Пайвандҳои дастрасӣ

Асадулло Раҳмон: "Бо шаҳрдори Душанбе ғаразе надорем"


Бинои шаҳрдории Душанбе.

Бинои шаҳрдории Душанбе.

Раиси Кумитаи радио ва телевизион иддаои бархе аз коршиносон дар мавриди "маъракаи густурдаи сиёҳкунии телевизионҳои давлатӣ алайҳи шаҳрдори Душанбе"-ро беасос шуморид.

Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, ки рӯзи 9 январ дар нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард, дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар робита ба иддаоҳо роҷеъ ба "маъракаи густурдаи сиёҳкунии телевизионҳои давлатӣ алайҳи шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев" гуфт, "ин иддаоҳо беасос аст ва ҳеҷ ғаразе дар барномаҳои танқидӣ вуҷуд надорад."

Вай афзуд: «Чанд бор хостанд, барои маводи танқидӣ моро ба суд диҳанд. Аммо маводи таҳиякардаи телевизион дар асоси далел пешниҳод шуда буд. Ин ҷо ғаразу супорише нест, ҳар кас чӣ фикре дорад ба виҷдонаш ҳавола. Мо гуфтани мушкилоту проблемаҳоро идома хоҳем дод. Хабарнигорҳои мо мехоҳанд, пойтахтро намуна бинанд ва мушкилоту камбудиҳоро ба раисони ноҳияҳо ва шаҳрдор бирасонанд.”

Асадулло Раҳмон

Асадулло Раҳмон

Асадулло Раҳмон дар идомаи ин масъала гуфт, ки хабарнигорон вазоифи ҳирфаии худро анҷом медиҳанд ва бо дидани камбудиҳо, гузориш таҳия мекунанд ва дар ин ҷо ҳеҷ ғаразе нест. Вале ӯ илова намуд, ки ба сабаби кам будани гузоришгарон дар минтақаҳо, пойтахти кишвар нисбатан бештар мавриди гузоришу баррасӣ қарор меёбад.

Ӯ аз чанд гузориши телевизионҳои давлатӣ дар мавриди камбуд дар кори мақомоти шаҳрдорӣ ёдовар шуд. Вай аз ҷумла гуфт, ҳарчанд Маҷмааи тиҷоратии “Пойтахт-90” бо ҳузури раиси ҷумҳур ифтитоҳ ёфт, аммо то ба ҳол фаъол нест. Ҳоло он ки дар сурати фаъол будан, дар ин макон то 1500 нафар тоҷир соҳиби кор мешуд.

Ӯ ҳамчунин аз мумфарш нашудани бархе аз кӯчаҳои пойтахт ёд кард ва танзомез гуфт, ки то ба мошини хизматиаш савор шудан, ӯ ба ду "кӯлмаки об" дучор мешавад. Асадулло Раҳмон афзуд, бархе аз роҳҳои минтақаҳои Тоҷикистон аз кӯчаҳои пойтахт дида вазъи беҳтар доранд. Бо ёдоварӣ аз ин нуктаҳо, Асадулло Раҳмон гуфт, беғаразии онҳоро мурофиаҳои додгоҳӣ низ бо шаҳрдории Душанбе собит кард.

Асадулло Раҳмон, аз хабарнигорон расонаҳои мустақил дар толор ҳузурдошта суол кард, ки чаро дар мавриди камбудиҳои кори мақомоти пойтахи кишвар камтар менависанд ва аз танқиди шаҳрдорӣ худдорӣ меварзанд. Ӯ пас аз як каме сукут гуфт, ки вай медонад, ки чаро расонаҳои мустақил аз танқиди шаҳрдорӣ худдорӣ меварзанд, аммо ба таври рӯшан нагуфт, ки манзураш чист.

Бо дарки маъниҳои пинҳони ишораи ҷаноби Раҳмон хабарнигорони расонаҳои мустақил мегӯянд, аз танқиди мақомоти пойтахт ва аз ҷумла раиси он Маҳмадсаид Убайдуллоев худдорӣ накардаанд.

Ҷамила Ҳусейнова, хабарнигори нашрияи “Вечерний Душанбе” дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт: “Расонаҳои мустақил ҳамеша дар мавриди камбуду проблемаҳои шаҳр менависанд. Хосатан нашрияи мо дар мавриди ҳама гуна мушкилот, нақлиёт, обрасонӣ, вазъи роҳҳо ҳамеша мавод таҳия мекунад. Чанде аз рӯзноманигорон, Раҷаби Мирзо, Парвона Аҳрорӣ, Зафар Абдуллоев, Гулнора Амиршоева дар ҷаласаҳои рӯзи душанбеи шаҳрдорӣ ширкат мекунад ва ҳар мушкилоте, ки бошад, рӯирост мегӯянд.”

Дар ҳамин ҳол, на сухангӯи шаҳрдори Душанбе Шавкат Саидов ва на дигар мақомоти зирабти пойтахт ҳозир нашуданд, дар мавриди гузоришҳои пайдарпайи интиқодии телевизионҳои давлатӣ аз корашон изҳори назар кунанд. Аммо, иддае аз коршиносон бар инанд, ки дар шароити кунунии Тоҷикистон, телевизионҳои давлатӣ, аз ҷумла барномаи “Ахбор”-и Шабакаи аввал наметавонанд бо ибтикори хеш ва бидуни “ишора” танҳо бо истифода аз озодии баён камбудиҳои пойтахтро ба намоиш гузорад.

Саймиддин Дӯстов

Саймиддин Дӯстов

Саймиддин Дӯстов, роҳбари маркази таҳлилии “Индем” дар ин робита мегӯяд: "Воқеан шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ алайҳи шаҳрдории Душанбе маъракаи густурдаи иттилоотиро ба роҳ мондаанд. Ҳарчанд раиси Кумитаи телевизион инро рад мекунад, аммо амалҳо аз ҳамин гуна маърака гувоҳӣ медиҳанд. Дар шароити Тоҷикистон ҳамин гуна муносибат бе мувофиқа бо мақомоти болоӣ ғайри имкон аст."

Телевизионҳои давлатӣ, хусусан Шабакаи аввал вақтҳои охир дар мавриди таъминоти аҳолӣ бо барқ, вазъи бади партовгоҳҳо, кор накардани корхонаҳои тозатаъсис паёпай гузоришҳои интиқодӣ пахш кард, ки бархе аз онҳо ба нуктагирӣ аз иллатҳои ҷузъӣ монандӣ доранд. Дар ҳамин ҳол, Шабакаҳои барқдиҳии шаҳри Душанбе як гузориши Шабакаи аввали телевизиони давлатиро бепоя хонда, аз болои хабарнигорон ба додситонии Душанбе шикоят бурдаанд.

“Шабакаи аввал”- и телевизиони давлатии Тоҷикистон дар қиёс бо “Сафина”, ки фарҳангӣ ва “Баҳористон”-телевизион барои бачагон ва наврасон аз муҳимтарин минбарҳои таблиғотии ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG