Пайвандҳои дастрасӣ

Соле, ки қонуни масъулияти волидайн тасвиб шуд


Ҷилавгирӣ аз вуруди ҳаждаҳсолаҳо ба масҷиди ҷомеи марказии Душанбе. Рузи Иди Фитр, 31 августи соли 2011

Ҷилавгирӣ аз вуруди ҳаждаҳсолаҳо ба масҷиди ҷомеи марказии Душанбе. Рузи Иди Фитр, 31 августи соли 2011

Соли 2011 ончуноне ки соҳибназарони тоҷик пешбинӣ мекарданд, орому бидуни баҳсҳои мазҳабӣ набуд.

Дар ин сол мақомоти давлатӣ қонуни нави масъулияти волидайнро тасвиб ва ба қонуни озодии виҷдон тағйиру ислоҳ ворид карданд, ки ба қавли коршиносон шикофи миёни давлату диндоронро васеътар кард ва ҳардуро дар муқобили ҳам гузошт.

Зубайдуллоҳи Розиқ, рӯҳонии тоҷик, ҳам мегӯяд, дар ин сол муносибат бо диндорон чандон хуб набуд. Ба қавли ӯ, маҳдудиятҳое, ки мақомот дар роҳи адои фароизи динӣ эҷод карданд, умедвории рӯҳониёнро, ки дар чанд соли пеш ба вуҷуд омада буд, бар бод дод.

“Пештар, солҳои 2008-09 ҳуукматдорон, махсусан, раисиҷумҳур рафторе карданд, ки мардуми мусулмони кишварро боумед кард. Вале якуякбора вазъият дигаргун шуд ва оварданд мусулмононро дар тангно қарор доданд, ки дигар фарзандаш ҳаққи ба масҷид рафтанро надорад”,-мегӯяд Зубайдуллоҳи Розиқ.

Зубайдуллоҳи Розиқ

Зубайдуллоҳи Розиқ

Ин нигаронии ҷаноби Розиқ дар ҳолест, ки дар оғози соли 2011 наздик ба даҳ масҷиди панҷвақта дар маҳаллаҳои мухталифи шаҳри Душанбе аз сӯи мақомот баста шуд. Бештари масоҷиди басташуда дар нимаҳои аввали асри гузашта ва дар даврони Шӯравӣ бунёд шудаанд.

Вале Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ гуфта буд, масҷидҳое, ки ба дари онҳо қуфл зада шуд, на ҷои намозгузорӣ, балки ё майдончаи бозии наврасон буданд ё ин ки ҷойҳои ҷамъиятӣ. Ҷаноби Холиқов гуфт, “дар ҷумҳурии Тоҷикистон ягон масҷиде, ки расман ба қайд гирифта шудааст, баста нашудааст. Тариқи бастани масҷид қонун қоидаи худашро дорад. Ин баҳс баҳси додгоҳӣ аст. То имрӯз Кумитаи дин ягон масҷидро набастааст.”

Раиси Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, дар тӯли бештар аз як соли фаъолияти худ ин ниҳоди нозир бар фаъолиятҳои динӣ бештар аз 3 ҳазору 800 масҷидро ба қайди давлатӣ гирифтааст, ки нисбат ба солҳои пешин бештар будаасту камтар не.

"МАЪРИФАТИ ИСЛОМ" ЧАРО МАНЪ ШУД?

Суоле, ки дар оғози соли 2011 халқ шудаву то ҳанӯз бе посух мондааст, манъи таълими фанни “Маърифати ислом” дар макотиби таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон аст. Дар оғози соли 2011 мақомоти Вазорати маориф таълими “Маърифати ислом” дар макотиби миёнаро, ки дар соли 2010 ҷорӣ шуда буд, мамнӯъ эълон кард.

Вазорати маориф далели рӯшане дар ин маврид ироа накард. Аммо бархе аз афроди огоҳ мегӯянд, таълими фанни омӯзиши ислом дар макотиби Тоҷикистон ба далели нуқсҳои маводи ин китоб аз барномаи таълимӣ ҳазф шудааст. Илова ба ин, бархе аз муаллифони китоби “Маърифати ислом” мегӯянд, ба далели ин ки “мактабҳои мо давлатӣ ҳастанд ва давлат давлати дунявист, таълими динӣ додан дар ин мактабҳо бо Қонуни асосӣ мувофиқат намекунад.”

Абдураҳим Холиқов

Абдураҳим Холиқов

Фанни “Маърифати ислом”, нахустин барномаи комили таълимӣ роҷеъ ба таърихи дини ислом буд, ки дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон аз сӯи устодони таърих ва адабиёт дарс дода мешуд. Дар ин китоби таълимӣ таърихи дини мубини ислом, пайғамбари он Муҳаммад, китоби Қуръон ва шарҳу тафсири он гирдоварӣ ёфта буд.

Аммо муҳимтарин масъалае, ки тӯли як соли ахир вирди забонҳо буд ва вокунишҳои дохиливу байнулмилалиро ба дунбол дошт, тасвиб ва имзои қонуни масъулияти волидайн буд.

ҚОНУНИ БАҲСБАРАНГЕЗИ "МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДАЙН"

Моҳи августи соли 2011 бар хилофи даъватҳо ва нигаронии рӯҳониёни дохилу хориҷ ва созмонҳои байнулмилалӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон Қонуни масъулияти волидайн дар таълим ва тарбияи фарзандро имзо гузошт. Имзое, ки рафтани афроди то ҳаждаҳсола ба масоҷиди ҷомеъро мамнӯъ кард.



Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, зимни тавзеҳи тарҳи қонуни масъулияти волидайн дар порлумон гуфт, ин қонун тамоми қишрҳои ҷомеаро водор мекунад, ки барои таълиму тарбияи фарзандон бикӯшанд.Ҳарчанд гурӯҳи бузурги вакилон, ки аксарияташон узви Ҳизби халқӣ-демократӣ ҳастанд, аз ин пешниҳод истиқбол карданд, вале ду намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ бар хилофи ин тарҳ раъй доданд ва бознигарии онро тақозо намуданд.

Аз ҷумла, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва узви порлумони Тоҷикистон гуфт, набояд бо ҳадафи таълиму тарбияи наврасон, онҳоро аз иҷрои фароизи динӣ, ки ҳадафи он ҳам тарбия ва дур нигоҳ доштан аз бадиҳост, боздорем.

Муҳиддин Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ

Ҷаноби Кабирӣ ҳангоми баррасии тарҳи қонуни масъулияти волидайн дар Маҷлиси намояндагон пешниҳод кард, ки дар ин қонун хондани намоз барои афроди то ҳаждаҳсола ҳангоми берун аз соатҳои дарсӣ иҷоза дода шавад. Нуктае, ки Нуриддин Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддин, низ аз он тарафдорӣ мекунад. Ин рӯҳонии тоҷик ҳам мегӯяд, ҳарчанд ҷонибдори қонуни масъули волидайн дар мавриди таълиму тарбияи наврасон аст, вале ҳамчунон аз банде, ки монеи рафтани то ҳаждаҳсолаҳо ба масоҷиди ҷомеъ мешавад, мухолиф мебошад.

Ӯ гуфт, “барои хондану мактаб рафтани наврасон тарафдор ҳастам. Дар соатҳои дарсӣ бояд мактаббачагону донишҷӯён дар мактабу донишгоҳ бошанд, вале берун аз дарс, дар вақти таътил онҳо ҳақ доранд, ки идобат бикунанд. Ин фарзи Худо аст, охир.”

БАЁНИЯИ ГУЛПОЯГОНӢ ВА ДИГАРОН

Илова бар ин, баъзе аз созмонҳои байнулмилалӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва бархе аз коршиносон низ қабули ин қонун бидуни бархе аз ислоҳотро муғойир бо мавозини байналмилалӣ, Қонуни асосӣ ва низ мухолиф бо арзишҳои динӣ унвон карданд.

Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ низ аз тасвиби қонуни масъулияти волидайн изҳори нигаронӣ кард. Ҳамчунин, Мавлоно Саид Ҷалолиддин Умарӣ, раиси Ҷамоати исломии Ҳинд, аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки ин "зиддидинӣ"-ро бозпас хонанд.

Оятуллоҳ Софии Гулпоягонӣ (аз тарафи рост)

Оятуллоҳ Софии Гулпоягонӣ (аз тарафи рост)

Оятуллоҳ Софии Гулпойгонӣ, фақеҳи эронӣ, дар баёнияе дар ин бора аз давлати Тоҷикистон тақозо кард, ки барои иқдоми "исломситезона”-аш аз мусулмонони Тоҷикистону ҷаҳон узрхоҳӣ бикунад.

Бо ин ҳол, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ин қонун барои ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ миёни ҷавонон ва шароити хуби таълиму тарбияи онҳо таҳия ва тасвиб шудааст. Ба гуфтаи онҳо, ин қонуне, буд, ки мавриди баррасии мардум қарор гирифт ва бо пешниҳодҳои онҳо комил гардонда шуд.

БАҲСИ ПУРШӮРИ "ОШӮРО"

Ҳарчанд дар соли 2011 мисли солҳои қабл баҳси пайравони “Салафия” ва “Ҷамоати таблиғ” доғ набуд, вале баҳси бархоста миёни Шӯрои уламову хонаводаи рӯҳониён Тӯраҷонзодаҳо мавзӯи баҳси шиагароӣ дар Тоҷикистонро матраҳ кард.

Шӯрои уламои Тоҷикистон бо нашри баёнияе аз хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо интиқод кард, ки бар хилофи мазҳаби ҳанафӣ, ки аксари кулли сокинони Тоҷикистон аз он пайравӣ мекунанд, маросими Ошӯроро баргузор кардаанд. Бародарон Тӯраҷонзодаҳо ин баёнияи Шӯрои уламоро "сохта" хонда ва раҳбари онро ба тӯҳмату тавҳин муттаҳам карданд.

Аммо Сайидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, баҳсе, ки миёни ниҳоди ӯ ва хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо ба миён омад, баҳси сирф динист ва рабте ба сиёсату мақомот надорад.

КИШВАРИ ТАҶРИБАДОР ДАР НАҚЗИ ОЗОДИҲОИ МАЗҲАБӢ

Бо ин ҳол, дар соли 2011 баҳси хосе миёни пайравони адёни ғарйиисломӣ ва мақомоти Тоҷикистон ба вуқӯъ напайваст. Дар ин сол дар Тоҷикистон бунёди бузургтарин масҷид дар минтақа бо 70 миллион сармояи давлати Қатар ва 30 миллион сармояи Тоҷикистон дар Душанбе оғоз шуд.

Барои нахустин бор барои зоирони хонаи Каъба либоси ягона таҳия гардид. Ва дар ин сол таҳсили ҷавонони тоҷик дар мадориси динии кишварҳои хориҷӣ маҳдуд шуд. Мақомот бо тағйири ислоҳи қонуни дин таҳсил дар мадориси динии кишварҳои хориҷиро танҳо пас аз хатми Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ва бо иҷозаи хаттии Вазорати маорифу Кумитаи дин мумкин хонданд.

Соле ки Вазорати умури хориҷии Амрико Тоҷикистон дар қатори кишварҳое ҷой дод, ки дар нақзи озодиҳои мазҳабӣ таҷриба доранд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳама, коршиносони тоҷик мегӯянд, ки соли 2012 низ барои диндорон ва мақомоти тоҷик чандон соли одие нахоҳад буд. Ба гуфтаи онҳо, бояд дар ин сол мақомот иқдомотеро рӯи даст бигиранд, ки ба ҷои афзоиши ифротгароӣ ва ё амиқтар кардани шикофи миёни дину давлат, ҳамбастагӣ ва ҳамкории миёни ин дуро фароҳам биоварад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG