Пайвандҳои дастрасӣ

Шумораи хонандагони гимназияи Донишкадаи исломии Тоҷикистон имсол 382 нафар кам шудааст. Масъулон кам будани ҷои нишастро далел меоранд, вале нозирони умур мӯътақиданд, ки мушкил хеле амиқтар аст.

Масъулони Донишкадаи исломии Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки дар оғози соли таҳсили 2014-2015 садҳо нафар аз толибилимони гимназияи исломии Тоҷикистон, мактаби миёнаи махсуси тобеи ин донишкадаро берун кардаанд.

Лутфулло Сафаров - ноиби раиси Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа рӯзи 23 январ дар нишасти хабарии ин танҳо мактаби олии мазҳабӣ дар кишвар гуфт, сабаби ихроҷи 382 шогирди гимназияи исломӣ кам будани ҷои нишаст дар ин мактаб буд. Оқои Сафаров гуфт, дар пайи як санҷиши вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мушаххас шудааст, ки теъдоди толибилмон дар муқоиса ба ҷои нишаст дар ин гимназия хеле зиёданд: “Баъд мо ҳам санҷиш карда, 382 нафарро ба далели кам будани ҷои нишаст кам кардем.”

Аммо хабарнигорон далели овардаи ин мақоми Донишгоҳи исломиро ба чолиш кашиданд. Онҳо аз варақаи матбуотии худи ин муассиса иқтибос оварданд, ки мегуфт, ин садҳо толибилм аз танҳо гимназияи исломии мавҷуда дар Тоҷикистон гӯё ба далели сатҳи пасти савод ва одобу ахлоқи бадашон ихроҷ шудаанд.

Донишкадаи исломии Душанбе

Донишкадаи исломии Душанбе

Лутфулло Сафаров дар посух ба ин гуфт, вақет мушаххас шуд, ки бояд шумори толибилмон қариб 400 нафар кам карда шавад, интихоби онҳо пеш аз ҳама рӯи онҳое қарор гирифт, ки на дарси дуруст мехонданд ва на одоби ҷавобгӯи меъёрҳои рафтор дар гимназияи исломиро доштанд. Ӯ гуфт, аз гимназияи исломӣ пеш аз ҳама онҳое ронда шуданд, ки бо “дарсшиканӣ, ҳозир нашудан ба дарс, риоя накардани сарулибоси ягонаи мактабӣ, сатҳи пасти донишомӯзӣ, ҷавобгӯ набудани одобу ахлоқ” фарқ мекарданд.

Оқои Сафаров аммо гуфт, азбаски ихроҷи ин толибилмон то оғози соли нави таҳсил сурат гирифт, гимназия аз ҳеҷ кадоми онҳо аз пули таҳсил қарздор нест. Ӯ афзуд, шогирдони ихроҷшудаи гимназияи исломӣ акнун таҳсилро дар мактабҳои маъмулӣ идома медиҳанд.

Дар ҳоли ҳозир дар гимназияи исломӣ, ба гуфтаи масъулонаш, 1548 нафар, аз ҷумла 910 духтар таҳсил мекунанд.

Шумори толибилмони гимназияи исломӣ, аз ангуштшумор мактабҳои миёнаи мазҳабӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле якбора ба 382 нафар кам карда шуд, ки нозирони масоили динии ин кишвар бе ин ҳам аз камбуди муассисаҳои таълимии исломӣ дар як кишвари беш аз 90 дарсади мардумаш мусалмон интиқод мекарданд.

Бо онки беш аз 7 миллион аз 8 миллион ҷамъияти Тоҷикистонро мусалмонон ташкил медиҳанд, дар ин кишвар, ба гуфтаи мақомот, дар ҳоли ҳозир танҳо 6 мадрасаи мутавассита, як гимназия ва як мактаби олии исломӣ – Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам дар Душанбе – амал мекунанд. Дар солҳои охир шумори зиёде аз мадрасаҳои мавҷуда, ки таҳсилашон пулакӣ буд, ба далели “надоштани шароити дурусти таълимӣ” ваё ҷавобгӯ набудани барномаи таълимиашон ба меъёру талаботи вазорати маориф ва Кумитаи дини Тоҷикистон баста шуданд.

Аз ҷумла дар ҳозир дар вилояти Хатлон – пураҳолитарин вилояти Тоҷикистон – ягон мактаби исломӣ вуҷуд надорад. Се мадрасае, ки дар ноҳияи Ховалинг, шаҳри Кӯлоб ва шаҳри Қӯрғонтеппа фаъолият доштанд, дар соли 2013 паиҳам баста шуданд. Дар мадрасаи писаронаву духтаронаи Қӯрғонтеппа – бузургтарини онҳо ҳудуди 100 нафар таълим мегирифт.

Таҳлилгарон мегӯянд, чунин шароит – набуди мактабҳои расмии исломӣ ва афзоиши таъқиби рӯҳониёне, ки маъмулан дар масҷидҳо ё дар манзили худ ҳалқаҳои дарсӣ ташкил медиҳанд, ва ҳатто мавридҳои муҷозоти хешовандон барои таълими Ислом ба наздикони худ дар масъалаи маорифи исломӣ дар Тоҷикистон халои бузургеро ба вуҷуд овардааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи онҳо, ниёз ба таълими динӣ дар кишвар вуҷуд дорад ва бастани мадрасаву мактабҳои расмӣ ва коҳиши шумори толибилмони онҳо боис мешавад, то ташнагони таҳсили динӣ ба ҳар роҳе худро ба хориҷ бизананд. Ва ин метавонад Тоҷикистон дубора дар вазъияти то соли 2010 қарор бидиҳад, ки афзоиши шумори толибилмони тоҷик дар мадрасаҳои бахусус ғайрирасмии хориҷӣ мояи нигаронии шадиди раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон шуд ва бо амри ӯ қариб 3000 толибилмро аз мадориси хориҷӣ ба як шеваи нимаиҷборӣ ба Ватан баргардонданд.

Ҳамон вақт гуфта мешуд, ки ба хотири дигар роҳ надодан ба чунин сели толибилмон ва ҷилавгирӣ аз хатари ба доми гурӯҳҳои ифротию террористӣ афтодани шаҳрвандони тоҷик дар худи Тоҷикистон шумори мадрасаҳову мактабҳои олии мазҳабиро зиёд мекунанд ва дар мактабҳои миёна ҳам таълими фанни алоҳидае бо номи “Маърифати исломӣ”-ро ба роҳ меандозанд. Аммо бо гузашти 5 сол шумори мактабҳои исломӣ ва шогирдони чунин мадорис дар Тоҷикистон баръакс бамаротиб коҳиш ёфт ва фанни “Маърифати исломӣ”, ҳарчанд китобаш ҳанӯз чанд сол пеш таҳия шудааст, ба барномаи таълимии мактабҳои миёна роҳ дода нашуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG