Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зоиров: Ман аз масъулони зиндон узр нахостаам


Раҳматуллоҳ Зоиров
Раҳматуллоҳ Зоиров

Мақомот мегӯянд, раиси ҳизби сотсиал-демократ барои "дурӯғ"-и гуфтааш аз онҳо узр хост. Раҳматуллоҳ Зоиров мегӯяд, ки ин иддао ягон асос надорад.

Раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматуллоҳ Зоиров хабари гӯё узр хостанаш аз мақомоти боздоштгоҳи рақами яки Душанбе ва колонияи якуми идораи зиндонҳои вазорати адлияро рад мекунад. Садриддин Шарипов, сардори муассисаи тафтишотии рақами 1-и идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 1 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Зоиров дар ҷараёни мурофиаи додгоҳии рӯзи 30 апрел аз онҳо барои «дурӯғ»-и гуфтаи худ узр хост.

Додгоҳи ноҳияи Cинои пойтахт рӯзи 30 апрел дар толори боздоштгоҳи рақами яки Душанбе ба баррасии даъвоҳои ҷамъшуда пиромуни маҳбуси зиндони якум Маҳмадраҳим Саидов шурӯъ кард.

Ба гуфтаи Садриддин Шарифов, раҳбари ҳизби сотсиал-демократ дар мурофиа барои ягон ҳарфи гуфтаи худ асосе пешниҳод карда натавонист: «Зоиров манбаъи худро ҳам ба додгоҳ гуфта натавонист ва барои ҳама собит шуд, ки ӯ дурӯғ мегӯяд ва чунин хабарро барои бадномсозӣ аз пеши худ бофтааст.»
Боздоштгоҳи рақами яки Душанбе
Боздоштгоҳи рақами яки Душанбе
Аммо Раҳматуллоҳ Зоиров мегӯяд, ки ӯ аз ягон боздоштгоҳ ё маҳбас узр напурсидааст: «Танҳо ягон 10 рӯз пеш, вақте даъвои ҷавобӣ овардам, дар ҳамон ҷо гуфтам ки «агар ман модари Маҳмадраҳим Саидов ба ҳаяҷон оварда бошам, аз ӯ узр мехоҳам. Аммо ман дар назди ин модар ягон гуноҳ надорам.» Ин гап дар аризаи ҷавобии ман гуфта шудааст. Дар ин даъво ҳамчунин гуфта мешавад, ки паҳн кардани ахбори бардурӯғ дар бораи марги маҳбус Саидов махсус аз ҷониби муассисаи ислоҳӣ ташкил шуда буд ва аз ин рӯ, онҳо бояд ҳамчун ташкилкунанда ба унвони ҳамҷавобгар низ ба додгоҳ кашонда шаванд.»

Моҳи феврал Раҳматулло Зоиров дар сафҳааш дар Фейсбук аз марги Маҳмадраҳим Саидов, як маҳбуси маҳбасхонаи рақами 1 хабар нашр карда буд, вале баъдан наздикони ин маҳбус даъво карданд, ки фарзанди онҳо зинда аст ва раҳбари ҳизб бо нашри ин хабар онҳоро ба таҳлука андохтааст. Зоиров он замон мегуфт, ки ин хабарро аз як манбаъи боэътимод дастрас кардааст.

Модари ин маҳбус ҳоло аз Раҳматуллоҳ Зоиров барои пахши ахбори бардурӯғ дар бораи дар маҳбас ҳалок шудани фарзанди ӯ 11 500 сомонӣ товон мехоҳад. Мавлудхон Салихов, вакили дифоъи наздикони ин маҳбус мегӯяд, исбот шуд, ки маҳбус зинда аст ва хабари паҳнкардаи Раҳматулло Зоиров ягон асос надорад.

Раҳматуллоҳ Зоиров ба навбаи худ дар як даъвои ҷавобӣ аз додгоҳ хостааст, то ду муасиссаи ислоҳӣ – боздоштгоҳи рақами 9/1 ва колонияи рақами 3/ 1-ро ҳамччун сарчашмаи аслии хабари марги ин маҳбус ба ҳайси ҳамҷавобгар низ ба масъулият бикашонанд. Оқои Зоиров ба Озодӣ гуфт, ки розӣ ҳаст, то аз ҳар кадоми ин се ҷониб 10 000 сомонӣ ба фоидаи хонаводаи маҳбус бирӯёнанд. Аммо раҳбарони ин ду муассиса даъвои севумро дар миён андохта, ба сурати инфиродӣ аз Зоиров талаби 200 000 сомонӣ товони дигар кардаанд.

Ба гуфтаи Зоиров, ин мурофиа баъд аз зӯҳри 2 май бо шунидани шоҳидон давом хоҳад ёфт. Аммо ба бовари ӯ, ангезаҳои сиёсӣ ва ҳам дасти мақомот дар ин парванда хеле рӯшан аст. Ба гуфтаи ӯ, ин як тарҳи махсус аст барои бадном кардани як раҳбари мухолифон. Мунтақидони давлат низ ин қазияро идомаи маъракаҳои бадном ва саркӯб кардани дигарандешон аз сӯи мақомоти кунунии Тоҷикистон медонанд.
"Ҳамла"-и занон ба дафтари Зоиров. 13 декабри соли 2013
"Ҳамла"-и занон ба дафтари Зоиров. 13 декабри соли 2013
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон яке аз ташаккулҳои умдаи мухолифони дунявии ҳукумати кунунӣ ба шумор меравад ва асосан ҳуқуқдонҳои маъруфро муттаҳид кардааст. Ин ҳизб соли 1999 ибтидо бо номи ҳизби адолат ва тараққиёт сабт шуда, соли 2002 ба ҳизби сотсиал-демократ табдили ном кард. Шумори аъзои ҳизб дақиқ нест, вале дар солҳои гузашта теъдоди онҳо то 7000 нафар гуфта мешуд.

Аммо дар 15 соли фаъолият ягон намояндаи ҳизби сотсиал-демократ ба курсии вакилии порлумон даст наёфта, талошҳояш барои пешбарии номзад дар интихоботҳои раёсатҷумҳурии Тоҷикистон низ то кунун натиҷа надодаанд. Раҳбарони ҳизби сотсиал-демократ инро ба камбуди демократия дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла дар интихоботҳояш рабт медиҳанд.

Даъвоҳои додгоҳӣ алайҳи раиси ҳизб Раҳматуллоҳ Зоиров дар ҳолест, ки масъулони ин созмони сиёсӣ аз афзоиши таъқибу фишору аъзо ва ҳаводоронаш дар солҳои охир шикоят мекунанд.

Дар моҳҳои декабр ва феврал ду дафъа гурӯҳи афрод - як бор гурӯҳи занҳо ва бори дувуми чанд марде ки худро тоҷирони бозори «Султони Кабир» номиданд, бо нидоҳои «Шумо тинҷиро намехоҳед, мо тинҷиро мехоҳем!» ва «Монед, ки президент Эмомалӣ Раҳмон оромона кор кунад!» ба қароргоҳи марказии ин ҳизб дар шаҳри Душанбе ҳамла карданд. Сотсиал-демократҳо ҳарду ҳамларо махсус ташкилшуда меноманд ва мегӯянд, вагарна ошкор кардану ҷазо додани ин афрод барои мақомот "ду карат ду" буд.

Ба назар мерасад, ки дар чанд вақти охир, хусусан ҳудуди як соли ахир дар Тоҷикистон ба баҳсҳои додгоҳӣ кашидани шахсиятҳои шинохтаи сиёсӣ ва хусусан онҳое, ки аз ҳукумати кишвар интиқод мекунанд бештар мешавад. Инро метавон дар мисоли Раҳматулло Зоиров ва Муҳиддин Кабирӣ унвон кард.

Суоли матраҳ ин аст, ки ба баҳсҳои додгоҳӣ кашидани чеҳраҳои сиёсӣ сирф масъалаи ҳуқуқӣ аст ва ё бо ин роҳ мақомот мехоҳад таваҷҷуҳи онҳоро аз сиёсат канор карда ба масъалаҳои додгоҳӣ ва оилавӣ машғул созанд?

Парвиз Муллоҷонов
, таҳлилгари масоили сиёсӣ дар ин масъала мегӯяд, ки чеҳраҳои сиёсии мухолифини ҳукуматро ба додгоҳ кашидан, ҳарчанд ба фаъолдияти сиёсии онҳо таъсири манфии кам дорад, аммо метавонад фишори бузурги иқтисодӣ дошта бошад.

“Масъала ин аст, ки фаъолияти онҳо маҳдуд карда шавад, дар зери назорат қарор бигиранд, ин як фишор аст ба фаъолияти сиёсии онҳо. Маълум аст, ки бо ин роҳ аз сиёсат гурезондан хеле душвор аст. Барои он ки ҳам Кабирӣ ва ҳам Зоиров дар сиёсат ҳастанд. Албатта масъалаҳои додгоҳӣ ҳам характери сиёсӣ доранд.”

Парвиз Муллоҷонов, мегӯяд, ки ҳарчанд бо роҳи баҳсҳои догоҳӣ ва маҳдуд кардани сарчашмаҳои даромад ин шахсиятҳоро аз сиёсат дур кардан мушкил аст, аммо метавонад зарбаи сахте ба иқтисоди ҳам ҳизб ва ҳам шахс зананд.
XS
SM
MD
LG