Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фазои динии кишварро нигаронкунанда хондааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолону рӯҳониён ҳолати рушди фазои эътиқоди динӣ дар кишварро нигаронкунанда арзёбӣ кард ва гуфт, ки "ифротгароӣ ва таассубу хурофот, коштани тухми кинаву адовати диниву мазҳабӣ, маргталабиҳои динӣ, сӯиистифодаи ислом бо ғаразҳои сиёсии гурӯҳиву шахсӣ ва дигар аъмоли номатлуб, ки имрӯзҳо ба тамоюли хатарнок табдил ёфта истодаанд, моро водор месозанд, ки дар ин самт тадбирҳои қатъӣ андешем."

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар соли 2012 ва панҷ моҳи соли ҷорӣ 50 ҳоҷӣ даст ба ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла таҷовузи ноболиғон, қочоқи маводи мухаддир, дуздӣ, қаллобӣ ва ғайра задаанд. Вай афзуд, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 32 ҳодисаи ифротгароиву террористӣ сабт шудааст ва имрӯз зиёда аз 80 оилаи тоҷик дар минтақаи Вазиристони Покистон қарор доранд.




Эмомалӣ Раҳмон гуфт, "имрӯз бо 4 ҳазор масҷиду 6 мадраса, як гимназияву як донишкадаи исломӣ, беш аз 7 ҳазор нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти динии дохиливу хориҷӣ ва 200 ҳазор нафар ҳоҷӣ, дар ҷомеа хурофотпарастӣ ва ифротгароиву таассуб афзуда истодааст ва ҳатто зуҳуроти бисёр хатарноки терроризм ба қайд гирифта шудааст."

Ҳамчунин ба гуфтаи оқои Раҳмон, беш аз аз 80 оила аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаи Вазиристони Покистон қарор доштаанд, ки мақсади ба он ҷо рафтани одамон маълум аст. Ба иттилоъи раисиҷумҳу,р дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 32 ҳодисаи ифротгароиву террористӣ ба қайд гирифта шудааст.



Раисиҷумҳур аз раванди ба хориҷа фиристода шудани ҷавонони Тоҷикистон барои таҳсил дар мактабҳои динӣ изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ки ин раванд паёмадҳои номатлубе дар заминаи ифротагароӣ ва амалҳои террористӣ дар пай доштааст.

Ҷаноби Раҳмон ба ҳифзи арзишҳои дини мубини ислом, ба хусус мазҳаби ҳанафӣ таъкид карда ва гуфт, ки "мутаассифона, баъзе гурӯҳҳо ва доираҳо ин сиёсати давлати моро дуруст дарк накарда, мехоҳанд фарҳанги бой ва рангоранги гузаштаву имрӯзаи халқи моро дар чорчӯбаи арзишҳои динӣ маҳдуд созанд ё онро бо арзишҳои эътиқодӣ комилан муқобил гузоранд, ки ин иштибоҳи маҳз аст."

Раисиҷумҳури Тоҷикистон эҳтироми худро ба ҳама адён баён кард, вале гуфт, ки "ба хотири таъмини амният ва оромиву суботи ҷомеа, пеши роҳи ҳама гуна ҷудоиандозиву тафриқаангезиро қотеъона хоҳад гирифт."

ҲОҶӢ МИРЗО: «ТАЪРИФИ БИСЁР ЧӢ ДАРКОР?»

Ҳоҷӣ Мирзо, яке аз рӯҳониёни маъруфи Тоҷикистон мегӯяд, бархе рӯҳониён дар мулоқот бо президент ба ҷои матраҳ кардани масъалаҳои муҳим ба таърифи беҳуда даст заданд. Вай афзуд, ҳатто Пайғамбари Худо (с) фармудаанд, ба даҳону рӯи шахсе, ки дар рӯи кас таъриф мекунад, хок бипошед: «Масъалаҳои хеле ҷиддӣ зиёд буданд, ки мутаассифона, фурсат нашуд ман дар ҷаласа матраҳ кунам. Мисоли оддӣ, танзими расму оинҳо. Қонуни хуб, аммо аслан риоя намешавад. Боз мисли гузашта харҷи зиёд асту сарфакорӣ нест."

Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Мирзо, "масоили муҳимтар аз ин, ки бояд матраҳ мешуданд, ваҳдати уламои исломии Тоҷикистон дар атрофи мазҳаби Имом Абӯҳанифа (раҳматуллоҳи алайҳ) аст. Худи президент гуфтанд, ки таъриф накунед, аммо боз корашонро карданд.»

ПОСУХИ ҲНИТ БА ИДДАОИ БАРХЕ АЗ ИМОМХАТИБОН

Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон бархе аз имомхатибҳо хостори бастани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шуданд ва гуфтаанд, ки ислом ба ҳизб ниёз надорад. Онҳо пешниҳод карданд, ки агар ин ҳизб ба фаъолияти худ идома бидиҳад, бигузор аз номи он калимаи ислом бардошта шавад. Ба қавле, раисҷумҳур ҳам гуфтааст, ки ин мавзӯъро мутахассисон меомӯзанд.

Аммо Зубайдуллоҳи Розиқ, узви аршади ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Озодӣ иддаои ин имомхатибҳо дар мавриди аз номи ҳизб ҳазф кардани калимаи «ислом»-ро ихтилофангезии як зумра рӯҳониёни наздик ба давлат арзёбӣ намуда гуфт, ки баъзе нерӯҳое ҳастанд, ки қасдан онҳоро «роҳнамоӣ» мекунанд. Ӯ афзуд, ин иддао бо «роҳнамоӣ» аз ҷое ба имомхатибон таҳмил шудааст: «Нерӯҳое аз қабл фармоиш додаанд, чун ҳамаи онҳое, ки сӯҳбат карданд, қаблан матни гуфторашонро дастрас кардаанд. ҲНИТ расман дар вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шудааст. Ҷаноби президент ҳам ба ин иҷоза додааст. Бечора домуллоҳои мо хушомад карданро ҳам намедонанд.»

Ба гуфтаи Зубайдуллоҳи Розиқ, фаъолият накардин як ҳизби мазҳабӣ ва қатъ кардани фаъолияти он баръакс обрӯи Тоҷикистонро дар миқёси байналмиалӣӣ хатшадор месозад.

Мулоқот дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе ҳудуди 4 соат идома кард ва ба қавли яке аз ширкаткунандагон, танҳо суханронии раисиҷумҳур 2 соату 40 дақиқа идома ёфт. Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот ба вазорати молия дастур додааст, ки дар якҷоягӣ бо Кумитаи дин ва Шӯрои уламо тарҳи таъмини маоши имомхатибҳор омода намуда ва ба ҳукумат пешниҳод кунанд.

Дар ин мулоқот ҳудуди 1400 раҳбари ҷамоатҳову навоҳӣ ва рӯҳониён аз гӯшаву канори Тоҷикистон ҷамъ омада буданд.Кумитаи дин мегӯяд, ин нахустин дидори президент бо рӯҳониҳо набуд, балки чунин мулоқотҳо солҳои 1999, 2006 ва дар соли 2009, ки дар Тоҷикистон Соли Имоми Аъзам эълон шуда буд, низ доир шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG