Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӯмаки Амрико ба Тоҷикистон дар мубориза бо қочоқи инсон


Бо ибтикори сафорати Амрико дар шаҳри Душанбе маркази муқовимат алайҳи қочоқи инсон, ифтитоҳ шуд. Дар маросими ифтитоҳи ин марказ вазири умури дохилии Тоҷикистон ва сафири Амрико дар Душанбе, ширкат доштанд.

Аз сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе рӯзи ҷумъаи 2 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар маросими ифтитоҳи Маркази муқовимат алайҳи қочоқи инсон Елизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ кардааст.

Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ ин хабарро тасдиқ карданд ва дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки маросими ифтитоҳи ин марказ шоми дирӯз, панҷшанбеи 1 сентябр дар бинои Раёсати мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили ин вазорат бо ширкати Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ ва Елизабет Миллард, сафири Амрико дар Душанбе сурат гирифт.

Ба гуфтаи манбаъ, дар ин маросим ҳамчунин Шараф Файзуллозода, сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Кристофер Грин, раҳбари бахши маводи мухаддири Сафорати Амрико, Драган Алексоски, роҳбари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон ва Сафиалло Азизуллозода, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, иштирок намуданд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ифтитоҳи ин марказро дар ҷиҳати мусоидат дар амри муқовимат алайҳи ҷиноятҳои марбут ба хариду фурӯши одамон муҳим хондааст. Ҷаноби Раҳимзода ҳамчунин сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи вазорати корҳои дохилӣ бо сафорати Амрико дар солҳои ахирро нек арзёбӣ карда ва миннатдорӣ намудааст.

Ба навбаи худ, Елизабет Миллард дар суханронии худ гуфтааст, ки таъсиси Маркази муқовимат ба савдои одамон имкон медиҳад, ки дигар субъектони муқовимат ба савдои одамон дар ҳамоҳангсозӣ ва якҷоягӣ ба ин хатари ҷаҳонӣ муборизаи оштинопазир баранд.

Савдои одамон - яке аз зуҳуроти хавфноки иҷтимоии фаромиллӣ буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба шумор меравад. Тоҷикистон аз аввалин кишварҳо дар Осиёи Марказӣ аст, ки дар соли 2004 қонуни муқовимат алайҳи қочоқи инсонро ба тасвиб расонидааст. Моҳи июли соли 2014 Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон" низ қабул шудааст, ки барои ҷинояти марбут ба қочоқи инсон 22 навъ муҷозотро пешбинӣ кардааст.

Таъсиси Маркази муқовимат алайҳи хариду фурши одамон дар шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки ахиран Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) эълон кард, ки дар муддати 11 соли ахир ҳудуди 700 шаҳрванди Тоҷикистон мавриди хариду фурӯш қарор гирифтаанд, ки бештари онҳо занону духтарон мебошанд. Бино ба маълумоти дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар шаҳри Душанбе, дар муддати солҳои 2005-2016 мавориди қочоқ ва тиҷорати инсон дар Тоҷикистон ба таври муназзам афзоиш ёфта ва дар маҷмӯъ 679 шаҳрванди кишвар ба унвони қурбонии тиҷорати инсон расман сабт шудаанд.

Савдои одамон - яке аз зуҳуроти хавфноки иҷтимоии фаромиллӣ буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба шумор меравад."

Аз ҷумлаи ин афрод 347 нафар занону духтарони аз 14 то 47-сола ва 108 нафар ноболиғ ҳастанд, ки маъмулан барои амалҳои шаҳвонӣ истифода шудаанд. Ба ҳисоби миёна, соле 63 нафар шаҳрванди Тоҷикистон мавриди истифодаи қочоқчиён қарор гирифтааст. Тибқи пажуҳиши СБМ, духтарону занҳои Тоҷикистон ба Туркия, кишварҳои арабӣ, Қазоқистон ва Русия қочоқ шуда ва онҳоро дар муассисаҳои дилхушкунанда ва фоҳишахонаҳо ба танфурӯшӣ маҷбур мекунанд.

Ҳатто гуфта мешавад, феҳристи расмии қурбониёни қочоқи инсон бар асоси муроҷиати худи осебдидагон ё маълумоти расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон таҳия шудааст. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар соли гузашта дар заминаи қочоқи инсон 28 парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва нисбат ба 22 ҳолати он ҳукм эълон шудааст.

Феълан дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди Тоҷикистон бо мусоидати молии Созмони байналмилалии муҳоҷират марказҳои кӯмак ба осебдидагони қочоқи инсон фаъъолият мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG