаф мегузоранд, ки намояндагони ҳукуматро ба асорат гиранд. Барои ҳамин, одамон наметарсанд ва ба корҳои рӯзмарраи худ идома медиҳанд."

Истифодаи ду шиносномаи тоҷикӣ дар таркиши Бишкек

Рӯзи 30 августи имсол дар ҷануби шаҳри Бишкек, дар ҳудуди сафорати Чин дар Қирғизистон, таркиш рух дода, як кушта ва се захмӣ барҷой гузошт. Бино ба хабари мақомоти Қирғизистон як ҳамлавари маргталаб худро бо мошинаш дар назди дарвозаи сафорати Чин таркондааст.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон эълон кард, ки дар ин ҳамла аз ду шиносномаи шаҳрвандони Тоҷикистон истифода шудааст. Вазорати корҳои дохили Тоҷикистон низ истифодаи шиносномаи ду шаҳрванди кишварро тасдиқ кард ва гуфт, онҳо дар Сурия қарор доранд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши изҳороти расмӣ гуфт, Бобоҷонов Фирдавс Муъминҷоновичи 21-сола (Ҷалолуддини Балхӣ) ва Халилов Зоир Абдуҳалимовичи 33-сола (Панҷакент) ҳоло дар ҳайати гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳастанд.

XS
SM
MD
LG