Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯъбаи дини ҳукумати Суғд ҳамроҳ бо мударрисон ва ходимони дин барномаи нави таълимӣ барои мадрасаҳои мазҳабиро таҳия кардаанд.

Абдулҳаким Шарифов, мудири шӯъбаи оид ба корҳои дин дар ҳукумати Суғд гуфт, ки барномаи нав аз барномаи қаблии мадрасаҳои динӣ бо он фарқ дорад. Ба гуфтаи ӯ, яке аз ин тарҳҳо таълими касбу донишҳои муосир ба толибилмони литсей ё мадрасаҳои диниро низ пешбинӣ мекунад.

Абдулҳаким Шарифов афзуд: “Ҳозир мо 5 - 6 варианти лоиҳаи барномаро омода карда, аз муҳокимаи вазорати маориф низ гузаронидем. Як вариантамон таъсиси литсейҳои диниву касбиро ба ҷойи мадрасаҳо пешбинӣ мекунад. Чунки танҳо бо маълумоти ибтидоии диниву кор дар масҷиди панҷвақта зиндагиро пеш бурдан намешавад. Солона ҳудуди 500 нафар мадрасаҳои диниии Суғдро хатм мекунанд. Бисёрии онҳо умед доранд, ки оянда ё мулло ё имоми масҷид шаванд ва мардум онҳоро пояд. Аммо ин талаботи давлатро қонеъ карда наметавонад, чунки ҳар кас бояд касбу коре ва манбаъи даромад барои рӯзгузаронӣ дошта бошад.”




Ҳамин тавр, масъулон мехоҳанд, ки аз мадрасаҳои Тоҷикистон нафақат соф “мулло”-ҳо, балки соҳибони касбу корҳои мухталиф берун оянд. Вале тавре ба назар мерасад, бо вуҷуди он ки дар низоми дунявии Тоҷикистон фаъолияти муассисаҳои динӣ аз давлат ҷудост, вале вуҷуди табақаи “муллоҳо”, ки умдатан ба иштирок дар маъракаву маҳфилҳои динии сокинон ва ташвиқу тарғиби дини ислом машғуланд ва болоравии нуфузи онҳо дар байни аҳли ҷомеа мақомотро нигарон медорад. Соҳибназарон "таҳрир"-и барномаи таълими мадрасаҳои мазҳабиро аз ҳамин зовия баҳо медиҳанд.

Бино ба барномаи нав, ходимони ояндаи дин ҳамзамон бо омӯзиши асосҳои дини ислом ва фанҳои ҳатмии таълимӣ, мисли таърихи халқи тоҷик ва асосҳои ҳуқуқ, ҳамчунин касбу пешаҳое, мисли барномарезии компутер, сартарошӣ, ходими саёҳат, пазандагиву дӯзандагӣ (барои духтарон)-ро аз худ кунанд.

Ба гуфтаи ҷаноби Шарифов, эҳтимол, номи “мадраса” низ ба “литсей” табдил ёбад, чун дар қонуни Тоҷикистон ”Дар бораи маориф” мафҳуме чун “мадраса” дар номгӯи муассисаҳои таълимӣ аслан нест.

Барномаҳои нави динӣ баъди баррасӣ дар вазорати маориф ва шӯъбаи таҳсилоти дини Кумитаи дин бояд аз сӯи ҳукумат тасвиб шавад.

Ин дар ҳолест, ки фаъолияти ҳамаи 5 мадрасаи мутавасситаи вилояти Суғд аз моҳи июни соли гузашта бино баномувофиқатии барномаҳои онҳо ба меъёри таҳсили миёна дар Тоҷикистон муваққатан қатъ шудааст. То соли 2009 ва қабули қонуни нави дин дар Суғд 9 мадраса амал мекард, вале 4 мадраса натавонист худро бар асоси он қонун дар Кумитаи дин дубора сабти ном кунад.

Масъулони шӯъбаи дин мадрасаҳои диниро барои ҷомеаи исломии Тоҷикистон муҳим медонанд, аммо ба шарте ки барномаҳои он ба меъёрҳои таълимии вазорати маориф мувофиқ бошад. Бастани мадрасаҳои динӣ ва ислоҳи барномаҳои таълимии чунин макотиб баҳсҳоеро дар маҳофили динӣ ва миёни сокинон ба вуҷуд овардааст. Бархе ин иқдоми мақомотро гоме нав ҷиҳати дар чорчӯби хостаҳои сиёсии давлат истифода кардани мадрасаҳои диниву хатмкунандагонаш меноманд. Вале бархеи дигар ислоҳ дар барномаҳои мадрасаҳоро, ки ба гуфтаи онҳо, то ҳол тақрибан ба ҳамон шакли асримиёнагӣ боқӣ мондааст, талаби замон ва хостаҳои динии мардум арзёбӣ мекунанд.

Мадрасаи исломӣ дар Хуҷанд

Мадрасаи исломӣ дар Хуҷанд

Ибодуллоҳ Калонзода, имом - хатиби масҷиди “Нури ислом” ва мудири қаблии мадрасаи мутавасситаи Хуҷанд бар он аст, ки барномаҳои мадрасаҳои Тоҷикистон имрӯз ҷавобгӯи талаботҳои замони муосиру ҷаҳонишавӣ нест. Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Замон пеш меравад, аммо барномаи таълимии мадрасаҳо дар як шакли нусхабардорӣ аз мадрасаҳои Бухорои давраи шӯравӣ боқӣ мондааст. Дар мадрасаҳо муллои "Таборак"-хон тайёр мекардем, тамом. Набудани адабиёту китобҳои дарсӣ як мушкили аслии мост. Китобҳое доир ба тафсир, ҳадис, ақоид ҳаст, аммо умумӣ аст, махсус барои талабаҳои мадрасаҳо навишта нашудааст. Системаи дарсӣ ва маорифи исломӣ, адабиёти таълимӣ, нақшаву ҷадвалҳои дарсӣ ва дигар заруриёти таълимӣ дар сатҳи пасте қарор дорад. Аз ин рӯ, тағйир ва такмили барномаҳои мадрасаҳои исломии кишвар ин бисёр фикри хуб ва саривақтӣ аст барои пешбурди маърифати исломӣ дар Тоҷикистон.”

Ҷаноби Калонзода афзуд, дар ҳоли ҳозир хатмкардаҳои мадрасаҳои исломӣ ҳаққи тадриси фанни “Алифбои ниёгон” дар мактабҳои миёнаро надоранд, чунки тарзу усулҳои таълимро дар мадраса наомӯхтаанд. Аз нигоҳи ӯ, “соҳиби касб кардани муллоҳо хуб аст”, аммо беҳтар мебуд мадрасаҳо аввал масҷидҳоро “бо кадрҳои динии соҳибихтисос” таъмин кунанд. Ходимони диние, ки аз барномаҳои созмону ҷараёнҳои ғайриқонунии динӣ ва мазҳабҳои бегона огоҳ бошанд ва зарари мақсаду ҳадафҳои сиёсии онҳоро ба ҷомеаи исломии Тоҷикистон фаҳмонида тавонанд.

Бино ба маълумоти шӯъбаи оид ба корҳои дин, дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд 13 масҷиди ҷомеи марказӣ, 90 масҷиди ҷомеъ ва 956 масҷиди панҷвақта расман сабти ном шуда, барои ибодаткунандагон бозанд. Вале ба гуфтаи манобеи мухталиф, тақрибан ними имомомони масоҷиди Суғд хатмкардаи донишгоҳ ё мадрасаи динӣ нестанд ва ба тариқи худомӯзӣ касби илми динӣ кардаанд.

Мирзои Ҳоҷимуҳаммад, аз масъулони бахши суғдии ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон, тағйиру ислоҳи барномаи таълимии мадрасаҳоро иқдоме нек медонад. Ба назари вай, аслан дорои касбу пешае намудан ва бо донишҳои муосир мусаллаҳ намудани ходимони динӣ дар мадрасаҳо кори хуб аст, ба шарте ки ин амр ба хотири маҳдуд кардани фаъолияти хамткардаҳои мадрасаҳо ва фазои динии ҷомеа рӯи даст гирифта нашуда бошад.

Вай меафзояд: “Аммо ҳозир мақомот ба ҷойи озодии динии бештар додан ба сокинон, дар фаъолияти динӣ ва ҳуқуқу озодиҳои онҳо маҳдудиятҷо ҷорӣ мекунанд. Масалан, ҳуқуқи бевоситаи сокинон барои интихоби имоми масҷид, интихоби мавзуи хутба аз сӯи имом, баргузидан ё манъи адабиёти исломӣ барои омӯзиш – мушоҳида мешавад, ки мақомот дар ҳамаи ин самтҳо ба корҳои динии мардум мудохилаи бевосита доранд. Ё аттестатсияи имомони масҷидҳо, ки ин мухолиф ба қонун аст. Инчунин амалҳо аз ҷониби мақомот мудохила ба кори диндории сокинон ва ғайриқонунӣ аст.”

Ҷаноби Ҳоҷимуҳаммад афзуд, дар чунин вазъ ба тағйиру ислоҳи барномаҳои таълимии мадрасаҳо даст задани мақомот ба ислоҳи вазъ ва беҳбуди фазои динӣ камтаъсир хоҳад буд. Ба назари вай, ин гуна бархӯрд “муллогӣ”-ро ба касбе табдил хоҳад дод, ки соҳиби он баъд аз хатми мадраса метавонад бо тавсияи мақомот дар муассисаи динӣ ё давлатӣ кору фаъолият кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG