Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Убайдуллоев: "Хостам, истеъфо диҳам, президент қабул накард"


Муҳаммадсаид Убайдуллоев ва Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи бинои "Душанбе-Плаза" дар пойтахт. Акс аз бойгонӣ

Муҳаммадсаид Убайдуллоев ва Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи бинои "Душанбе-Плаза" дар пойтахт. Акс аз бойгонӣ

Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар ҳузури вакилони Маҷлиси шаҳри Душанбе гуфтааст, агарчӣ мехост аз мақомаш канор раваду даврони бознишастагӣ ронад, вале раисиҷумҳур ризоят надодааст.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, раиси маҷлиси вакилони халқи пойтахт интихоб шуда, номзадияш барои узвият дар Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон низ пешниҳод шудааст. Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, "вакилон аз номзадии Убайдуллоев якдилона тарафдорӣ карданд."

Интихоботи Маҷлиси миллӣ бар асоси фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон 27 марти соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. Ин палатаи парлумони кишвар аз 33 курсӣ иборат аст, ки аз он 25 нафар тариқи интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб шуда, 8 нафари дигар бо фармони раисиҷумҳур таъин мегарданд.

Вале як манбаъ бидуни он ки номаш фош шавад, гуфт, дар ин иҷлосия Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар бораи қасдаш барои канор рафтан аз мақоми шаҳрдори Душанбе ва даврони бознишастагияш ҳам сӯҳбат кардааст. Вай гуфтааст, бо расидан ба синни 63 қасд дошт аз мақомаш истеъфо диҳад, вале ба қавли ӯ, раисиҷумҳур ин пешниҳодро напазируфтааст.

Шаҳрдори Душанбе дар ҳузури вакилони тозаинтихоби Маҷлиси вакилони халқи пойтахт гуфтааст, "раисиҷумҳур гуфтанд, ҳоло вақти бознишастагӣ нест, Шумо бояд кор кунед." Бино ба қавли манбаъ, Муҳаммадсаид Убайдуллоев изҳор доштааст, акнун тими худро дар ҳукумати шаҳр дигар мекунад ва дар наздиктарин фурсат рӯйхати онҳоро низ пешниҳод хоҳад кард.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев яке аз шахсиятҳои муҳим дар арсаи сиёсии Тоҷикистон ба шумор рафта, тайи қариб ду даҳаи охир ҳам аз лиҳози нуфуз ва аз нигоҳи мақом раҳбари дуюми кишвар ба шумор меравад.

Бардоштҳо дар бораи тарзи раҳбарӣ ва мероси инак беш аз 18 соли шаҳрдории ӯ бар пойтахти Тоҷикистон яксон нест. Ҳаводоронаш ӯро як менеҷери сахтгир, серталаб, кордон ва ҳатто коркушта ба қалам медиҳанд, ки ҳеҷ гоҳ аз кор хаста намешавад. Мухолифонаш мегӯянд, ки дар асри 21 ҳамчунон бо шеваҳои сталинӣ раҳбарӣ мекунад.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев 1 феврали соли 1952 дар рустои Кирови ноҳияи Фархор ба дунё омада, аз камшумор намояндагони ҳукумати имрӯза аст, ки дар аҳди Шӯравӣ берун аз Тоҷикистон мактаби олӣ хондаааст. Убайдуллоев соли 1974 донишкадаи политехникии шаҳри Харкови Украина ва соли 1985 мактаби олии ҳизби коммунистро дар шаҳри Тошканд хатм кардааст. Баъди чанд соли кор дар ниҳодҳои вилояти Кӯлоб, Убайдуллоев ду сол - солҳои 1985-1986 – вақте ҳамагӣ 33 сол дошт, муовини раиси Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон шуд, вале сипас боз ба Кӯлоб баргашт.

То соли 1990 раиси Кумитаи омори ин вилоят ва сипас муовини раиси кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб буд. Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон, ки дар поёни соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Хуҷанд доир шуд ва Эмомалӣ Раҳмонро ба қудрат расонд, Муҳаммадсаид Убайдуллоев муовини сарвазир ва масъули вазоратхонаҳои қудратӣ таъин шуд. Ӯ он вақт ҳамагӣ 40 сол дошт.

Соли 1994 Муҳаммадсаид Убайдуллоев ба мақоми муовини якуми сарвазир расид, вале соли 1996, дар пайи нахустин исёни нирӯҳои сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиев бо талаби ошӯбгарон, ки дар ағбаи Фахробод сангар гирифта, таҳдиди ҳамла ба Душанберо доштан, Убайдуллоевро аз мақом барканор карданд. Аммо ҳамагӣ баъди чанд моҳ ба ҷои Юрий Поносов шаҳрдори Душанбе интисоб шуд. Убайдуллоев баъди таъсиси маҷлиси болоии порлумон дар апрели соли 2000 раиси Маҷлиси миллӣ низ интихоб шуд ва инак 15 сол боз ин дувумин мақом дар сохтори давлатдории Тоҷикистонро дар даст дорад.

Муҳаммадсаид Убайдуллоев 3 фарзанд – ду писар ва як духтар – дорад. Писари калониаш –Ҷамолиддин Убайдуллоев – 35 сол дошта, раҳбари раёсати равобит бо Аврупо ва Амрико дар вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аст. Амирҷон Убайдуллоеви 33-сола як сол пеш баъди чанд соли кор дар мақоми намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул аз Вошингтон ба Душанбе баргашт ва муовини сардори раёсати молияии дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон таъин шуд. Духтари шаҳрдори Душанбе Нигина Убайдуллоева 26 сол дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG