Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: Зиёфати Убайдуллоев ба ҳамсолони Душанбе


Аз тамоми ҳамсолони Душанбе, ки теъдодашон ба 84 мерасад, қадрдонӣ шудааст. Шаҳрдорӣ мегӯяд, барои 90-солаҳои пойтахт зиёфат ороста, барои ҳарк адоми онҳо 1000 сомонӣ ҳам додааст.

Маҳмадсаид Убайдуллоев – шаҳрдори Душанбе аз тамоми сокинони 90-солаи пойтахт, ки теъдодашон ба 84 мерасад, қадрдонӣ кардааст. Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе, гуфт, аммо аз ин теъдод ҳамсолони пойтахт танҳо чаҳор нафарашон мадори роҳгардӣ дошта, ба зиёфате, ки рӯзи 17 октябр ороста шуд, омадаанду бас. “Барои аёдат ва қадрдонии 90-солаҳои дигар худи масъулон рафта буданд. Барои ҳар кадом аз онҳо ба миқдори 1000 сомонӣ кумакпулии яквақта дода шуд”,-гуфт Саидов.

Сухангӯи шаҳрдори Душанбе афзуд, дар баробари 90-солаҳои пойтахт, инчунин, аз 64 масъули собиқи шаҳрдорӣ ва ноҳияҳои Душанбе ҳам қадрдонӣ шудааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар маҳфили қадрдонӣ аз навадсолаҳо ва масъулони собиқи шаҳрдории Душанбе ҳузур дошт, мегӯяд, тамоми меҳмононро худи Маҳмадсаид Убайдуллоев пазироӣ карда, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом додааст.

Шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон бо изҳори сипос аз онҳо барои ободии пойтахт гуфтааст, онҳо ба "потенсиал"-и шахсони рӯзгордида ниёз доранд ва дар мавориди зарурӣ аз маслиҳатҳои онҳо кор мегиранд. Оқои Убайдуллоев ба вижа аз зарфияти ин афроди рӯзгордида дар таълиму тарбияи насли ҷавон таъкид кардааст.

XS
SM
MD
LG