Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Кумитаи дин: “Давлат аз дин ҷудо нест.”


Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар лаҳзаи сӯҳбат бо хабарнигори "Озодӣ"
Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар лаҳзаи сӯҳбат бо хабарнигори "Озодӣ"

Сӯҳбати ихтисосии хабарнигори “Озодӣ” бо раиси Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон, Абдураҳим Холиқов.

Созмонҳои байналмилалии нозири ҳуқуқи башар ва низ бархе аз коршиносон аз тағйири муносибати давлати Тоҷикистон бо дин изҳори нигаронӣ мекунанд.
Ман рӯҳияи хуб ва нек бо дин доштам, дорам ва оянда низ чун як мусулмони оддӣ хоҳам дошт. Вале ҳамчун раиси Кумита эътиқоди ман ба манфиатҳои давлат ва қонунҳои кишварам, ки аз манфиати кулли мардуми Тоҷикистон маншаъ мегирад, набояд мухолифат кунад...


Ба гуфтаи ин манобеъ, вақтҳои ахир давлат дар ҳамкорӣ бо намояндагони дин аз роҳи фишор ва зӯр наздик мешавад. Ахиран Комиссияи амрикоии нозири озодиҳои байналмилалии мазҳабӣ низ дар гузориши солонааш дар ин замина аз давлати Тоҷикистон интиқод кард.

Аммо масъулони давлати Тоҷикистон ба ин ҳарфҳо розӣ нестанд. Дар сӯҳбате, ки бо Абдураҳим Холиқов, раиси Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати Тоҷикистон доштем, нахуст назари ӯро дар ин бора пурсидем.

Абдураҳим Холиқов: Вақте сухан дар бораи вазъи озодии виҷдон ва эътиқод дар ҷомеаи муайян меравад, ҳангоми баҳодиҳӣ бояд ба чанд нуктаи муҳим диққат дода шавад. Аввалан, он созмонҳо ва давлатҳои бародаре, ки ба сатҳу сифати озодии эътиқод дар Тоҷикистон баҳо медиҳанд, бояд ба инобат гиранд, ки мо ҳамагӣ таҷрибаи 20-сола дорем. Ин роҳи тайкардаи сесадсолаи давлатҳои мутараққии миллӣ нест. Аммо бо вуҷуди он замони истиқлолият дастовардҳои назаррасро дар ин самт ба даст овард. Дар тамоми 72 соли замони Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 7 масҷид доштему 29 нафар шаҳрвандони мо ба зиёрати хонаи Худо мушарраф шудаанд, ки қисме аз онҳо кормандони мақомоти амниятӣ буданд. Дар 20 сол чӣ? Зиёда аз 3 ҳазору 720 масҷид ба ҷойи 7 масҷид аз қайд гузашта, бештар аз 110 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар муқобили 29 тани даврони Шӯравӣ тариқи расмӣ барои Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ рафтаанд. Ба фикрам, рақамҳо ҳоҷат ба шарҳ надоранд. Ба ҷуз аз шумораи расмии 3 ҳазору 720 масҷиде, ки дар Тоҷикистон амал мекунад, ҳоло теъдоди масоҷиди ба қайднагирифта аз 1 ҳазору 500 адад зиёд аст. Агар соли 1990 дар Донишгоҳи исломии Тошканд ва мадрасаи Мири араб ҳамагӣ 27 нафар муҳассилини тоҷик таҳсил мекарданд, айни ҳол дар як Донишгоҳи исломӣ бештар аз 1 ҳазору 411 донишҷӯ, дар 29 мадрасаи мутавассита ва 2 мактаби динӣ-дунявӣ ва як гимназияи исломӣ бештар аз 6 ҳазор нафар ҷавон ба таҳсили улуми динӣ фаро гирифта шудаанд. Факт ва рақамҳо гувоҳи он аст, ки дастовардҳо дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои динӣ дар замони истиқлолият хеле ҳам назаррас аст. Танҳо зарур аст, ки онҳоро дуруст баҳогузорӣ кунем.

Абдураҳим Холиқов
Дуввум, дараҷаи амалӣ шудани ҳуқуқҳои инфиродӣ ва дастаҷамъии пайравони динҳо ва ҷараёнҳои динӣ дар Тоҷикистон назаррас аст. Дар ин самт ҳам дар Тоҷикистон тибқи қонун ва вобаста ба шароит тамоми имконият муҳайё шудааст ва шаҳрвандон озодона ҳуқуқ ва озодиҳои худро дар иттиҳодияҳои динӣ амалӣ мекунанд. Агар 7,5 миллион аҳолии Тоҷикистонро, ки 97 дарсадашро мусалмонон ташкил медиҳад, ба 3 ҳазору 720 масҷид тақсимбандӣ кунем, пас ба ҳар 2 ҳазор нафар як иттиҳодияи динии исломӣ рост меояд. Ҳоло ба қайдгирии иттиҳодияҳои динӣ идома дорад, танҳо дар чанд моҳи охир аз ҷониби Кумита бештар аз 20 иттиҳодияи динии исломӣ ба қайд гирифта шудааст.

Севвум, қиёси вазъи озодии виҷдон дар Тоҷикистон бо дигар кишварҳо низ гувоҳи он аст, ки вазъият дар ин самт хуб аст. Барои 2 ҳазор нафар як иттиҳодияи динӣ кушодан дар як давлат дар қиёс бо давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ баёнгари он аст, ки сатҳи таъмини озодии виҷдон паст нест. Барои мисол, ИМА-ро бигирем. Расман 8 миллион мусулмон дорад. Лекин барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти динии онҳо дар ҳудуди ИМА мутобиқи он маълумоте, ки мо ба даст овардаем ҳамагӣ 1 ҳазору 500 масҷид амал мекунад. Яъне, барои ҳар 5 ҳазору 333 мусулмон як масҷид боз кардаанд. Нисбат ба давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ низ вазъи мо беҳтар аст. Масалан, Қирғизистонро бигирем, ки дар мавриди мурооти озодии виҷдон баҳои баланд дода мешавад. 5,5 миллион аҳолӣ дорад. Аз ин шумора шояд 5 миллионаш мусулмон бошад, аммо барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти динии ин мардум ҳамагӣ 1 ҳазору 295 масҷид фаъолият мекунад. Яъне барои зиёда аз 4 ҳазор мусулмон як масҷид фаъолият мекунад. Дар ҷумҳурии Узбакистон вазъият аз ин ҳам пасттар аст. Дар Русия ҳам, ки қариб 26-27 миллион мусулмон зиндагӣ мекунад, тибқи иттилооти интернетӣ ҳамагӣ 6 ҳазор масҷид мавҷуд аст, ки барои 4,5 ҳазор мусулмон як масҷид рост меояд. Дар мавриди шумораи иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ ҳам дар Тоҷикистон, ки давлати дунявӣ аст, вазъияти муносибати адён беҳтар аст.

Бо таҳлили ин се нуктаи муҳим ба андешаи он ки фазои динӣ дар Тоҷикистон сол то сол маҳдудтар мешавад, розӣ шудан мумкин нест. Баръакс, вазъи фазои андешаи динӣ мусоид буда, раванди назорати риояи талаботи қонун шояд як дараҷа сахттар шудааст.

СӮИСТИФОДА АЗ НОМИ ИСЛОМ

Озодӣ: Бархеҳо мегӯянд, ки вақтҳои ахир дар робитаи давлат бо дин як дигаргунӣ пеш омадааст ва мисле, ки давлат аз зиёд шудани таваҷҷӯҳи ҷомеа ба дин бим дора д ва аз ҷойгоҳ ва нуфузи рӯҳониён хушаш намеояд. Аз ин рӯ, уламои исломӣ мавриди шубҳа қарор мегиранд. Назари шумо чӣ аст, ки агар таваҷҷӯҳ ба дин афзоиш ёбад хатар дорад?
Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанди худ дар доираи талаботи қонун озоданд, вале ҳангоми ба дигар ҷо равон кардани фарзанди худ розигии хаттӣ бояд диҳанд...


Абдураҳим Холиқов: Давлат бо рӯҳониён, бо аҳли дин ягон муносибати ғаразнок надорад ва дар симои дин ягон гуна хатарро эҳсос намекунад. Роҳбари давлати Тоҷикистон равшан ва возеҳ гуфтанд, ки дини мубини ислом дини мост, ва касе ҳаққи онро аз мо ҷудо кардан надорад. “Исломро аз фарҳанги миллӣ ва фарҳанги миллиро аз ислом ҷудо ҳисобидан хатост.” Давлат бо иттиҳодияҳои динӣ ҳамкорӣ мекунад. Фаъолияти онҳоро дар доираи талаботи қонун роҳандозӣ ва дар ҳамин доира барои баланд бардоштани савияи дониши имом-хатибон ҳамкорӣ мекунад. Ҳеҷ вақт давлат ва ҳукумати Тоҷикистон дар дин омили хатарнокро надидааст ва нахоҳад дид. Боис ба таассуф аст, ки баъзе аз афрод бо ниқоби исломӣ даст ба қонунвайронкунӣ ва амалҳои ҷиноӣ зада, суботи ҷомеаро вайрон карданӣ мешаванд. Дар чунин сурат давлат ва мақомоти давлатӣ бо чунин ҷинояткорон ва роҳгумзадагон мубориза бурда, намегузорад, ки дини мубини исломро бадном кунанд. Давлат намегузорад, ки иддае исломро барои мақсадҳои ғаразноки худ истифода баранд.

"ОМӮХТАНИ ИЛМ АЗ ҲАҶҶУ ҶИҲОД АФЗАЛ АСТ"

Озодӣ: Ҳоло тарҳи қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияти фарзанд” барои баррасӣ ва тасвиб ба парлумон ироа шуд. Аммо як нуктае дар ин қонун - манъи ҳузури ҷавонони то 18-сола дар масҷид барои гузоридани намоз баҳсҳоеро ба бор овардааст. Зеро дар шариат фарз аст, ки кӯдак аз синни 12 намоз бигузорад ва, албатта, барои намози боҷамоат савоби бештар ваъда шудааст. Фикр намекунед, ки ин гуна зиддияти қонун бо аҳкоми шаръӣ ба суботи мазҳабии кишвар латма мезанад?

Абдураҳим Холиқов: Тарҳи ин қонун аз муҳокимаи умумихалқӣ гузашт. Мардум фикру андешаҳои худро пешниҳод кард. Аксар мардуми Тоҷикистон тавассути васоити ахбори омма аз ин лоиҳаи қонун пуштибонӣ карданд. Дар масъалаи ҷалби ноболиғон ба фаъолияти иттиҳодияхои динӣ ба маълумоти шумо мерасонам, ки тибқи талаботи қисми 15, моддаи 4-Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”: “Ҷалб кардани ноболиғон ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба ноболиғон додани таълими динӣ бе иҷозати хаттии падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда манъ аст.” Аз ин рӯ, талаботи мазкур дар ин лоиҳа навгонӣ набуда, аз доираи талаботи қонуни амалкунанда бармеояд. Бар пояи фикру дархостҳое, ки мардум пешниҳод карданд, дар охирин фурсати таҳлили лоиҳа бо иштироки коршинсон, дар матни ҳамин боб дигаргунӣ ворид карда шуд. Дар он ҷо ҳам барои он фарзандоне, ки ба таълимоти динӣ дар иттиҳодияҳои динӣ фаро гирифта мешаванд, имконият дода шудааст, ки бо розигии хаттии падару модар таълими динӣ гиранд. Дигар ин ки дар лоиҳаи Қонун хондани намоз аз ҷониби ҷавонон манъ нашудааст, лоиҳа бо мақсади тарбияи фарзанди солеҳ афзалияти омӯзиши илмро таъкид мекунад. Аз назари ислом низ мақоми илм ва дониш баландтар аз дигар суннатҳост, зеро тибқи таъкидҳои паёмбари ислом низ: “Омӯхтани илм афзалтар аз намозу рӯзаю Ҳаҷҷу ҷиҳод дар роҳи Худо аст.”

Абдураҳим Холиқов ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори "Озодӣ", Абдуқаюми Қаюмзод

КӮДАКОН ДАР КУҶО ВА ЧӢ ГУНА ТАЪЛИМИ ДИНӢ ГИРАНД?

Озодӣ: Вале агар, ки то 18-солагӣ кӯдак таълими динӣ нагирад, фикр намекунед, ки баъд дер хоҳад шуд?

Абдураҳим Холиқов: Чаро ба таълими динӣ фаро гирифта намешудааст? Бар асоси қонуни амалкунанда рӯшан гуфта шудааст, ки онҳо ҳуқуқ доранд бо ризоияти волидон ба чунин таълим фаро гирифта шаванд. Дар лоиҳаи қонун низ чунин маҳдудият нест, ки ба таълими динӣ фарзандон фаро гирифта нашаванд.

Озодӣ: Онҳо метавонанд дар назди кӣ ба таълими динӣ фаро гирифта шаванд?

Абдураҳим Холиқов: Дар мадрасаҳои мутавассита ва ё гурӯҳҳои таълимие, ки тибқи талаботи моддаи 8 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” таъсис дода мешаванд, бо розигии хаттии падару модар метавонанд таълими динӣ гиранд.

Озодӣ: Масалан, худи волидон наметавонанд ба фарзандон таълими динӣ бидиҳанд?

Абдураҳим Холиқов: Албатта, падару модар дар таълиму тарбияи фарзанди худ дар доираи талаботи қонун озоданд, вале ҳангоми ба дигар ҷо равон кардани фарзанди худ розигии хаттӣ бояд диҳанд.

ДАР БОРАИ ТАЛОҚ АЗ ТАРИҚИ СМС

Озодӣ: Яке дигар аз мавзӯъҳои аз тарафи Кумитаи дин матраҳшуда масъалаи талоқ тавассути СМС аст. Ин ҷо як чиз боис ба тааҷҷуб шудааст, ки дар ҳоле дар меъёрҳои ҳуқуқии давлати дунявии Тоҷикистон талоқ эътироф нашудааст, чаро кумита ба ин мавзӯъ дахл кардааст. Яъне, чӣ зарурат пеш омадааст, ки шумо ин масъаларо дар миён бигзоред?

Раҳбари Кумитаи дини Тоҷикистон дар яке аз нишастҳои матбуотӣ (Акс аз бойгонӣ)
Абдураҳим Холиқов: Аввал ин ки Кумитаи дин ҳуқуқи ба масъалаҳои шариатӣ берун аз талаботи қонун даст заданро надорад ва худсарона даст ҳам назадааст. Ин масъала дар нишасти матбуотӣ аз сӯи хабарнигорон матраҳ шуд. Онҳо пурсиданд, ки фикри Шумо нисбат ба талоқҳои СМС-ӣ чӣ аст ва ман дар он ҷо ҷавоб додам, ки Тоҷикистон давлати дунявӣ аст. Мутобиқи талаботи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ шудани никоҳ расман дар идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ё тариқи додгоҳ сурат мегирад. Онҳо хостанд назари маро ҳамчун як шаҳрванд шунаванд. Ҳамчун як шаҳрванд нуқтаи назари худамро гуфтам, ки оила як чизи муқаддас аст ва он набояд тариқи телефон бидуни масъулият аз ҳам пошида шавад. Изофа кардам, ки фикр мекунам нисбати ҳолати мазкур Маркази исломии Тоҷикистон ва шӯъбаи фатво дар доираи манфиати мардум, ислом ва давлати Тоҷикистон андешаи худашро баён мекунад. Ин фикрро бархе аз рӯзноманигорҳо нодуруст қабул кардаву ҳамин тавр нодуруст интишор доданд.

Озодӣ: Мисли он ки Кумитаи дин ба Шӯрои уламо дастур додааст, ки дар ин бора фатво ё дастур содир кунад...

Абдураҳим Холиқов: Мо ба Шӯрои уламо доир ба чунин масъалаҳо дастур намедиҳем. Мо муроҷиат мекунем, мисли дигар шаҳрвандон ё мақомот, ки ҳаққи муроҷиатро доранд.

"ИН АТТЕСТАТСИЯИ ИМОМХАТИБОН НЕСТ"

Озодӣ: Аз чанд вақт ба ин сӯ аз тарафи Кумитаи дин аттестатсия ё санҷиши савияи савод ва дониши имомхатибон, онҳое, ки дар бахши ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд, сурат мегирад. Фикр намекуне, ин кор як навъ мудохила аз сӯи давлат ба корҳои ташкилоти динӣ аст?

Абдураҳим Холиқов: Қабл аз ҳама ба иттилои Шумо расониданиам, ки дар мо вақтҳои охир андешаҳои нодуруст пайдо шудааст, ки дин аз давлат ҷудост. Дин аз давлат дар ҳеҷ як ҷомеае ҷудо набуд, нест ва буда ҳам наметавонад. Дин ҷузъ ва рукни муҳимми ҳар як давлат аст. Ҳатто дар давлатҳои исломӣ ҳам созмонҳои динӣ таҳти назари давлат қарор дорад. Дар қисми 4, моддаи 8-и Конститутсияи Тоҷикистон омадааст, ки “Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд”. Мо бояд аз назари ҳуқуқ дуруст фаҳмем, ки ҷудо будани ташкилоти динӣ аз давлат ва мудохила накардани он ба корҳои давлатӣ аз мафҳуми ҷудо будани давлат аз дин фарқ мекунад. Бинобар он дин ҷузъ ва рукни давлату давлатдорист ва давлат ҳамеша ба дин такя мекард ва дин доимо дар масъалаҳои қонунӣ ба қонуну низоми давлатӣ такя мекард. Барои мисол, агар шаҳрвандон мехоҳанд, ки иттиҳодияи динӣ кушоянд, аз лаҳзаи барасмиятдарорӣ то ба фаъолият пардохтани он, тамоми ин раванд дар доираи талаботи қонуне, ки давлат қабул мекунад, сурат мегирад. Пас, иттиҳодияи диние, ки дар дохили давлат кушода мешавад, ҳамчун узви воҳиди сохтории ҳамин иҷтимоъ дар дохили давлат, чун ҳар як ташкилоти дигар муаззаф аст, ки қонун ва низоми умумро риоят кунад. Зеро давлат мақоми ҳуқуқии иттиҳодияи диниро муайян, амнияташро таъмин, ҳуқуқҳои муассисонашро ҳифз ва шароити фаъолияташро фароҳам меорад.
Мақоми ваколатдор дар ин маврид сатҳ ва сифати дониши имомхатибҳо ва маълумоти гирифтаи ӯро месанҷад. Барои он ки аз қафои имомхатиб қавм намоз мехонад ва масъулияти муайянро ӯ ба дӯш дорад, ба ин мувофиқа вақтхои охир бештар диққат дода шуд...


Давлат дар баробари он ки ба шаҳрванд ҳуқуқи озодии виҷдон медиҳад, озодии диниро таъмин мекунад, муваззаф аст, ки дигар ҳуқуқҳои шаҳрвандонро, аз ҷумла ҳуқуқ ба таълим, ба саломатӣ, ба амният, ба меҳанат ва ғайра таъмин кунад. Аз ин нуқтаи назар, давлат ҳуқуқ дорад, ки дар чаҳорчӯби қонун риояти ин ҳуқуқҳоро аз ҳар як шаҳрванд, аз ҳар як ташкилоти ҷамъиятӣ, хоҳ он хусусияти динӣ дорад ва ё надорад талаб кунад. Зеро марзе, ки қонун муқаррар кардааст, ба манфиати кулли мардуми Тоҷикистон аст. Чунки аз сарҳади қонун убур кардан, хоҳ аз тарафи ташкилоти динӣ ва хоҳ ғайридинӣ, боис ба поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои дигарон хоҳад шуд. Мутобиқи қисми 3, моддаи 18-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва қисми сеи моддаи 14-и Қонуни асосии Тоҷикистон ҳамагуна ҳуқуқ ва озодӣ маҳдудият дорад. Ин сарҳади маҳдудият бо чӣ муайян карда мешавад? Якум ба хотири ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои дигарон, дуввум ба хотири тартиботи ҷамъиятӣ, амният ва низоми умум, сеюм ба хотири нигоҳ доштани сохти конститутсионӣ, тамомияти арзӣ ва чаҳорум барои ҳифзи саломатӣ ва ахлоқи ҷомеа. Ин сарҳад сарҳади адолат аст, ки тавассути қонунҳо муқаррар шуда, дар паси он ҳаққи дигарон қарор дорад. Бинобар он давлат масъул аст, ки пеши роҳи таҷовузкунандагони онро бигирад. Агар чунин накунад дар ҷомеа низом ва тартибот ҷорӣ намешавад.

Дар мавриди санҷиш ва ё аттестатсияи имомхатибон. Ин ҷо дар бораи аттестатсия сухан намеравад. Возеҳтар сухан дар бораи мувофиқа кардани номзадии имомхатибҳо ва имомҳо бо мақомоти ваколатдор меравад. Зеро дар қисми 6 моддаи 11-Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ рӯшан зикр шудааст, ки “имомхатибон ва имомони масҷидҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин интихоб карда мешаванд.” Ин чӣ маъно дорад? Вақте ки номзадии имомхатибон аз ҷониби ҳайъати муассисон пешниҳод карда мешавад онҳо бо мақоми ваколатдор мувофиқа хоҳанд шуд. Мувофиқа дар кадом шакл сурат мегирад? Мақоми ваколатдор дар ин маврид сатҳ ва сифати дониши имомхатибҳо ва маълумоти гирифтаи ӯро месанҷад. Барои он ки аз қафои имомхатиб қавм намоз мехонад ва масъулияти муайянро ӯ ба дӯш дорад, ба ин мувофиқа вақтхои охир бештар диққат дода шуд. Бинобар он мақоми ваколатдор ҳангоми мувофиқа кардан барои санҷиши дониши динии имомхатибон уламои донишманди исломиро ҷалб намуд. Мо аз Маркази исломӣ ва донишкадаи исломии Тоҷикистон донишмандони исломиро даъват карда, ба комиссияи мазкур ҳамроҳ кардем. Аз сабаби он ки Кумита оид ба корҳои дин ба тозагӣ таъсис ёфтааст, зарурати ҳамоҳанг кардани тамоми имомхатибони ҷумҳурӣ бо мақомоти ваколатдор ба миён омад. Мо ҳамаи аснод ва худи онҳоро ба Душанбе наовардем ва дар шаҳру ноҳияҳо сӯҳбатҳо ташкил намуда, пас аз санҷиши аҳлияти онҳо номзадии онҳоро мувофиқа намудем. Санҷиши малакаи ҳар як мутасаддӣ, ки бо мардум кор мекунад вазифаи муҳимми ҳар ҷомеаи пешрафта, демократӣ ва ҳар қонуни ҳуқуқӣ ҳаст.

САРНАВИШТИ ДОНИШҶӮЁНИ БОЗГАШТА ЧӢ ШУД?

Озодӣ: Қисми зиёди ҷавонҳои тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар, дар донишгоҳҳои исломӣ ба омӯзиш машғул буданд бо дастури ҳукумат ба ватан пас оварда шуданд. Оё онҳо дар ватан ба таълим фаро гирифта шуданд ва ё бо ҷойи кор таъмин гардиданд?

Абдураҳим Холиқов: Онҳое, ки дар донишгоҳҳо таҳсил мекарданд, Вазорати маориф ва Кумитаи дин онҳоро дар муассисаҳои динӣ бо таълим фаро гирифтанд ва қисмати дигарашро ба кор таъмин карда истодаем. Ҳатто як нафари онҳоро дар худи Кумита ба кор гирифтем. Вале боис ба таассуф аст, ки аксарияти онҳо дар курсҳои бозомӯзии забон таҳсил мекарданд ва мо ҳоло кӯшиш карда истодаем, онҳоро ба Донишкадаи исломӣ ё ин ки донишкадаҳое, ки забони арабӣ меомӯзанд, ҷалб намоем. Дар ин самт мо тибқи супориши ҳукумат кор карда истодаем.

Озодӣ: Шумораашон маълум нест?

Абдураҳим Холиқов: Шумораи онҳо бештар шуда истодааст.

ДАР БОРАИ САНҶИШИ САНИТАРИИ МАСҶИДҲО

Озодӣ: То ҷое аз хабарҳо бармеояд дар шаҳри Кӯлоб аз тарафи додситонӣ ва идораи беҳдошт вазъи беҳдоштии санитарӣ бархе аз масоҷид санҷида шудааст. Чӣ боис ба чунин амал шудааст?

Абдураҳим Холиқов
Абдураҳим Холиқов: Додситонӣ тибқи қонуни конститусионӣ ва Конститутсияи кишвар назорати иҷрои қонунҳоро дар ҳама мақомот ва иттиҳодияҳо бар ӯҳда дорад. Ин вазифаи онҳост.

Озодӣ: Шумо ба сифати раиси Кумита метавонед ба ин савол посух диҳед ва аз тарафи дигар чун масҷид макони пок ва муқаддас ба шумор меравад ин кор як навъ таҳқиромез садо намедиҳад?

Абдураҳим Холиқов: Назорати риояи талаботи қонун вазифаи муқаддас аст ва он набояд боис ба малоли хотир гардад. Ҳар як бино, биное, ки барои истифодаи ҷомеа қарор дорад тибқи қонунгузории Тоҷикистон қатъи назар, ки куҷо аст аз назари бехатариву сӯхтор ва ҳам тозагӣ бояд назорат карда шавад. Хурсанд шудан даркор, ки ин низоми пурқувват ҳусни таваҷчӯҳ ба
Мо риояи қонунро аз иттиҳодияҳои динӣ талаб мекунем, ин вазифаи мо аст. Аммо иддае инро намехоҳанд. Чӣ илоҷ, чун мехоҳем, ки дар субот ва амният зиндагӣ кунем...
риояти қонуният дар масоҷид намуда, доир ба беҳдошти авзои санитарии он тадбирҳо меандешад.

"ХУДО МЕДОНАД, КИ КӢ БА Ӯ
НАЗДИКТАР АСТ..."


Озодӣ: Бархеҳо мегӯянд, ки баъд аз омадани Абдураҳим Холиқов ва чандеи дигар дар масъулиятҳои масоили вобаста ба дин муносибати давлат бо дин сард шуд, масҷидҳои зиёд баста шуданд ва мисле, ки шумо рӯҳияи хуб ва хуш бо дин ва мазҳаб надоред?

Абдураҳим Холиқов: Дар Тоҷикистон дар давоми як соли фаъолияти Кумитаи оид ба корҳои дин фаъолияти ягон иттиҳодияи динӣ, аз ҷумла масҷид баста нашудааст. Тариқи бастани масҷид тавассути моддаи 32-и қонуни озодии виҷдон муайян шудааст. Ин баҳс аз тариқи додгоҳ бо пешниҳоди прокурор ва ё мақоми ваколатдор баррасӣ мешавад. Боз ҳам такрор шавад, мегӯям, ки то имрӯз Кумита ягон масҷидро набастааст. Аммо ин ҷо бояд як муамморо тамиз кард. Ҷойҳое, ки аз сӯи як иддаи мардум худсарона барои ибодати дастаҷамъӣ тасарруф шудаанд: масалан, майдончаи бозии кӯдакон ва ё ҷойи ҷамъиятӣ; масалан чойхонае, ки мардум маъракаашро баргузор мекунад, ё замини иншооти дигар ташкилот, ки ғариқонунӣ тасарруф шудааст. Дар сурати аз ҷониби мақомоти дахлдори шаҳру ноҳияҳо барои таъйиноти қонунӣ гирифтани ин заминҳо, вазъиятро дуруст ҳазм накарда иддае мегӯянд, ки масҷид маҳкам шуд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари чунин ҷойҳоро худи муассисонашон ғайриқонунӣ роҳандозӣ карда, имрӯз дигаронро гунаҳкор мекунанд. Ин, албатта, фикри нодуруст аст. Ин дурӯғе аст, ки ба Кумита мебанданд.

Дигар масъала он аст, ки мо риояи қонунро аз иттиҳодияҳои динӣ талаб мекунем, ин вазифаи мо аст. Аммо иддае инро намехоҳанд. Чӣ илоҷ, чун мехоҳем, ки дар субот ва амният зиндагӣ кунем пас бояд рафтори қонунӣ намуда аз назорати риояи қонун дилатнг ва норозӣ нашавем. Қонуни давлат ҳамчун низоми аз манфиати умум тарҳерезӣ шуда бояд барои ҳама афрод ва иттиҳодияҳо муқаддас бошад.

Ман рӯҳияи хуб ва нек бо дин доштам, дорам ва оянда низ чун як мусулмони оддӣ хоҳам дошт, вале ҳамчун Раиси Кумита эътиқоди ман ба манфиатҳои давлат ва қонунҳои кишварам, ки аз манфиати кулли мардуми Тоҷикистон маншаъ мегирад, набояд мухолифат кунад. Худованд худаш медонад, ки кӣ ба ӯ наздиктару кӣ дуртар аст.

ИМКОНИЯТИ ТАҲСИЛ ДАР МАДРАСАҲО ҲАСТ?

Озодӣ: То ҷое огоҳ ҳастем барои ворид кардани ислоҳот ба Қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ пешниҳодҳое сурат гирифтааст, ки бар асоси он танҳо он ҷавононе бояд дар хориҷа таҳсили исломӣ бикунанд, ки маълумоти аввалияи диниро дар дохил гирифта бошанд. Оё чунин имконият дар дохили кишвар мавҷуд аст?

Абдураҳим Холиқов: Дар Тоҷикистон имрӯз тамоми шароит мавҷуд ҳаст, ки ҷавонони тоҷик маълумоти ибтидоии диниро дар ватани худ бигиранд. Як Донишкадаи исломӣ, 19 мадраса, 2 мактаби динӣ дунявӣ дар хизмати онҳост.

Муаррифии раҳбари Кумитаи дин

Абдураҳим Холиқов, раиси Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати Тоҷикистон, дастпарвари факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст.

Соли 1997 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Ҳадис ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқи исломӣ” (равияи суннӣ), соли 2004 рисолаи докториро бо ихтисоси назария ва таърихи ҳуқуқ ва давлат дар шаҳри Маскав дифоъ карда, соҳиби унвони доктори улуми ҳуқуқшиносӣ ва профессорӣ мешавад.

То он ки ба дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ барои кор ҷалб шавад, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, риштаи ҳуқуқ, ба шогирдон сабақ медодааст. Бо саъю талоши ӯ дар ин факулта кафедраи ҳуқуқи инсон ташкил мешавад. Аз соли 2007 то соли 2010 сардори раёсати танзими анъана дар дастгоҳи раисҷумҳур, сипас мудири шӯъбаи кафолатҳои конститутсионӣ ва алъон ба ҳайси раиси Кумитаи дин фаъолият мекунад.

Оиладор, соҳиби шаш фарзанд аст.
XS
SM
MD
LG