Пайвандҳои дастрасӣ

Посухи ҳукумати Душанбе ба Асадулло Раҳмон


Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти хабарии 9 январи 2015

Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти хабарии 9 январи 2015

Шаҳрдории Душанбе бо пахши изҳороте ҳарфҳои Асадулло Раҳмонро "хандаовар" номид. Раиси Кумитаи телевизион ва радио 5 рӯз пеш гуфта буд, беғаразии онҳоро додгоҳ собит намудааст.

Шаҳрдории Душанбе бо нашри изҳороте ба муқобили ҳарфҳои Асадулло Раҳмон – раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон, ки гуфт, тамоми интиқоди ТВ-ҳои давлатӣ аз кори шаҳрдорӣ бидуни ғараз буданд, посух додааст. Дар ин изҳорот, ки рӯзи 14 январи соли ҷорӣ дар сайти шаҳрдорӣ зери унвони "Рост гуфтан хуб аст" чоп шуд, гуфта шудааст, онҳо тарафдори ҳама гуна танқид ҳастанд, агар он асос дошта бошад.

Мақомоти ҳукумати Душанбе мегӯянд, ин посухро дар асоси амри раиси ҷумҳур дар бораи вокуниши мақомдорон ва ҷилавгирӣ "аз махлутсозии фазои иттилоотии кишвар" навиштаанд.

“Шаҳрдорӣ ҳамеша ҷонибдори воқеиятнигорӣ ва эроду танқидҳои созанда, ки беғараз, дар заминаи касбият бо таҳлилҳои амиқу бозгӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидаанд, ҳаст ва хоҳад монд. Аммо дар дигар ҳолат, табиатан, ҳарзагӯиҳоро ба ҳеч ваҷҳ қабул надорад”,-таъкид шудааст дар ин изҳорот.

Бинои ҳукумати Душанбе

Бинои ҳукумати Душанбе

​Шаҳрдорӣ ҳарфҳои Асадулло Раҳмонро, ки дар нишасти хабарии рӯзи 9 январаш гуфта буд, “беғаразии моро мурофиаҳои додгоҳӣ низ бо шаҳрдории Душанбе собит кард”, хандаовар хондааст. Дар ҳоле ки ба қавли мақомоти пойтахт, тобистони соли 2012 дар пайи як баҳси додгоҳӣ Кумитаи телевизион ва радио ва Шабакаи аввали Тоҷикистон муваззаф шуда будаанд, барои "гузориши нодуруст" аз шаҳрдории Душанбе расман узр пурсанд.

Шаҳрдорӣ мегӯяд, то кунун Кумитаи телевизион ва радио ва Шабакаи аввали Тоҷикистон ин қарори додгоҳро ба иҷро нарасондаанд ва дар идома таъкид кардааст, "инро ба виҷдону имони раиси Кумитаи радио ва телевизион вогузор месозад”.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, тамоми гузориши онҳо дар бораи баъзе камбудҳои пойтахт на аз рӯи ғараз, балки барои ислоҳи вазъ будааст. Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи телевизион ва радио дар нишасти хабарии 9 январ дар Душанбе гуфт, иддао роҷеъ ба "маъракаи густурдаи сиёҳкунии телевизионҳои давлатӣ алайҳи шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев" асос надоранд.

Вай дар робита ба ин масъала афзуд, “ин ҷо ғаразу супорише нест, ҳар кас чӣ фикре дорад ба виҷдонаш ҳавола. Мо гуфтани мушкилоту проблемаҳоро идома хоҳем дод. Хабарнигорҳои мо мехоҳанд, пойтахтро намуна бинанд ва мушкилоту камбудҳоро ба раисони ноҳияҳо ва шаҳрдор бирасонанд.”

Телевизионҳои давлатӣ, хусусан Шабакаи аввали Тоҷикистон, вақтҳои охир дар мавриди таъминоти аҳолӣ бо барқ, вазъи бади партовгоҳҳо, кор накардани корхонаву бозорҳои тозатаъсис гузориши интиқодӣ пахш карданд, ки бархе аз онҳо ба нуктагирӣ аз иллатҳои ҷузъӣ монандӣ доранд. Дар ҳамин ҳол, Шабакаҳои барқдиҳии шаҳри Душанбе як гузориши Шабакаи аввали телевизиони давлатиро бепоя хонда, аз болои хабарнигорон ба додситонии Душанбе шикоят бурдаанд.

“Шабакаи аввал”- и телевизиони давлатии Тоҷикистон дар қиёс бо “Сафина”, ки фарҳангӣ ва “Баҳористон”-телевизион барои бачагон ва наврасон аз муҳимтарин минбарҳои таблиғотии ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG